Баррасии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Чин

Asia-Plus

Дар доираи сафари корӣ ба Чин ва дар ҳошияи иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқоти гарму самимӣ маҷмӯъи васеи масоили ҳамкорӣ ва нақшаву дурнамои муносибатҳои неки дӯстию ҳамҷаворӣ мавриди баррасии […]

Дар доираи сафари корӣ ба Чин ва дар ҳошияи иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқоти гарму самимӣ маҷмӯъи васеи масоили ҳамкорӣ ва нақшаву дурнамои муносибатҳои неки дӯстию ҳамҷаворӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот бо дӯсту бародар ва ҳамтои худ изҳори хушнудӣ карда, бо итминон иброз дошт, ки ҳар як вохӯрии сатҳи олӣ барои тавсеа ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳо байни кишварҳо саҳми назаррас мегузоранд.

Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо аз вазъи имрӯзаи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид шуд, ки муносибатҳо, ки бар анъанаҳои бою таърихӣ ва эҳтирому эътимоди байниҳамдигарӣ асос ёфтааст, омили муҳими ба сатҳи нави уфуқҳои рушди ҳамкорӣ баровардани робитаҳои ҳасана бар нафъи мардумони ду кишвар мебошад. 

Ҷонибҳо руйдодҳои муҳими сиёсии байни ду кишварро дар соли 2018 барои Тоҷикистону Ӯзбекистон таърихӣ номида, таъкид доштанд, ки мо бо талошҳои худ барои ҳамкории судманд дар ҳама соҳаҳо заминаи боэътимод фароҳам овардем. 

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин татбиқи санадҳои нави ба имзорасида ва фаъолияти пурсамари Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ махсус қайд карда шуд.

Дар семоҳаи аввали соли 2019 ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар ба 62 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд. Пешниҳод гардид, ки барои расидан ба ҳадафҳои нек корҳо дар самти диверсификатсияи молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ва фаъолгардонии тиҷорат идома дода шаванд. Ин имкон медиҳад, ки дар солҳои наздик ҳаҷми гардиши мол ба 500 миллион доллари америкоӣ расад.

Зимни мулоқот оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, амалӣ кардани барномаҳо оид ба сохтмони иншооти таъиноти иҷтимоӣ дар ҳудуди ҳар ду кишвар, инчунин ҷиҳати тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла баргузор кардани “Рӯзҳои фарҳанг” дар кишварҳо, таъмини шароити созгор барои рафтуомади шаҳрвандон, табодули андеша сурат гирифт.

Сарони давлатҳо дар рафти мулоқот оид ба дигар масаъалаҳои байналмилаию минтақавии мавриди таваҷҷуҳ гуфтугуйи судманд доир карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад