Мӯҳлати нигоҳдории қотили Ҳувайдоро дар беморхонаи рӯҳӣ тамдид карданд

Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Asia-Plus

Додгоҳи вилоятии шаҳри Маскав бо як қарори худ мӯҳлати нигоҳдории Александр Сёмин, қотили Ҳувайдо, тифли 5 солаи тоҷикро то феврали соли 2020 тамдид кард.

Дар ин бора Бахтовар Ҷумаев, тарҷумони падари Ҳувайдо дар мурофиаҳои судӣ дар саҳифаи Фейсбуки худ хабар дод. Бахтовар Ҷумаев дар сӯҳбат бо хабарнигори мо ин иттилоро шарҳ дода гуфт, ки қарори додгоҳи вилоятии шаҳри Маскав шоми дирӯз дар мурофиаи навбатӣ, ки тақрибан чор соат идома кард, ироа гардид.

Ҳувайдо Тиллозода, зодаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.

Муҳокимаи нахустини парвандаи қатли Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 23-юми август дар Додгоҳи вилояти Маскав бо дархости пайвандони Сёмин паси дарҳои баста танҳо бо иштироки падари Ҳувайдо ва вакили мудофеаш Дагир Ҳасавов баргузор гардида буд.

Пайвандони муттаҳам даъво бурданд, ки Абдусалом Саидов, сокини шаҳри Кӯлоб, гӯё падари биологии Ҳувайдо нест ва ҳаққи даъво аз номи ӯро надорад. Худи Абдусалом Саидов мегӯяд, падари биологии Ҳувайдо аст ва дар ин бора санад дорад.

Дар ҳамин ҳол ҳомиёни ҳуқуқи тоҷик аз қарори навбатии додгоҳ изҳори нигаронӣ намуда гуфтанд, ки пайвандон ва вакилони мудофеи ҷавобгар мехоҳанд раванди баррасии парвандаро дароз ва ҳамин тариқ Сёминро аз ҷавобгарӣ гурезонанд.

“Агар нафароне, ки ваъдаи назорат аз болои ин қазиро дода буданд беэътиноӣ зоҳир кунанд, парванда ба нафъи қотил анҷом меёбад изҳори нигарони кард Бахтовар  Ҷумаев. –

Даъвои пешовардаи пайвандон ва вакилони дифои муттаҳам оиди бемории руҳӣ будани Сёмин бисёр шакковар аст. Зеро Сёмин ҳуҷҷати ронандагӣ дошт ва тибқи қонунҳои Русия ба нафари бемори рӯҳӣ дошта чунин ҳуҷҷат намедиҳанд. Аз равиши кори вакилон ва пайвандони муттаҳам хулоса кардан мумкин аст, ки онҳо мехоҳанд муҳлати нигоҳдори уро тамдид ва дар марҳалаҳои баъди бо далели “беморӣ” аз ҷавобгари озод кунанд“

Қаблан вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба вазорати умури дохилии Русия барқия ирсол карда, таҳти назорати қатъӣ гирифтани рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ, сари вақт ошкор кардани ҷиноят ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорро тақозо карда буд.

Баррасии парвандаи қатли Ҳувайдо, тоҷикдухтари панҷсола аз ҷониби додгоҳи вилоятии шаҳри Маскав идома дорад ва фардо ҷузъиёти бештар аз рафти мурофиа нашр хоҳад ҳуд. 

Оставайтесь с нами в TelegramFacebookInstagram, Viber, Яндекс.ДзенOK и Google Новостях.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.