«Тоҷикстандарт» дар бозорҳо либоси мактабии пастсифат ошкор кард

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Дар ҷараёни рейди ғайринақшавии кормандони Агентии “Тоҷикстандарт” дар бозорҳои Душанбе беш аз 250 адад сарулибоси мактабие ошкор шуд, ки бе сертификати сифат ва мутобиқат фурӯхта мешуданд.

“Падару модарон ва дигар шаҳрвандон низ аз пастсифат будани мол, аз ҷумла сарулибоси мактабӣ ва дигар асбобу лавозимоти зарурии хониш шикоят карда, мо тасмим гирифтем, ки дар бозору фурӯшгоҳҳои ин навъи молу маҳсулот санҷиши ғайрнақшавӣ доир намоем”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз “Тоҷикстандарт”.

Бино ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни рейд ба ҷуз сарулибоси мактабӣ, ҳамчунин беш аз 7 ҳазор дона дафтар, 300 дона китобҳои дарсӣ ва дигар молҳо низ мусодира шудааст.

“Рейдҳо идома доранд. Мо аз фурӯшандагон сертификати мутобиқат мепурсем ва агар ӯ онро надошта бошад, пас молаш пастсифат ва тариқи қочоқ ворид шудааст. Ба гунаи мисол, зимни рейдҳо китобҳое мусодира шуданд, ки аз китоби асл нусхабардорӣ ва ба фурӯш гузоштаанд”, – гуфтанд дар Агентӣ.

Зимнан зикр шуд, ки нисбати фурӯшандагони қонуншикан мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чораҳо андешида шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.