Ҳалокати 2 нафар аз зарби корд тӯли як шабонарӯз

Date:

Кормандони милитсия 7-уми май ду шаҳрвандро ба гумони даст доштан дар куштори барқасдона боздошт карданд.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, сокини 17-солаи ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ дар саҳни ҳавлии истиқоматиашон бо модарандараш, зани 31-сола ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 1 маротиба ба пушташ задааст, ки аз ҷароҳати вазнини бардошта зан дар беморхона фавтидааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳукми 16 соли зиндон барои бо корд захмӣ кардани донишҷӯён

Дар ҳодисаи дигар ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Восеъ дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт бо марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хонақои шаҳри Ҳисор ҷанҷол карда, бо корд ба узвҳои баданаш якчанд маротиба зарба задааст. Ҷабрдида аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ҳалок шудааст.

Айни замон гумонбаршудагон дар боздоштгоҳ қарор дошта, аз рӯйи ин далелҳо тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...