Табибони вирусшиноси Ӯзбекистон ба Душанбе меоянд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо супориши президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз бо ҳавопаймои ҳарбии боркаши Вазорати мудофиаи ин кишвар кумаки башардӯстонаи навбатии мардуми ӯзбек ба Душанбе оварда мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе хабар дод, ҳавопаймои ҳарбии боркаш 10 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), маводи тиббӣ, хилъатҳои муҳофизати инфиродӣ, дастпӯшак ва респираторҳоро аз Тошканд ба Душанбе мерасонад.

Бо ҳамин ҳавопаймо 8 нафар табибони вирусшинос ва эпидемилог, ки дар мубориза бо коронавирус таҷрибаи ғанӣ доранд, ба Душанбе меоянд.

“Онҳо омодаанд, ки фавран ба кор дар беморхонаҳои аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зикршуда оғоз кунанд”, – гуфт манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5-уми май гуфтугӯи телефонии сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд. Зимни суҳбат авзои кунунии эпидемиологии минтақа ва ҷаҳон баррасӣ шуда, дар бораи вазъияти ду кишвар дар робита ба паҳншавии сирояти коронавируси нав табодули назар сурат пазируфт. Дар ин замина сарони кишварҳо омодагии худро барои амалҳои муштарак ҷиҳати рафъи ҳолатҳои буҳронӣ бори дигар тасдиқ карданд.

То бегоҳи 7-уми май шумори ҳолатҳои сирояти одамон аз коронавирус дар Тоҷикистон 461 нафар ва Ӯзбекистон 2269 касро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз мураккабтарин низомҳои сиёсиро дорад, ки дар он дин ва демократия бо ҳам омехта шудаанд. Бисёре аз таҳлилгарон ин сохторро сахт...

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.