Раиси КДАМ-и Қирғизистон: ба Тоҷикистон гуфтем, Ворухро ба минтақае аз мо иваз кунанд

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев, ки раиси ҳайати ҳукуматии ин кишвар дар масъалаи марз низ ҳаст, имрӯз, 26-уми март, дар Бишкик зимни як нишасти вижаи хабарӣ натиҷаи музокироти марзии рӯзҳои 17-18-уми март дар шаҳри Гулистони Тоҷикистонро ба хабарнигорон шарҳ дод. Дар ин бора хабаргузории "АКИpress"-и ин кишвар хабар медиҳад. Тошиев гуфтааст, ки масъалаи марзӣ […]

Asia-Plus

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев, ки раиси ҳайати ҳукуматии ин кишвар дар масъалаи марз низ ҳаст, имрӯз, 26-уми март, дар Бишкик зимни як нишасти вижаи хабарӣ натиҷаи музокироти марзии рӯзҳои 17-18-уми март дар шаҳри Гулистони Тоҷикистонро ба хабарнигорон шарҳ дод. Дар ин бора хабаргузории "АКИpress"-и ин кишвар хабар медиҳад.

Тошиев гуфтааст, ки масъалаи марзӣ то кунун ҳалношуда боқӣ мондааст ва мавзуъи асосӣ дар баҳсҳои марзӣ Ворух аст, ки ин мақоми қирғиз аз он анклав ном бурдааст. 

Ӯ гуфтааст, ки Қирғизистон дар мавриди Ворух ба Тоҷикистон ду гузина пешниҳод кардааст:

"Якум – мо бар асоси қонун марзи онро чен мекунем ва он дигар васеъ намешавад. Вале мо аз ҳудуди худ, танҳо барои истифода ба онҷо роҳ боз мекунем, то онҳо битавонанд ворид шаванд. Дувум сахттар аст – мо омодаем Ворухро иваз кунем. Аагр онҳо ҳудуди онро дар ихтиёри мо бигузоранд, ки 12 ҳазор га аст, мо ҳам омодаем 12 ҳазор га-ро дар ноҳияҳои дигари вилояти Бодканд бидиҳем. Мо ҳатто рӯйхати ин мавзеъҳоро додем. Вале ҷониби Тоҷикистон то кунун посух надодааст",-гуфтааст ӯ.

Аммо ҷониби Тоҷикистон то кунун дар мавриди ин изҳори назари мақоми қирғизӣ чизе нугфтаанд.

Вазорати корҳои хориҷӣ ба  "Азия-Плюс" гуфт, ки дар фурсатҳои наздик дар ин маврид  назари худро иброз мекунанд, вале мо то замони нашри ин матлаб назари вазоратро дарёфт карда натавонистем.

Тошиев гуфтааст, ки то замоне, ки мавзуъи марз бо Тоҷикистон ҳал нашавад, Қирғизистон қочоқро мутавақиф мекунад. 

"Мо ҳамаи имконро истифода мекунем, ки қочоқ, асосон аз ҷониби мо нашавад. Мо пешгирӣ хоҳем кард.То ин замон содиқона бархӯрд мешуд ва амалҳои ғайриқонунӣ сурат мегирифт. Ин дигар намешавад. Ҳоло ба Тоҷикистон як литр маводи сӯхт (ГСМ) намегузарад. Аз Тоҷикистон ҳам маҳсулот ворид намешавад. Баъди ҳал шудани масоили марзӣ сабукиҳо мешавад, корро оғоз мекунем",- изҳор кардааст ӯ.

Тоҷикистону Қирғизистон ба аломатгузорӣ ва мушаххас карданимарзи давлатӣ дар соли 2002 оғоз карданд ва тақрибан бар сари 60 дар сади марз ба тавофуқ расиданд. Дар ҳоли ҳозир аз 976 км марзи байнидавлатӣ ҳамагӣ 504 км аломатгузорӣ ва муайян шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.