ФАВРАН: Тоҷикистон аз сабти номи дигарбораи коронавирус хабар дод

Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон аз мавридҳои сироятёбӣ ва сабти номи дигарбораи коронаврус дар Тоҷикистон хабар дод. То ин вақт Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегуфт, ки аз оғози соли ҷорӣ то кунун дар Тоҷикистон мавридҳои нави гирифторшавӣ ба вируси COVID 19 сабти ном нашудааст. Хабаргузори давлатии "Ховар" бо такя ба ҷалсаи ин Ситод хабар […]

Asia-Plus

Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон аз мавридҳои сироятёбӣ ва сабти номи дигарбораи коронаврус дар Тоҷикистон хабар дод. То ин вақт Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегуфт, ки аз оғози соли ҷорӣ то кунун дар Тоҷикистон мавридҳои нави гирифторшавӣ ба вируси COVID 19 сабти ном нашудааст.

Хабаргузори давлатии "Ховар" бо такя ба ҷалсаи ин Ситод хабар медиҳад, ки ин ниҳод мегӯяд "дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд".

Дар ҷалсаи ин Ситод, имрӯз таҳти раёсати Қоҳир Расулзода дар баробари хабар додан аз мавридҳои нави сироятёбӣ дар Тоҷикистон гуфта шудааст, ки "омили асосии хуруҷи навбатии бемории мазкурро мутахассисон дар бетаваҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, истифода накардани ниқоб ва дигар тавсияҳо арзёбӣ мекунанд".

Ситод дар баёнияе, ки "Ховар" нашр кардааст, дар пасманзари мавридҳои нави сироятёбӣ, ҳушдор додааст, ки "вобаста ба ин аз ҳар як сокини мамлакат, қатъиян риоя намудани тавсияи мутахассисони соҳа, бе зарурат гаштугузор накардан, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар маводҳои безараргардонӣ талаб карда мешавад".

Аммо дар баёнияи Ситод гуфта нашудааст, ки дар ҳоли ҳозир чанд нафар гирифтор ба коронавирус сабти ном шудааст ва чи қадари онҳо дар беморхонаҳо бистариянд. Ҳамчунин ин ниҳод нагуфтааст, ки мавридҳои нав дар Тоҷикистон кадом рӯз сабти ном шуданд ва ҳоло дар кадом шаҳру ноҳияҳои кишвар чӣ миқдор гирифтори бемории COVID 19 сабт шудааст.

Танҳо гуфта мешавад, ки бори дигар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки танҳо бо роҳи риояи тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб ва ҷонибдории сокинони мамлакат аз тадбирҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ  метавон аз сироятёбӣ ба дилхоҳ беморӣ наҷот ёфт.

Ин баёния дар ҳоле содир мешавад, ки дар ду се ҳафтаи дигар расонаҳо аз мавридҳои зиёди сироятёбӣ бо такя ба озмоишгоҳҳои хусусӣ дар кишвар хабар медоданд, аммо мақомот ин ҳамаро рад мекард. 

Дар ин баёния, ҳамчунин гуфта мешавад, ки мавриди зикр аст, ки бо сабаби хуруҷи навбатии бемории сироятии коронавирус дар як қатор кишварҳои ҷаҳон бори дигар фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ, баргузории ҷашну маросим, боғу гулгашт ва маконҳое, ки дар он ҷо пайваста одамони зиёд ҷамъ мегарданд,  қатъ карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ маҳдуд гардида, вазъияти карантинӣ эълон карда шудааст.

"Вобаста ба ин Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус — COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор, аз ҷумла,  пурзур намудани ҳамоҳангии  фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор дар самти назорати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби сокинон, назорати марказҳои хизматрасонию фарҳангӣ,  андешидани чораҳои қатъии пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ,  риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ ҳангоми гузаронидани тӯй, маъракаҳо ва маросими дафн, ҳамчунин бо мақсади пешгирии паҳншавии  бемории сироятии коронавирус андешидани  чораҳои зарурӣ ҳангоми анҷом додани парвозҳои байналмилалиро қабул намуд",-омадааст дар баёния.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.