Бонки ҷаҳонӣ баҳри дастгирии бахши кишоварзии Тоҷикистон 58 млн доллар медиҳад

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ Ян Петер Олтерс рӯзи 21 июн созишномаро дар бораи маблағгузорӣ ба лоиҳаи "Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон" ба имзо расониданд. Тавре дафтари матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, кумаки молиявии бебозгашт ба маблағи 58 млн доллар аз ҳисоби Ассосиатсияи байнулмилалии рушд (узви […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ Ян Петер Олтерс рӯзи 21 июн созишномаро дар бораи маблағгузорӣ ба лоиҳаи "Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон" ба имзо расониданд.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, кумаки молиявии бебозгашт ба маблағи 58 млн доллар аз ҳисоби Ассосиатсияи байнулмилалии рушд (узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) ҷудо мешавад.

“Ҳадафи асосии Лоиҳа ин мустаҳкам намудани заминаи бахши устувори соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ тавассути зиёд кардани дастрасии тухмии хушсифат, ниҳолҳои ба иқлим тобовар, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии агрологистикии деҳқонон ва корхонаҳои кишоварзӣ, тақвияти идоракунии институтҳои давлатӣ мебошад”, – омадааст дар маълумоти Вазорат.

Гуфта мешавад, маблағҳои ҷалбшуда дар доираи Лоиҳа барои фароҳам овардани муҳити мусоид, таҳқиқот, баланд бардоштани иқтидори муассисаҳои миллии кишоварзӣ дар самти таҳқиқот ва рушд барои мутобиқ гардонидани технологияҳои мавҷуда ба шароити маҳаллӣ, зиёд кардани тухмиҳо, ниҳолҳо ва маводҳои ниҳолшинонӣ, таъмини сифат, дастгирии фаъолияти Марказҳои агрологистикӣ, мониторинги воқеии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи замин ва агрометереология равона мегардад.

Лоиҳа аз ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар муддати панҷ соли оянда мавриди амал қарор мегирад.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон 21 лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи умумии 1,1 млрд доллар мавриди амалишавӣ қарор дорад. Аз соли 1996 Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 2 млрд доллар ба сифати қарзи имтиёзнок ва грантҳо кумаки молиявӣ ҷудо кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.