Чин дар як донишкадаи Тоҷикистон маркази таълимии кӯҳию металургӣ думиллиондолларӣ месозад

Чин бо сармояи 2 миллион доллар дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, нахустин Маркази таълимии кӯҳию металлургиро месозад. Дар ин бора миёни  Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи касбӣ-техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланчжоуи Чин созишнома ба имзо расидааст. Зайниддини Насриддин, муовини ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Чин бо сармояи 2 миллион доллар дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, нахустин Маркази таълимии кӯҳию металлургиро месозад.

Дар ин бора миёни  Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи касбӣ-техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланчжоуи Чин созишнома ба имзо расидааст.

Зайниддини Насриддин, муовини ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт дар асоси созишнома қарор аст як маркази панҷошёнаи таълимӣ муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизот ва як хобгоҳи баландошёна  бунёд шавад, ки барои такмили ихтисоси беш аз ду ҳазор нафар  кормандони корхонаҳои саноатӣ-кӯҳӣ пешбинӣ шудааст.

 “Вазифаи ин марказ аз таълим ва бозомӯзии кормандони корхонаҳои саноатии кишвар исборат хоҳад шуд. Ва ҳоло корҳои лоиҳакашӣ идома дорад. Дар ин марказ нусхаи хурди дастгоҳ ва равандҳои истеҳсоли соҳавӣ ҷой дода мешавад, ки кормандони корхонаҳои саноатӣ дар он такмили ихтисос мекунанд. Муаллимони соҳавӣ асосан аз Чин ва дигар давлатҳо омада таълим медиҳанд”,-мегӯяд Насриддин.

Маросими имзои ин созиш, дирӯз ба таври маҷозӣ сурат гирифт, ки дар он намояндаи доимии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Наргиса Шамсиева, муовини раиси шаҳри Бӯстон Хуршед Сатторзода ва аз сӯйи Чин роҳбарони бахши соҳаи маориф, ректори Донишкадаи касбӣ-техникии захираҳо ва муҳити зист ва сардори иттиҳодияи металургони Ланчжоу иштирок кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.