Кумитаи дин: намозгузорӣ дар масҷидҳо ҳоло манъ намешавад

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки дар пасманзари таъйиди расмии вуҷуди дигарбораи коронавирус дар Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир масҷидҳо баста ва намозгузорӣ манъ намешавад. Ба гуфтаи Кумитаи дин ин салоҳияти Ситоди ҷумҳурявии мубориза бо паҳншавии коронавирус аст. Афшин Муқим, сухангӯйи Кумитаи дин ба "Азия-Плюс" гуфт, ки "ин дар салоҳияти Ситод аст ва агар Вазорати тандурустӣ пешниҳод кунаду […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки дар пасманзари таъйиди расмии вуҷуди дигарбораи коронавирус дар Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир масҷидҳо баста ва намозгузорӣ манъ намешавад. Ба гуфтаи Кумитаи дин ин салоҳияти Ситоди ҷумҳурявии мубориза бо паҳншавии коронавирус аст.

Афшин Муқим, сухангӯйи Кумитаи дин ба "Азия-Плюс" гуфт, ки "ин дар салоҳияти Ситод аст ва агар Вазорати тандурустӣ пешниҳод кунаду Ситод натиҷагирӣ кунад, он гоҳе дастуре содир мешавад. То ҳол на аз Вазорати тандурустӣ ва на аз Ситод чизе нагуфтаанд".

Соли гузашта дар пасманзари пайдо шудани коронавирус дар дунё дар Тоҷикистон дар моҳи март намозгузорӣ дар масҷидҳо манъ шуд, вале баъдтар дубора иҷоза доданд. Аммо баъди расман эътироф шудани вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон то 1-уми феврали соли 2021, наздик ба 10 моҳ дари масҷидҳо баста буд.

Мақомоти Тоҷикистон аз 1-уми феврали имсол бо риояи шадиди қоидаҳои беҳдоштӣ ба намозгузорӣ дар масоҷид дубора иҷоза доданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.