Омори коронавирус дар Тоҷикистон тағйир кард: 32 мавриди нави сироятшавӣ дар ду рӯзи ахир

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сабти номи 32 мавриди нави сироятшавӣ ба коронавирус дар рӯзҳои 21 ва 22-юми июн хабар дод. Бо ин омори коронавирус дар Тоҷикистон баъди наздик ба шаш моҳ тағйир ёфт ва акунун шумораи умумии гирифторон ба коронавирус ба 13340 расид. Тоҷикистон аз оғози соли равон то рӯзи 21-уми […]

Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сабти номи 32 мавриди нави сироятшавӣ ба коронавирус дар рӯзҳои 21 ва 22-юми июн хабар дод. Бо ин омори коронавирус дар Тоҷикистон баъди наздик ба шаш моҳ тағйир ёфт ва акунун шумораи умумии гирифторон ба коронавирус ба 13340 расид.

Тоҷикистон аз оғози соли равон то рӯзи 21-уми июн расман мегуфт, ки мавридҳои нави сироят ва гирифторшавӣ ба COVID 19  дар ин кишвар сабти ном нашудааст. Аммо бар пайи хабарҳои ахир дар расонаҳо ва нигарониҳои мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ, шоми дирӯз "Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии  коронавирус-COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз ҷой доштани ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандонихабар дод.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки рӯзи 21 июн 17 ҳолат ва 22 июни соли равон 15 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандони  кишвар ба бемории  коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Торнамои ин ниҳод навиштааст, ки "Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.