Қазоқистон ба Тоҷикистон сабзӣ медиҳад: арзон мешавад?

Қазоқистон тасмим дорад беш аз 700 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус сабзиро ба чанд кишвари Осиёи Миёна, аз ҷумла ба Тоҷикистон содир кунад. Дар ин бора вазири савдо ва ҳамгироӣ Бақир Султонов изҳори назар карда гуфтааст, рӯзҳои наздик барои бастани созишномаҳои ниҳоӣ ба ин кишварҳои ҳамсоя сафар мекунад. Қарор аст, вазири қазоқ барои бастани созишнома […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Қазоқистон тасмим дорад беш аз 700 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус сабзиро ба чанд кишвари Осиёи Миёна, аз ҷумла ба Тоҷикистон содир кунад. Дар ин бора вазири савдо ва ҳамгироӣ Бақир Султонов изҳори назар карда гуфтааст, рӯзҳои наздик барои бастани созишномаҳои ниҳоӣ ба ин кишварҳои ҳамсоя сафар мекунад.

Қарор аст, вазири қазоқ барои бастани созишнома бо Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Русия ва Эрон ба мувофиқа бирасад ва ба ин кишварҳо сафар кунад

Бино ба навиштаи расонаи қазоқии Литер, вазири савдо ва ҳамгироӣ Қазоқистон гуфтааст дар давраи ҷамъоварии ҳосили барвақтӣ ин кишвар метавонад ба кишварҳои ҳамсоя тақрибан 765 ҳазор тонна сабзавот содир кунад. Қазоқистон соли гузашта 360 ҳазор тонна картошка содирот кардааст.

Дар ҳоле Қазоқистон мехоҳад  дар воридоту содироти сабзавот бо кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон ба мувофиқа бирасад, ки бозори дохилии ин кишвар дар мавсим тақрибан ба 280 ҳазор тонна сабзавоти барвақтӣ ниёз дорад.

Ба гуфтаи вазири савдо ва ҳамгироӣ Қазоқистон, бастани созишномаҳои нав бо кишварҳои ҳамсоя нархи маҳсулотро коҳиш медиҳад.

Имсол дар аксар кишварҳои Осиёи Миёна, ба хусус Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қирғизистон  ва Қазоқистон нархи маҳсулулоти кишоварзӣ аз ҷумла сабзӣ якбора боло рафт ва боис ба нигарониҳо шуд.

Дар Тоҷикистон ҳоло як кг сабзӣ аз 8 то 12 сомонӣ қиммат дорад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.