Таъини намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ

Шӯрои Иттиҳоди Аврупо (ИА) сафир Тери Хакаларо ба вазифаи Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо таъин намуд. Ӯ аз 1 июли соли равон ба иҷрои вазифаҳои худ оғоз мекунад. Дар ин вазифа намоянда ба ҳамкории ҳамаҷониба идомадоштаи Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир хоҳад кард. Тавре аз ҳайати ИА дар Ӯзбекистон хабар додаанд, ин ҳамкорӣ […]

Asia-Plus

Шӯрои Иттиҳоди Аврупо (ИА) сафир Тери Хакаларо ба вазифаи Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо таъин намуд. Ӯ аз 1 июли соли равон ба иҷрои вазифаҳои худ оғоз мекунад.

Дар ин вазифа намоянда ба ҳамкории ҳамаҷониба идомадоштаи Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир хоҳад кард.

Тавре аз ҳайати ИА дар Ӯзбекистон хабар додаанд, ин ҳамкорӣ доираи васеи масоилро дар соҳаҳои амнияту волоияти қонун, муҳити зист, захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, маориф ва ҳуқуқи инсон, бахусус вазъияти занон дар ин самт фаро мегирад.

Дар Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ инчунин мусоидат ба рушди муҳити корӣ ва робитаи мутақобилаи устувор, ҳавасмандсозии сармоягузорӣ муҳим дониста шудааст. Муҳимияти ин стратегия вобаста ба вазъ дар Афғонистон зиёдтар мешавад.

Тери Хакала дипломати кадрии Финландия бо таҷрибаи корӣ дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар ҳошияи САҲА мебошад. Ӯ дар вазифаҳои гуногуни дипломатӣ дар хориҷа, аз ҷумла дар сатҳи сафир дар Русия, Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқб дар Женева кор кардааст. Ҳамагӣ чанде пеш ӯ ба ҳайси сафир оид ба масоили гибридӣ, технология ва амният дар Вазорати корҳои хориҷии Финландия фаъолият дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.