Вазири мудофиаи Русия вазъи Афғонистонро арзёбӣ кард

Ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон таваҷҷуҳи хоси ҳам кишварҳои ҳамҷавор ва ҳам созмонҳои байнулмилалиро тақозо мекунад, изҳор доштааст вазири мудофиаи Русия, генерали артиш Сергей Шойгу. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад. “Мебояд эътироф намуд, ки тӯли 20 соли ҳузури гурӯҳи сершумори неруҳои ҳарбии эътилофи ғарбӣ дар кишвар, он дар суботи вазъият ва ташаккули сохторҳои […]

Asia-Plus

Ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон таваҷҷуҳи хоси ҳам кишварҳои ҳамҷавор ва ҳам созмонҳои байнулмилалиро тақозо мекунад, изҳор доштааст вазири мудофиаи Русия, генерали артиш Сергей Шойгу. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

“Мебояд эътироф намуд, ки тӯли 20 соли ҳузури гурӯҳи сершумори неруҳои ҳарбии эътилофи ғарбӣ дар кишвар, он дар суботи вазъият ва ташаккули сохторҳои устувори идоракунии давлатӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил нашуд”, – гуфтааст ӯ зимни конфронс оид ба амнияти байнулмилалӣ дар Маскав.

“Пас аз хуруҷи неруҳои НАТО бо эҳтимоли зиёд метавон дубора барқарор шудани ҷанги шаҳрвандиро бо ҳамаи оқибатҳои манфии он, аз қабили минбаъд мушкил шудани ҳаёти аҳолӣ, муҳоҷирати оммавӣ, густариши ифротгароӣ ба кишварҳои ҳамсоя интизор шуд”, – илова кардааст Шойгу.

21 июн КДАМ Тоҷикистон дар баёнияи худ хабар дод, ки Шерхон Бандар, гузаргоҳи муҳими гумрукиву тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ба ихтиёри Толибон гузашта, 134 хизматчии ҳарбии  қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварданд ва маҷбур шуданд, бо мақсади наҷоти худ сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Тоҷикистон фирор намоянд.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон вазъият дар сарҳад орому босубот буда, алҳол хатаре вуҷуд надорад, “лекин мо бояд доимо дар золати омодабош қарор дошта бошем”.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар сурати зарурат Тоҷикистон метавонад 10 ҳазор паноҳандаи Афғонистонро бипазирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.