Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисоди рақамӣ дар доираи СҲШ даъват кард

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро ба таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки паркҳои техникӣ ва технологияҳои рақамӣ  даъват кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, дар чараёни кори Форуми иқтисодии Созмон дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия» рӯзи 23 июн дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро ба таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки паркҳои техникӣ ва технологияҳои рақамӣ  даъват кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, дар чараёни кори Форуми иқтисодии Созмон дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия» рӯзи 23 июн дар шаҳри Душанбе ӯ изҳор дошт, ки амалисозии чунин лоиҳаҳо бо кӯмаки иттиҳодияи байнибонкии СҲШ имконпазир аст.

Ӯ татбиқи лоиҳаҳоро, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дар самтҳои омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияи иттилоотӣ, рушди инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва содагардонии расмиёти савдо дар фазои СҲШ тавсия дод.

Бо ин мақсад Завқизода пешниҳод намуд, ки Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани ҳиссаи иқтисоди рақамӣ дар чаҳорчӯби СҲШ таҳия шавад.

Ӯ таъкид дошт, ки дар Тоҷикистон консепсия ва барномаи рушди иқтисоди рақамӣ қабул карда шуда, Портали савдои Тоҷикистон аз соли 2019 инҷониб расман фаъолият менамояд, ки то имрӯз аз он зиёда аз 270 ҳазор нафар аз 40 кишвари ҷаҳон истифода намудаанд.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон ҳиссаи савдои хориҷиро бо давлатҳои СҲШ то 61 фоиз афзоиш дода, бузургтарин шарикони тиҷоратии кишвар Россия, Чин, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба ҳисоб мераванд.

Дар кори форум вазирон ва намояндагони кишварҳои аъзо, инчунин нозирони СҲШ, аз ҷумла Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Покистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Беларус, Озарбойҷон, Эрон ва намояндагони бахши хусусӣ ширкат варзиданд.

Дар фарҷоми форум бо мақсади бештар тақвият додани ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои зикршуда дар доираи СҲШ аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ «Эъломияи Душанбе» қабул гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.