Ӯзбекистон. Бунёди ягона маркази истеҳсоли ваксинаҳо дар минтақа

Дар вилояти Тошканди Ӯзбекистон ягона дар минтақаи Осиёи Марказӣ “Маркази инноватсионии истеҳсоли ваксинаҳо” сохта мешавад. Ёддошт дар бораи бунёди онро рӯзи 13 сентябр дар доираи нишасти СҲШ Вазорати рушди инноватсионии Ӯзбекистон ва ширкати Luye Investment Group Co., Ltd ба имзо расониданд. Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорат хабар медиҳад, арзиши лоиҳа 100 млн долларро ташкил дода, […]

Asia-Plus

Дар вилояти Тошканди Ӯзбекистон ягона дар минтақаи Осиёи Марказӣ “Маркази инноватсионии истеҳсоли ваксинаҳо” сохта мешавад.

Ёддошт дар бораи бунёди онро рӯзи 13 сентябр дар доираи нишасти СҲШ Вазорати рушди инноватсионии Ӯзбекистон ва ширкати Luye Investment Group Co., Ltd ба имзо расониданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорат хабар медиҳад, арзиши лоиҳа 100 млн долларро ташкил дода, он дар давоми солҳои 2023-2028 сохта мешавад.

Гуфта мешавад, "Маркази инноватсионии истеҳсоли ваксинаҳо" ягона корхонаи силсилаи истеҳсоли пурраи биотехнологӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд, ки ҷиҳати таъмини бозори маҳаллӣ ва кишварҳои ИДМ бо маҳсулоти хушсифату муосири технологӣ имкон фароҳам месозад.

Дар доираи лоиҳа истеҳсоли 200 млн воя (доза)-и зидди вирусҳо ба маблағи 2 млрд доллар дар як сол пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.