Ҳамлавар ба рӯзноманигор ва филмсози тоҷик дастгир гардид

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти ноболиғи 17-солаи сокини пойтахт хабар дод, ки Бобоҷон Муҳтоҷиён, рӯзноманигор ва филмбардори тоҷикро беасос латукӯб кардааст. Ин ниҳод бо нашри як хабарнома гуфтааст, ки ҳодиса рӯзи 15-уми декабр, тақрибан соатҳои 19:40, дар кӯчаи Анзоб-даромадгоҳи Боғи Ғалаба рух додааст. “Гумонбаршаванда бе ягон асос Муҳтоҷов Б.-ро мавриди лату кӯб қарор […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти ноболиғи 17-солаи сокини пойтахт хабар дод, ки Бобоҷон Муҳтоҷиён, рӯзноманигор ва филмбардори тоҷикро беасос латукӯб кардааст.

Ин ниҳод бо нашри як хабарнома гуфтааст, ки ҳодиса рӯзи 15-уми декабр, тақрибан соатҳои 19:40, дар кӯчаи Анзоб-даромадгоҳи Боғи Ғалаба рух додааст.

“Гумонбаршаванда бе ягон асос Муҳтоҷов Б.-ро мавриди лату кӯб қарор додааст, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳати ҷисмонии сабук бардоштааст”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз гумонбар ноболиғи 17-сола Р.В., сокини кӯчаи Анзоби ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ном бурдааст, ки дар содир намудани ҷинояти авбошӣ айбдор мешавад.

“Айни замон, ҳодисаи мазкур бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 237 (Авбошӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Точикистон, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад”, – гуфтааст ин ниҳод.

Субҳи дирӯз, Бобоҷон Муҳтоҷиён, рӯзноманигор ва филмсози тоҷик, ки ҳоло дар созмони байналмилалии “Табибони бидуни марз” кор мекунад, дар саҳифаи фейсбукаш хабар дода буд, ки дар наздикии коргоҳаш дар шаҳри Душанбе, мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт, вале бо гузашти беш аз як ҳафта омилони ҳамла дастгир ва муҷозот нашудаанд. Баъдан, бо сабабҳои номаълум ин навишта пок карда шуд.

Ӯ аз мақомоти интизомии пойтахт хостори таҳқиқи мӯшикофонаи қазияаш шуд ва гуфта буд, ки ӯро як савол азият медиҳад: Дар Душанбе-шаҳри ором ва бехатар, кӣ ва чаро ӯро зад?

Ҳоло, ки гунаҳкор дастгир ва нисбаташ парванда боз шудааст, ӯ дар суҳбат бо мо гуфт, нисбатан ором шудааст ва андак-андак ба ибораи “Душанбе – шаҳри ором” бовар ҳосил карда истодааст.

Ҳамчунин, Бобоҷон Муҳтоҷиён таъкид намуд, ки латукӯбаш ба фаъолияти касбиаш алоқаманд набуда, ин ҳолати авбошӣ мебошад.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин аввалин ҳодисаи латукӯби журналист дар Тоҷикистон нест. Қаблан низ журналистони тоҷик мавриди латукӯби ашхоси номаълум қарор гирифта буданд. Журналистони шинохтаи кишвар Раҷаби Мирзо, Хуршеди Атовулло, Муллораҷаб Юсуфӣ ва Далер Ширифов аз ҷумла онҳое ҳастанд, ки солҳои пеш мавриди латукӯб қарор гирифтаву то ҳол омилони ин ҳамлаҳо боздошт нашудаанд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик низ ду маротиба мавриди латукӯб қарор гирифта буд, ки дар як ҳолат гунаҳкорон шиносоӣ гардида, дар ҳолати дуюм номаълум боқӣ монданд.

Охирин ҳолати латукӯби журналистон  моҳи майи соли равон иттифоқ афтода буд. Он замон рӯзноманигорони Радиои Озодӣ Муллораҷаб Юсуфӣ ва Анӯшервон Орипов мавриди ҳавлаи шахсони номаълум қарор гирифтанд, ки бо гузашти беш аз ним сол, то ҳол шахсияти онҳо маълум нашудааст.

Маъмулан, мақомоти масъули кишвар пас аз латукӯби журналистон ваъдаи боздошти гунаҳкоронро мекарданд, аммо бо гузашти муддате, касе барои латукӯби журналистон боздошт намешуд.

Бо фарқ аз ҳолатҳои қаблӣ, ин маротиба шахси ҳамлавар мушаххас ва худи ӯ боздошт гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...