Ҳалокати 13 нафар дар Ваҳдату Рӯдакӣ бар асари боришоти шадиди охир дар кишвар

Дар натиҷаи боридани борони зиёд ва омадани сел дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ 13 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора Хадамоти матбуотиии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад ва мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба оилаи ҳалокшудагон ҳамдардӣ изҳор кард. Манбаъ менависад, дирӯз, бар асари рух додани офати табиӣ 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва 2 нафар […]

Asia-Plus

Дар натиҷаи боридани борони зиёд ва омадани сел дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ 13 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора Хадамоти матбуотиии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад ва мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба оилаи ҳалокшудагон ҳамдардӣ изҳор кард.

Манбаъ менависад, дирӯз, бар асари рух додани офати табиӣ 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расиданд.

“Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва бозмондагони шахсони ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ намуданд”,-менависад Хадамоти матбуоти президент.

Эмомалӣ Раҳмон ба Қоҳир Расулзода, сарвазири мамлакат, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор супориш додааст, ки ба оилаҳои шахсони дар натиҷаи офати табиӣ баҳалокатрасида кумак расонида, доир ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ чораҳои фаврӣ андешанд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 27-уми август боришоти борони шадид дар кишвар рух дод, ки дар натиҷа хисороти молӣ дар пай дорад.

Боришти борон ба роҳҳои аҳамияти байналмиалидошта ва маҳҳалӣ зарарр расонид. Аз ҷумла, ҳавои номусоид дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок, ки аз ҷониби ширкати “IRS” нигоҳдорӣ мешавад, боиси обхезӣ, ярч ва сангрезиҳо гардид.

Бино ба иттилои филиали ин ширкат, харобшавӣ асосан дар минтақаи Варзоб ба қайд гирифта шудааст.

Дирӯз ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳ қатъ карда шуда буд.

Ин ширкат иддао дорад, ки кормандонаш тамоми имконро анҷом додаанд, то ронандагон ва мусофиронро ба ҷойҳои амн эвакуатсия кунанд.

Дар бораи хисороти молии боришоти дирӯза маълумот дастрас нест.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳавошиносон аз 27-28 август дар бораи ҳавои ноустувор ҳушдор дода буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.