Соли гузашта 63 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо харҷи 1 млрд 200 млн сомонӣ ба ҳаҷ рафтаанд

Asia-Plus

Соли 2023 63 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон маросими ҳаҷ ва умраро адо кардаанд ва маблағи ба ҳисоби миёна харҷнамудаи онҳо беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомониро ташкил додааст. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон ва ходимони дин, ки рӯзи 9-уми март, ду рӯз пеш аз оғози моҳи Рамазон баргузор шуд, зикр кард.

12 млрд сомонӣ маблағи ҳаҷ дар замони истиқлолият

Дар ин ҷаласае, ки дар Кохи Ваҳдат баргузор шуд, ӯ аз тамоюли афзояндаи сокинони Тоҷикистон ба тақво, афзоиши шумори ҳоҷиён, даст ба амалҳои террористӣ задани шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа ва мавзӯъҳои дигар дахл кард.

Аз ҷумла, номбурда аз  исрофкориву зиёдаравӣ ва риёкориву зоҳирпарасти зимни адои ҳаҷ нигаронӣ карда, гуфт, “маблағи барои ҳаҷ сарфкардаи шаҳрвандони мо дар замони соҳибистиқлолӣ қариб 12 миллиард сомониро ташкил додааст… Агар маблағи мазкур барои бунёди манзили истиқоматӣ, беҳтар кардани шароити зисту таҳсили фарзандон, таъмини ғизои босифат, сару либос ва ашёи хониш, инчунин, дастгирии ниёзмандон ё корҳои ободонӣ сарф мегардид, шароити зисти чӣ қадар оилаҳо беҳтар мешуд”.

Ӯ гуфт, зидди рафтани мардум ба ҳаҷ нест, аммо “ин раванд набояд хусусияти таассубу тақлид ва мусобиқаро касб намояд”.

“Адокунандаи умра ҳоҷӣ нест”

Раиси ҷумҳур нигаронӣ кард, ки баъзеҳо “бо гирифтани қарз ва зери бори гарони зиндагӣ қарор додани аҳли оила ба умра мераванд”.

“Ҳоло ҳам ҳастанд шахсоне, ки баъди бозгашт барои ташкили маросими ҳоҷизиёрат боз ду баробар зиёдтар маблағ сарф мекунанд. Дар натиҷа ба сабаби адои ҳаҷ ё умраи як нафар тамоми аҳли оила муддати дароз ба душвории молиявӣ гирифтор мегардад”, – гуфт раиси ҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “шариати исломӣ ҳаҷро ба шарти муайян як маротиба воҷиб гардонидааст” ва он фарз набуда, адокунандаи умра ҳоҷӣ нест, “зеро бо адои умра адои ҳаҷ аз гардани шахс соқит намегардад”.

“…Ин баробар ба адои намоз аст, зеро дар баробари намоз як рукни ислом аст, тавре, ки мегӯянд, Аҳмад рафт Маккаву Мадина, омад ҳамон Аҳмади порина! Шох набаровардааст”, – гуфт президенти кишвар.

Дар робита ба ин, номбурда ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маркази исломшиносӣ ва Шӯрои уламо супориш дод, дар муддати ду моҳ шартҳо ва тартиби адои маросими ҳаҷро барои шаҳрвандони Тоҷикистон омода намоянд.

Ба 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон як масҷид рост меояд

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон сиёсати ҳукумат дар робита ба дину мазҳабро тавсиф карда, гуфт, “имрӯз дар Тоҷикистон ба 2000 шаҳрванд як масҷид рост меояд. Дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои аъзои ИДМ 3 – 3,5 ҳазор ва дар дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон 5 – 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад”.

Ӯ афзуд, “дар кишвар як ҷамоатхонаи исмоилӣ, ду кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои исмоилӣ ва 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ фаъолияти озодона дорад”.

Ба иттилои раисҷумҳур, имрӯз дар Тоҷикистон 4 ҳазор масҷид, беш аз 250 ҳазор ҳоҷӣ ва бештар аз 400 ҳазор умракарда ҳастанд.

Интиқод аз бархе имомону сархатибон

Ӯ дар идома аз фаъолияти равияи Салафия изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, бо вуҷуди он ки ин равия аз ҷониб Додгоҳи олии Тоҷикистон экстремистиву террористӣ эълон шуда, фаъолияти он дар ҳудуди мамлакат манъ гардидааст, “аз соли 2015 инҷониб зиёда аз 2300 шаҳрванди кишвар ба равияи мазкур шомил гардида, оид ба ин ҳолатҳо 1945 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст”.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, мисол овард, ки мубаллиғони ташкилоти экстремистиву террористии “Бародарони мусулмон”-шаҳрвандони Ҷумҳурии Арабии Миср бо мақсади дар Тоҷикистон ба таври пинҳонӣ роҳандозӣ намудани фаъолияти худ ба Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба ҳайси омӯзгор, инчунин, ба Академияи миллии илмҳо ҳамчун корманд ба кор даромада, бо баҳонаи ба гурӯҳи ҷавонон додани таълими динӣ ақидаҳои экстремистии худро ба онҳо талқин намуда, 124 нафарро ба “Бародарони мусулмон” ҷалб кардаанд.

Номбурда инчунин, аз чанд имоми масҷид ва сархатиб мисол овард, ки дар дар байни намозгузорон равияҳои ташкилотҳои террористӣ ва экстримистӣ, мисли “Салафия” ва “Давлати исломӣ”-ро мунтазам тарғибу ташвиқ мекарданд.

Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳои нақзкунандаи озодиҳои динии ИМА

Тавсифи Эмомалӣ Раҳмон  аз сиёсати ҳукумат оид ба дину мазҳаб дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз соли 2016 бо тавсияи Комиссияи ИМА оид ба озодиҳои динии байнулмилалӣ ба рӯйхати кишварҳои нақзкунандаи озодиҳои динии Департаменти давлатии ИМА шомил аст.

Дар гузоришҳо аз ҷумла гуфта мешавад, ки “нақзи мунтазам, давомдор ва дағалонаи озодии эътиқод” боиси нигаронии хоси Департаменти давлатӣ шудаанд.

Ҳамчунин, Нозила Қонеъ, гузоришгари вижаи СММ дар умури озодии дин ва эътиқод аз боздиди охираш дар Тоҷикистон соли гузашта гуфта буд, ки “дар Тоҷикистон озодии дину эътиқод дар доира ва ё ҳадди муаяйн вуҷуд дорад, вале маҳдуду танзимшуда аст”.

Дар гузашта ҳам созмонҳои хориҷӣ мақомоти Тоҷикистонро барои шадидан маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабиву анҷоми фаризаҳои динӣ, бастани масҷидҳову манъи намозгузории то 18-солаҳо ва манъи таҳсили динии наврасон танқид карда, инро поймолкунии озодиҳои эътиқод мегуфтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд

Наврӯз ҷашни суннатии эрониён аст, аммо имрӯз дар Тоҷикистон, ва баъзе манотиқи кишварҳои ҳавзаи Наврӯз анъанаҳои замоне маъмули он, аз ҷумла хонатаконӣ, пухтани суманак,...

Холмурод Раҳмон, раисе, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кораш таъриф карда буд, даргузашт

Ӯро имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хок супориданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 51

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Музокироти сулҳ миёни Амрико ва Эрон. Трамп бо пофишорӣ тасдиқ кард, аммо мақомоти Эрон рад мекунанд

Зарбулаҷали 48 - соата барои Эрон ҳам, баъди посухи таҳдидомези Теҳрон, 5 рӯз ба таъхир афтод.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026

Имрӯз дар маркази Душанбе ва ҳама навоии он чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешавад.

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.