Қабули ҳуҷҷатҳои толибилмони синфи якум дар мактабҳо оғоз шуд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Аз имрӯз, 1 август дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳои толибилмони синфи якум барои соли хониши 2024-2025 оғоз шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маорифи Тоҷикистон хабар доданд.

Барои қабул ба мактаб ҳуҷҷатҳои зерин заруранд:

– ариза барои қабул ба мактаб;

– корти тиббии кӯдак аз дармонгоҳи маҳалли зист;

– маълумотнома (справка) аз ҷойи зист;

– маълумотнома аз ҷойи кори ҳадди ақалл яке аз волидон;

– шаҳодатномаи таваллуди кӯдак;

– ду дона расми 3х4-и кӯдак.

Дар Вазорат зикр карданд, ки мисли пешин кӯдакони синнашон 6-сола имсол ба мактабҳо қабул карда намешаванд. Тибқи қонун “Дар бораи маориф”, танҳо кӯдаконе, ки синни 7-соларо пур кардаанд, ба синфи якум қабул мешаванд.

Ба ин тариқ, гуфтанд дар Вазорат, имсол ба синфи якуми мактабҳо кӯдакони то 31 декабри соли 2017 таваллудшуда қабул мешаванд. Агар кӯдак 1 январи соли 2018 таваллуд шуда бошад, ӯро ба синфи якум қабул намекунанд.

Мувофиқи фармони вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, бевосита пеш аз оғози соли хониш хонандагоне, ки ба синфи якум қабул мешаванд, аз давраҳои мутобиқат ба таҳсил мегузаранд, ки аз 12 то 23 август давом мекунад.

Дар Вазораии маориф шарҳ доданд, ки дар доираи давраи машғулиятҳои шиносоӣ бо кӯдакон бо онҳо суҳбатҳо гузаронида шуда, тариқи бозиҳо фаҳмонида мешавад, ки минбаъд вақти онҳо дар мактаб чӣ гуна сипарӣ мегардад.

Сокинони Душанбе аризаро метавонанд тариқи барномаи «eDonish» пешниҳод кунанд

Дар ҳамин ҳол, дар Раёсати маорифи шаҳри Душанбеба “Аия-Плюс” хабар доданд, ки сокинони Душанбе дархости қабул ба синфи якумро метавонанд тариқи барномаи электронии «eDonish» пешниҳод кунанд.

“Волидайнро лозим аст, ки замимаро ба телефон боргирӣ (скачать) карда, бо зикри маълумоти шахсӣ (ному насаб ва соли таваллуди кӯдак), мактаби интихобшуда, суроғаи зист, рақами телефонҳо ва маълумоти шиноснома аризаи электрониро пур кунанд, – гуфт манбаъ. – Пас аз ин маркази таҳлилии Раёсат аризаро баррасӣ намуда, бо волидайн дар тамос мешавад”.

Дар Раёсат зикр карданд, ки сипас бо кӯдак суҳбат гузаронида мешавад.

“Пас аз ин раҳбарияти мактаб мустақилона шакл, метод ва навъҳои санҷиши кӯдаконро муайян мекунад. Аммо ҳамааш ба вазифаҳои мантиқӣ асос меёбад. Яъне кӯдак ба ҷуз аз ёд донистани шеърҳо, бояд ҳадди ақалл то 30 ҳисоб карда тавонад, номи фаслҳои сол, сабзавоту мева ва шаклҳо (фигураҳо)-ро донад. Метавонанд ҳамчунин доир ба аъзои оила саволҳо диҳанд”, – гуфтанд дар Раёсат.

Зимнан зикр мешавад, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе кӯдакон ба синфи якум ба тариқи ройгон қабул карда мешаванд.

«Қабули кӯдакон ба гурӯҳҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ ва русии муассисаҳои таълимӣ (муассисаҳои таълимии шакли нав ва хусусӣ, бе назардошти маблағи шартнома) ба тариқи ройгон анҷом дода мешавад”, – таъкид мешавад дар хабари Вазорати маориф.

Гуфта мешавад, дар ҳолати аз ҷониби масъулини маорифи шаҳри Душанбе талаб намудани маблағ барои қабули кӯдак ба синфи якум волидайн бояд аз масъулин расид барои маблағ талаб намоянд ва ё арзу шикояташонро тариқи телефони боварии Сарраёсати маорифи шаҳр: 2213092 пешниҳод намоянд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026

Имрӯз дар маркази Душанбе ва ҳама навоии он чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешавад.

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз мураккабтарин низомҳои сиёсиро дорад, ки...

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об