Обуҳавои Тоҷикистон дар моҳи январ: дар водиҳо гарму дар кӯҳҳо сард ва боришот

Asia-Plus

Моҳи аввали соли нав дар Тоҷикистон обуҳавои тағйирёбанда, сардиҳо дар ноҳияҳои кӯҳистон ва қисмати шарқии кишвар, эҳтимоли боришот бо шамоли сахт пешгӯӣ мешавад. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар вилояти Хатлон ва водиҳои Ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои гарм пешбинӣ мешавад. Ҳарорат 1-2 дараҷа баландтар аз меъёр пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона аз аз […]

Моҳи аввали соли нав дар Тоҷикистон обуҳавои тағйирёбанда, сардиҳо дар ноҳияҳои кӯҳистон ва қисмати шарқии кишвар, эҳтимоли боришот бо шамоли сахт пешгӯӣ мешавад.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар вилояти Хатлон ва водиҳои Ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои гарм пешбинӣ мешавад.

Ҳарорат 1-2 дараҷа баландтар аз меъёр пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона аз аз 2 то 16 дараҷа гарм ва шабона аз 0 то 7 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат рӯзона аз 0 то 14 дараҷа гарм ва шабона аз 2 то 10 дараҷа хунук мешавад.

Дар рӯзҳои ҷудогона сардиҳо аз эҳтимол дур нест. Боришот аз меъёр зиёд мешавад: дар водиҳо – аз 43 то 82 мм, дар доманакӯҳҳо – аз 86 то 102 мм. Боридани барфу борон ва фаромадани туман дар назар аст. Суръати вазидани шамол то 15-20 метр дар як сония пурзӯр шуда метавонад.

Дар вилояти Суғд низ моҳи январ обуҳавои гарм ва 1-2 дараҷа баландтар аз меъёр пешгӯӣ мешавад.

Дар водиҳо ҳарорати миёна рӯзона аз 0 то 12 дараҷа гарм (меъёр – аз 0 то 10 дараҷа хунук), шабона – аз 2 то 8 дараҷа (меъёр – аз 0 то 10 дараҷа хунук) пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорат шабона аз 7 то 14 дараҷа хунук (меъёр – аз 4 дараҷа хунук то 7 дараҷа гарм), рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 6 дараҷа гарм (меъёр – аз 4 дараҷа хунук то 7 дараҷа гарм) пешбинӣ шудааст.

Дар рӯзҳои ҷудогона сардиҳои то 10 дараҷа дар водиҳо ва то 18 дараҷа хунук дар кӯҳҳо пешгӯӣ мешавад. Боришот аз меъёр зиёд мешавад.Дар водиҳо миқдори боришот аз 9 то 39 мм (меъёр – аз 9 то 39 мм), дар кӯҳҳо аз 9 то 18 мм (меъёр – аз 9 то 18 мм) пешбинӣ шудааст. Боридани барфу борон, фаромадани туман ва вазиши шамол бо суръати аз 17 то 22 метр дар як сония дар назар аст.

Моҳи январи соли 2025 дар минтақаҳои кӯҳистони Ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ ҳарорат 1-2 дараҷа баландтар аз меъёр пешгӯӣ мешавад.

Шабона ҳарорат аз 3 то 11 дараҷа хунук, шабона аз 1 то 7 дараҷа хунук пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияи Дарвоз рӯзона ҳарорат гарм мешавад. Шабона дар рӯзҳои ҷудогона ҳарорат метавонад  аз 20 то 23 дараҷа хунук ва рӯзона аз 9 то 12 дараҷа хунук поин равад.

Боришот аз меъёр зиёдтар пешбинӣ шудааст: дар ғарби ВМКБ – аз 20 то 56 мм, дар Ноҳияҳои тобеи марказ – аз 39 то 150 мм. Пурзӯр шудани суръати вазиши шамол ва фаромадани туман дар назар аст.

Дар ноҳияҳои шарқи ВМКБ ҳарорат аз меъёр паст мешавад. Шабона ҳарорат аз 17 то 30 дараҷа хунук, дар Булункӯл – то 45 дараҷа хунук, рӯзона аз 9 то 12 дараҷа хунук (то 26 дараҷа хунук дар Булункӯл) пешбинӣ шудааст. Боришот ҳам аз меъёр зиёд пешгӯӣ шудааст: аз 6 то 41 мм. Боридани барфу борон ва фаромадани туман аз эҳтимол дур нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ