Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 феврали соли 2025

Asia-Plus

 

Имрӯз масъулини Вазорати адлия (09:00), Додгоҳи олӣ (10:00), Вазорати корҳои дохилӣ (11:00), Кумитаи андоз (11:00), филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов (10:00) ва филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хуллаи шаҳри Москва» (11:00) дар назди рӯзноманигорон оид ба фаъолияти худ дар соли 2024 ҳисобот медиҳанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 13 ФЕВРАЛ

Соли 2013 – Дар Тоҷикистон ширкати “Asian Express Airlines” таъсис ёфт.

Соли 2013 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи сарфарозгардонии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон фармон ба имзо расонид.

Соли 2020 – Рустам Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар барномаи интихоботии худ ба интихобкунандагон таъмини об, барқ, гармӣ ва тартибот дар нақлиёти оммавиро ваъда дод.

Соли 2020 – Фонди байналмилалии асъор бори дигар даъват намуд, ки мақомоти Тоҷикистон бо “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” ба хотири барқарор кардани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ кӯмак намоянд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1950 – Зодрӯзи Муродалӣ Салихов, собиқ раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Шӯравӣ ва баъдтар даврони истиқлоли Тоҷикистон (1987-2002).

Соли 1952 – Зодрӯзи Дилбар Валаматзода, пианинонавоз ва арғунуннавози шинохтаи тоҷик.

Дилбар Валаматзода, пианинонавоз ва арғунуннавози шинохтаи тоҷик дар оилаи ҳунарпеша Ғаффор Валаматзода дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ дар Консерваторияи давлатии Боку таҳсил карда, ҳамчун муаллими кафедраи фортепиано ва мудири кафедраи ансамбл дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Ӯ соли 1991 бо ҳамсараш, овозхони маъруф, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Адҳам Холиқов ба Италия ба шаҳри Милан ба кор таклиф шуданд. Валаматзода аз ихтисоси фортепиано, А. Холиқов аз вокал ба бачагон касб меомӯхтанд ва ҳарду якҷоя консерт медоданд.

Дилбар Валаматзода соли 1994 аз олам даргузашт.

Соли 1965 – Мавлуди Заробиддин Файзуллозода, собиқ вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.

Миллаташ тоҷик соли 1989 Донишкадаи политехникии Тошкентро бо ихтисоси муҳандиси соҳаи кӯҳкорӣ хатм кардааст.

Аз соли 2000 то соли 2017 дар вазифаҳои баландмақоми вазорату идораҳои Тоҷикистон кор кардааст.. Ҳамчунин як муддат муовини раиси вилояти Суғд низ буд.

Аз соли 2017 то соли 2019 сардори Саридораи  геологияи Тоҷикистон буд.

Солҳои 2019-2020 ба ҳайси вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Ҳоло муовини раиси вилояти Хатлон аст.

Соли 1967 – Фурӯғи Фаррухзод, шоири номдори муосири Эрон дар 32-солагӣ аз олам даргузашт.

Фурӯғи Фаррухзод шоири номдори муосири Эрон, ки дар Тоҷикистон низ ҳаводор дорад, соли 1935 ба дунё омада, соли 1967 дар 32-солагӣ дар як садамаи нақлиётӣ аз олам даргузашт. Вале тавонист дар зиндагии кутоҳи худ ба яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири Эрон табдил ёбад.

Фурӯғи Фаррухзод яке аз машҳуртарин шоирони муосири Эрон буд. Ӯ на танҳо бо шеърҳои худ, инчунин бо навовариҳо ва назари озоди худ дар адабиёти форсӣ шӯҳрат дошт. Маъруфтарин маҷмуаҳои шеърии ӯ “Асир”, “Девор”, “Исён” ва “Таваллуди дигар” мебошанд.

Соли 1973 – Мавлуди Гулноз Тоҳириён, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Ӯ таҳсили худро дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба итмом расонида, фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси омӯзгор оғоз кардааст. Ҳоло, ӯ котиби масъули шуъбаи Суғди Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва мушовири илмии маҷаллаи “Паёми Суғд” мебошад.

Гулноз дар маҷмуаҳои “Ашки ширин”, “Ғавғои сукут”, “Аз нигоҳ то шеър”, “Парвози дунё” ашъори худро интишор кардааст. Шеъри ӯ дорои тасвирҳои ҷолиб ва андешаҳои нодир буда, ишқ ва эҳсосоти инсонӣ дар меҳвари эҷодиёти ӯ қарор дорад.

Соли 2009 – Саидмуъмин Раҳимов, варзишгар, куштигири шӯравӣ ва тоҷик, Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ дар синни 62-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии радио аст. Ин рӯз аз соли 2012 бо қарори ЮНЕСКО ҷашн гирифта мешавад. Ин сана тасодуфан интихоб нашудааст. 13-уми феврал соли 1946 аввалин бор “Радиои СММ” ба эфир баромад, ки дафтараш дар қароргоҳи СММ макон дошт.

 

Ин ҷашнро ба ҳамкорони худ – кормандони радиои “Азия-Плюс” муборакбод мегӯем. Мавҷи радиостансияи “Азия-Плюс” 9-уми сентябри соли 2002 дар мавҷи 107FM ба эфир баромад. Зиёда аз 20 сол аст, ки гурӯҳи эҷодии радио барои шунавандагон матолиби ҷолибу муфид пешниҳод мекунад. Таманно мекунем, ки фаъолияти пурсамари кормандони радио солҳои зиёд дар ин равиш идома ёбад.

13-уми феврали соли 1895 кинематографияи ҷаҳонӣ оғоз ёфтааст. Бародарон Люмер патенти аввалин дастгоҳи сабти тасвирҳои ҳаракаткунанда – кинокамераро гирифтанд.

Люмер 28-уми декабри соли 1895 дар “Гран-кафе”-и Париж аввалин намоиши оммавии филми ҳуҷҷатии “Вуруд ба хати роҳи оҳан дар вокзали Ла-Сиёта”-ро баргузор намуд.

Дар яке аз рӯзҳои сешанбеи моҳи феврал Рӯзи байналмилалии пухтупази блини таҷлил карда мешавад, ки махсусан дар Англия ва Амрико маъмул аст. Имсол ин рӯз ба 13-уми феврал рост омад.

Дар ИМА аввалин ҷашни блинҳо соли 1950 дар Канзас баргузор шудааст. Аммо дар шаҳри Олнии Англия ин ҷашн зиёда аз 500 сол таҷлил мешавад.

Ҳамчунин, 13-уми феврал дар саросари ҷаҳон Рӯзи рифола таҷлил мегардад — ҷашне, ки ба мардум аҳамияти пешгирии бемориҳои гузарандаи ҷинсиро ёдрас мекунад.

Ниёз ба муҳофизат аз ҳомиладории ғайрихоҳишманд ва бемориҳои ҷинсӣ одамонро аз замонҳои қадим нигарон мекард. Тибқи маълумоти манбаъҳо, аввалин рифола дар таърих дар Миср пайдо шуда, онро худи фиръавн Тутанхамон истифода бурдааст. 

Ҷашн дар ҷаҳон аз соли 2013 таҷлил мешавад. Ин сана қабл аз таҷлили Рӯзи ошиқон дар бархе кишварҳои ҷаҳон ба таври тасодуфӣ интихоб нашудааст. Бо ин роҳ ҷомеаи тандурустӣ ба ҷуфтҳо дар бораи оқибатҳои номатлуби эҳтимолии муносибатҳои ҷинсӣ ёдрас мекунад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 13 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона -4+1º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 3+8º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 25-30º сард, дар баъзе минтақаҳо то 33-35º сард, рӯзона  8-13º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм,  рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 8-10º сард, рӯзона -1+1º.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз мураккабтарин низомҳои сиёсиро дорад, ки дар он дин ва демократия бо ҳам омехта шудаанд. Бисёре аз таҳлилгарон ин сохторро сахт...

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.

Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?

Дар Хадамоти алоқа мегӯянд, ки нархҳо поин рафта, суръат баланд шудааст, лекин дар асл вазъият чӣ хел аст?