Трамп гуфт, бо Путин “як суҳбати тӯлонӣ ва муфиди телефонӣ” анҷом додааст

Asia-Plus, аз рӯйи маводи ВАО

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико хабар додааст, ки бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия "як сӯҳбати тӯлонӣ ва муфиди телефонӣ" анҷом додааст.

Димитрий Песков, сухангӯи раёсатҷумҳурии Русия низ гуфтугӯи Трампу Путинро тасдиқ кардааст.

Трамп дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии "Truth Social" навишт, ки "мо масъалаҳои Укроин, Ховари Миёна, энерҷӣ, ҳуши маснуӣ, иқтидори доллар ва дигар мавзӯъҳоро баррасӣ кардем".

"Аввалин чизе, ки мо ҳар ду ба он розӣ шудем, ин аст, ки мо мехоҳем марги миллионҳо одамонро, ки дар ҷанги Русия бо Укроин рӯй медиҳанд, боз дорем", – изҳор доштааст Трамп.

Ба гуфтаи Трамп, ӯ бо Путин ба мувофиқа расидааст, ки ҳайатҳои ду кишвар дар масъалаи Укроин "фавран музокиротро оғоз хоҳанд кард".

"Ман аз котиби давлатии Амрико Марко Рубио, раиси СИA Ҷон Рэтклифф, мушовири амнияти миллии Амрико Майкл Уолтс ва фиристодаи вижа Стив Уиткофф хостам, музокиротро раҳбарӣ кунанд ва боварӣ дорам, ки муваффақ хоҳанд буд", – гуфтаст раисҷумҳури Амрико.

Ҳамчунин дар нигоштаи Трамп зикр мешавад, ки имкони сафари Путин ба Вашингтон ва сафари Трамп ба Маскав дар ҳоли баррасӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Песков, сухангӯи раёсатҷумҳурии Русия хабар дод, ки Путин ва Трамп ба мувофиқа расиданд, ки барои мулоқоти ҳузурӣ омода шаванд.

Инчунин, Песков таъйид кард, ки Путин Трампро барои сафари расмӣ ба Маскав даъват кардааст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълом кард, ки пас аз суҳбати телефонӣ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ҳамчунин, бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин ҳам гуфтугӯ анҷом додааст. Зеленский ҳам ин сӯҳбати телефонӣ бо Трампро тасдиқ кардааст.

Дар суҳбати телефонӣ Трамп ва Зеленский як қатор мавзӯъҳои марбут ба ҷангро баррасӣ кардаанд. Аммо гуфта мешавад, мавзуъи асосии ин гуфтугӯ дар бораи мулоқоте будааст, ки рӯзи ҷумъа қарор аст таҳти раёсати Ҷей Ди Вэнс, муовини раисҷумҳури Амрико ва Марко Рубио, котиби давлати ин кишвар дар Мюнхен баргузор шавад.

Трамп изҳори умед кардааст, ки натиҷаҳои ин мулоқот мусбӣ хоҳанд буд.

"Худованд мардуми Русия ва Укроинро баракат диҳад", – навиштааст ӯ дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии "Truth Social" .

Владимир Зеленский таъйид кардааст, ки ҳамтои амрикоияш ӯро дар бораи тафсилоти суҳбати худ бо Путин огоҳ кардааст.

"Сӯҳбати тӯлонӣ доштем. Дар бораи имконияти расидан ба сулҳ. Дар бораи омодагии мо барои ҳамкорӣ дар сатҳи ҳайатҳо. Дар бораи имкониятҳои фанноварӣ, аз ҷумла, паҳподҳо ва дигар истеҳсолоти муосир. Аз раисҷумҳур Трамп барои таваҷҷӯҳ ба он чӣ ки мо метавонем бо ҳам анҷом диҳем, сипосгузорам. Мо сӯҳбати худро бо Скотт Бессент баррасӣ кардем ва омодагии барои созишномаи нав дар соҳаи амният ва ҳамкории иқтисодро муҳокима кардем. Раисҷумҳур Трамп маро дар бораи тафсилоти сӯҳбати худ бо Путин огоҳ кард. Укройн бештар аз ҳама сулҳ мехоҳад. Мо қадамҳои муштараки худро бо Амрико барои қатъ кардани таҷовузи Русия ва таъмини сулҳи боэътимод ва давомдор муайян мекунем. Ҳамон тавре ки Трамп гуфт, "биёед ин корро анҷом диҳем". Мо дар бораи робитаҳо ва мулоқотҳои минбаъда мувофиқа кардем", – навишт Зеленский дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз мураккабтарин низомҳои сиёсиро дорад, ки дар он дин ва демократия бо ҳам омехта шудаанд. Бисёре аз таҳлилгарон ин сохторро сахт...

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.

Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?

Дар Хадамоти алоқа мегӯянд, ки нархҳо поин рафта, суръат баланд шудааст, лекин дар асл вазъият чӣ хел аст?