Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо

Намояндаи сатҳи олии Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба умури хориҷӣ ва сиёсати амният, ноиби президенти Комиссияи Аврупо Кайя Каллас раёсати вохӯриро дар сатҳи вазирони ИА ва Осиёи Марказӣ (ОМ) ба уҳда хоҳад дошт. Ин вохӯрӣ рӯзи 27 март дар Ашқобод (Туркманистон) бо иштироки вазирони корҳои хориҷии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон баргузор мешавад. Дар […]

Asia-Plus

Намояндаи сатҳи олии Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба умури хориҷӣ ва сиёсати амният, ноиби президенти Комиссияи Аврупо Кайя Каллас раёсати вохӯриро дар сатҳи вазирони ИА ва Осиёи Марказӣ (ОМ) ба уҳда хоҳад дошт. Ин вохӯрӣ рӯзи 27 март дар Ашқобод (Туркманистон) бо иштироки вазирони корҳои хориҷии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон баргузор мешавад. Дар ин бора намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

“Ба ҷуз омодагӣ ба нахустин дар таърих нишасти ИА – Осиёи Марказӣ дар Самарқанд рӯзҳои 3-4 апрели соли 2025, ба маҷмӯи васеи масъалаҳо, аз ҷумла таъсири ҷанги Русия алайҳи Украина ба минтақа, инчунин нақлиёт, алоқаи рақамӣ, аёши хоми муҳим, энергетика ва захираҳои обӣ, савдо, робитаҳо байни одамон, маориф ва таҳқиқоти илмӣ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд”, – омадааст дар хабар.

Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ дар сатҳи вазирони ИА – ОМ баёния (коммюнике)-и муштарак қабул карда мешавад.

Пеш аз вохӯрӣ Кайя Каллас бо президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳҳамедов, инчунин вазири корҳои хориҷии ин кишвар Рашид Мередов ва Тоҷикистон – Сироҷиддин Муҳриддин дидору гуфтушунид мекунад.

Роҳбари дипломатияи Аврупо аз Ашқобод ба Ӯзбекистон раҳсипор шуда, бо президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев ва вазири умурии хориҷии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов дидопру гуфтушунид анҷом медиҳад.

Сипас ӯ ба Алмато рафта, рӯзи 28 март бо президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва вазир корҳои хориҷии ин кишвар Мурат Нуртлеу вомехӯрад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.