Дар Душанбе Маркази хизматрасониҳои давлатӣ боз мешавад. Он барои чӣ лозим аст?

Asia-Plus

Ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе Маркази хизматрасониҳои давлатӣ боз мешавад, ки ба аҳолӣ ҷиҳати истифода аз портали ягонаи давлатии хизматрасониҳои давлатӣ – Hukumat.tj (Egov.tj) кумак хоҳад кард.

Тавре ки АМИТ “Ховар” бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди президенти ҶТ хабар медиҳад, дар назар аст, ки чунин марказҳои хизматрасонии давлатӣ давра ба давра дар шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ кушода шуда, номгӯи хизматрасониҳои давлатие, ки аз тариқи электронӣ пешниҳод мегарданд, зиёд шаванд.

Платформаи рақамии Hukumat.tj як қисмате аз барономаи ҳукумат дар самти рақамисозии идоракунии давлатӣ аст. Дар айни замон дар ин портал 56  сомонаи расмии мақомоти давлатӣ сохта шуда, бо 22 мақомоти давлатӣ шартномаи муштарак оид ба гузариш ба  ин портал ба имзо расидааст.

“Асоси ташаккули ҳукумати электрониро дар Тоҷикистон баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, баланд бардоштани сатҳи сифат ва дастрас будани хизматҳои иҷтимоие, ки ба шаҳрвандон ва ташкилот расонида мешаванд, инчунин сода гардонидани қоидаҳо ва кам кардани муҳлати расонидани хизматҳои иҷтимоӣ, кам кардани хароҷоти маъмурӣ, ки ба расонидани ин хизматҳо вобастагӣ доранд, дар бар мегиранд», – шарҳ додааст ин масъаларо сармутахассиси Раёсати танзими ҳукумати электронии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди президенти ҶТ Фарзона Бобозода.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо тасмим гирифта шудааст, ки дар аввал пешниҳоди хизматрасонии давлатие, ки бештар ба шаҳрвандон заруранд, аз тариқи портал ба роҳ монда шавад.

“Дар ин марҳила аз тариқи портал 11 хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ ба аҳолӣ пешниҳод карда шуд, аз ҷумла додани ваколатнома барои идора намудани воситаи нақлиёт, иҷозат барои истифодаи воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, хулоса барои гирифтани тамғаҳои аксизӣ, маълумот оид ба доштан ва надоштани доғи судӣ, баҳисобгирии тӯйҳои домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, қаблан Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶТ дар шашмоҳаи соли 2024 нисбат ба 72 сомонаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва 57 сомонаи мақомоти марказии давлатӣ санҷиш гузаронида, дар натиҷа муайян карда шудааст, ки аксарияти сомонаҳо аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ба талабот ҷавобгӯ набуда, баъзе сомонаҳо фаъол нестанд.

Зикр мегардад, ки аз фаъолияти 72 сомонае, ки агентӣ санҷиш гузаронид, муайян карда шудааст, ки дар ягон сомонаи мақомоти давлатӣ эълони озмунҳо нашр карда намешавад.

Маросими муаррифии Портали ягонаи давлатии EGOV.TJ рӯзи 7 апрел дар доираи Ҳафтаи ICT Week баргузор шуд. Он замон зикр гардида буд, ки дар ҳамон вақт зиёда аз 40 сомонаи вазорату идораҳо аз лиҳози техникӣ омода буданд, аз ҷумла сомонаҳои шаҳрдории Душанбе ва Додситонии кул (Прокуратураи генералӣ).

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд

Наврӯз ҷашни суннатии эрониён аст, аммо имрӯз дар Тоҷикистон, ва баъзе манотиқи кишварҳои ҳавзаи Наврӯз анъанаҳои замоне маъмули он, аз ҷумла хонатаконӣ, пухтани суманак,...

Холмурод Раҳмон, раисе, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кораш таъриф карда буд, даргузашт

Ӯро имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хок супориданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 51

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Музокироти сулҳ миёни Амрико ва Эрон. Трамп бо пофишорӣ тасдиқ кард, аммо мақомоти Эрон рад мекунанд

Зарбулаҷали 48 - соата барои Эрон ҳам, баъди посухи таҳдидомези Теҳрон, 5 рӯз ба таъхир афтод.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026

Имрӯз дар маркази Душанбе ва ҳама навоии он чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешавад.

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.