Рустами Эмомалӣ дар дидор бо Владимир Путин масоили вобаста ба муҳоҷиратро баррасӣ кардааст

Asia-Plus

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, ки дирӯз, 28-уми май, бо як сафари расмӣ ба Маскав рафт, бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, мулоқот кард.

Зимни ин мулоқот, тибқи иттилои расмии то ин замон интишоршуда, масоили вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ гардидааст. 

“Равона сохтани талошҳо барои ҳалли ҷанбаҳои ҳалталаби соҳаи муҳоҷират аз мавзӯъҳои дигари суҳбати ҷонибҳо буд”, – гуфта мешавад дар хабарҳои расмӣ.

Аммо тафсилоти бештари масоили дигари баррасишуда дар ин маврид ҳоло дастрас нест.

Ҳамчунин, саҳифаи Маҷлиси миллӣ дар “Фейсбук” навиштааст, ки дар мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Владимир Путин дар мавриди вазъи Афғонистон низ гуфтугӯ сурат гирифтааст.

Манбаъ навиштааст, ки дар ин дидор маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо аз робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, тамоили мусбати ҳамкории мутақобила дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳарбиро таъкид намудаанд.

 

Ҳамчунин, зимни ин сафар, субҳи имрӯз, 29-уми май, Рустами Эмомалӣ бо Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия мулоқот карда, вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Тибқи итилои расмӣ, масъалаҳои танзими муҳоҷират ва тавсеаи равобити фарҳангию гуманитарии миёни ду кишвар аз мавзӯъҳои дигари суҳбат будааст. Вале тафсилоти бештаре дар мавриди гуфтушуниди ҷонибҳо дар самти муҳоҷират ҳоло дастрас нест.

Дар ин дидор дар мавриди беҳтар кардани робитаҳои байнипарлумонӣ низ гуфтугӯ сурат гирифта, ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳо ба иқтисоди Тоҷикистон зарур дониста шудааст.

 

Пештар аз ин, Рустами Эмомалӣ бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Маҷлиси федералии Русия низ мулоқот карда, масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва шарикии стратегии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дод.

Тибқи иттилоъи расмӣ, дар ин дидор ҷонибҳо дар мавриди масоили мубрами минтақаиву байналмилалӣ низ гуфтугӯ анҷом додаанд.

 

Бояд гуфт, сафари расмии Рустам Эмомалӣ дар Русия дирӯз бо гузоштани гулчанбар дар назди оромгоҳи сарбози номаълум дар боғи Александри шаҳри Москва оғоз гардид. Ӯ дар назди гулхани абадӣ гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи қаҳрамононро пос доштанд.

Ёдовар мешавем, ки зимни сафари расмӣ Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд

Наврӯз ҷашни суннатии эрониён аст, аммо имрӯз дар Тоҷикистон, ва баъзе манотиқи кишварҳои ҳавзаи Наврӯз анъанаҳои замоне маъмули он, аз ҷумла хонатаконӣ, пухтани суманак,...

Холмурод Раҳмон, раисе, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кораш таъриф карда буд, даргузашт

Ӯро имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хок супориданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 51

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Музокироти сулҳ миёни Амрико ва Эрон. Трамп бо пофишорӣ тасдиқ кард, аммо мақомоти Эрон рад мекунанд

Зарбулаҷали 48 - соата барои Эрон ҳам, баъди посухи таҳдидомези Теҳрон, 5 рӯз ба таъхир афтод.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026

Имрӯз дар маркази Душанбе ва ҳама навоии он чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешавад.

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.