Як ширкати ҷопонӣ муҳоҷирони тоҷикро ба кор даъват мекунад. Маош чӣ қадар ва талабот чӣ гуна аст?

Ширкати ҷопонии “MAYA MIRAI” шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор дар соҳаҳои сохтмон, кишоварзӣ, коммуналӣ, хоҷагидорӣ ва хидматрасонӣ дар меҳмонхонаву тарабхонаҳо даъват кардааст. Дар ин бора Оҷонсии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод. Аз ин ниҳод гуфтанд, талабот барои довталабон чунин аст: – аз 18 то 50-сола; – донистани забони ҷопонӣ дар […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Ширкати ҷопонии “MAYA MIRAI” шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор дар соҳаҳои сохтмон, кишоварзӣ, коммуналӣ, хоҷагидорӣ ва хидматрасонӣ дар меҳмонхонаву тарабхонаҳо даъват кардааст.

Дар ин бора Оҷонсии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Аз ин ниҳод гуфтанд, талабот барои довталабон чунин аст:

– аз 18 то 50-сола;

– донистани забони ҷопонӣ дар сатҳи муошират;

– доштани шаҳодатномаи тахассусӣ;

– доштани шаҳодатномаи касбӣ. 

Ба иттилои манбаъ маош аз 1500 доллар дар як моҳ оғоз мешавад. Оҷонсӣ мегӯяд, теъдоди квотаи пешбинишуда барои шаҳрвандон ҳоло маълум нашудааст. Қаблан, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳудуди 60 ҷойи кории пешбинишударо эълон карда буд.

Аз Оҷонсӣ гуфтанд, ки хоҳишмандон барои машварат ва сабти ном ба суроға ва рақамҳои зерин метавонанд муроҷиат кунанд:

шаҳри Душанбе – кӯчаи Лоҳутӣ 108, 250-32-42, 221-39-67,

+992 555 55 10 80, +992 987 906 666, +992 915 767 743, +992 930 934 994, +992 934 53 51 93, +992 906 88 93 13, +992 948 21 21 12;

шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 28, бинои 2А, +992 92 807 99 99;

шаҳри Бохтар, кӯчаи Файзали Саид 69, +992 90 580 00 63, +992 93 487 88 28;

шаҳри  Хоруғ, кӯчаи Н. Атобек 1,+992 93 510 14 39;

шаҳри Панҷакент, +992 92 810 05 53.

Қаблан Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнати Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро ба омӯзиши забони ҷопонӣ барои кори минбаъда дар Ҷопон даъват карда буд. Ин ниҳод гуфта буд, ки дар ин давра танҳо 60 нафар дар курсҳои омӯзиши забон сабт ва се моҳ омӯзиш мегиранд.

Хадамоти муҳоҷират таъкид карда буд, “шаҳрвандоне, ки ин забонро муваффақона аз худ мекунанд, барои сафарбаршавӣ барои кор дар соҳаҳои гуногун дар кишвари Ҷопон дар соли 2026 ба қайд гирифта мешаванд”.

Ёдрас мешавем, ки Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нишасти қаблӣ аз имзои шартнома ба як қатор кишварҳо, аз ҷумла Ҷопон барои ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ иттилоъ дода буд. Ӯ таъкид карда буд, ки соли 2024 Вазорат дар соҳаи меҳнат бо 15 кишвар 41 санади ҳуқуқӣ ба имзо расонид, ки дар байни онҳо кишвари Ҷопон низ қарор доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.