Дар пайи таркиши балони газ дар Суғд як наврас захмӣ шудааст

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов як балони газ таркида, сабаби ҷароҳат бардоштани навраси 13-солаи ноҳия шудааст. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ), ин ҳодиса рӯзи 14-уми сентябр дар хонаи Меҳроҷ Самадов, як сокини шаҳраки Меҳрободи ноҳияи мазкур “бо сабабҳои номаълум” рух додааст. Мақомот гуфтаанд, ки сабаби инфиҷорро муайян мекунанд. Наврасе, ки дар пайи ин ҳодиса ҷароҳат […]

Asia-Plus

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов як балони газ таркида, сабаби ҷароҳат бардоштани навраси 13-солаи ноҳия шудааст.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ), ин ҳодиса рӯзи 14-уми сентябр дар хонаи Меҳроҷ Самадов, як сокини шаҳраки Меҳрободи ноҳияи мазкур “бо сабабҳои номаълум” рух додааст.

Мақомот гуфтаанд, ки сабаби инфиҷорро муайян мекунанд.

Наврасе, ки дар пайи ин ҳодиса ҷароҳат бардоштааст, ҳоло дар бемористон қарор дорад.

Бояд гуфт, ки сокинони рустоҳои Тоҷикистон барои омода намудани хӯрок аз балонҳои гази моеъ истифода мекунанд. Таркиши балонҳо дар гузашта ҳам рух дода буд ва сабаби захмиву дар баъзе ҳолатҳои марги сокинони гардида буд.

Аз ҷумла, моҳи майи соли 2023 бар асари таркиши балони гази моеъ дар нуқтаҳои тезтаёри назди бозори марказии ноҳияи Панҷ 28 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, 1 тани онҳо фавтида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.