Шарҳи Трамп дар бораи лағви мулоқоташ бо Путин, надодани мушаки “Томҳавк” ва таҳримҳо алайҳи “Роснефт” ва “Лукойл”

Asia-Plus

Дидори Доналд Трамп ва Владимир Путин, раисҷумҳурҳои Амрико ва Русия, ки қарор буд, дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор шавад, бекор шудааст. Раисҷумҳури Амрико гуфт, намехоҳад вохӯрии “беҳуда” дошта бошад. 

Тавре хабаргузории "Би-Би-си" менависад, Доналд Трамп гуфтааст, эҳтимол мулоқоти онҳо дертар сурат гирад. Ба гуфтаи ӯ, суҳбатҳо бо Владимир Путин одатан дар фазои мусбат сурат гирифта, вале "натиҷаҳои мушаххас намеоранд".

Рӯзи 21-уми октябр як мақоми Кохи сафед ба хабарнигорон гуфта буд, ки ҳеҷ барноме барои дидори Доналд Трамп ва Владимир Путин дар “ояндаи наздик” вуҷуд надорад.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш раисҷумҳури Амрико пас аз суҳбати телефонӣ бо ҳамтои русаш гуфта буд, ки эҳтимол “дар ду ҳафтаи оянда” дар Маҷористон бо ӯ вохӯрад. Мавзуи асосии дидори эҳтимолии онҳо поён додан ба ҷанг дар Украина гуфта мешуд. 

 

Доналд Трамп: "Барои азхуд кардани истифодаи "Томаҳавк"  то 1 сол лозим аст"

Ба иттилои хабарагузории "Би Би Си", Доналд Трамп гуфтааст, ки барои омӯзиши истифодаи мушакҳои дурпарвози "Томҳавк" на камтар аз 6 моҳ ва одатан тақрибан 1 сол лозим аст. Ӯ шарҳ додааст, ки маҳз тӯлонӣ будани давраи омӯзиш, сабаб шудааст, ки Амрико мушакҳоро ба Украина намедиҳад.

"Бе чунин омодагӣ низомиёни украинӣ наметавонанд "Томаҳавк"-ро истифода баранд. Танҳо як имконият мемонад – агар мо худамон онҳоро ба кор андозем, вале ин кор сурат намегирад", – таъкид кардааст Трамп

Ҳарчанд Доналд Трамп қаблан, имкони додани ин мушакҳоро ба Украина рад накарда буд, вале ба гуфтаи коршиносон, дар мулоқот бо Владимир Зеленский, президенти Украина дар Кохи Сафед ба ӯ паём дод, ки ин кор сурат намегирад.

Ӯ ҳамчунин, гуфтааст, ки ИМА то ҳол ният надорад, ки низомиёни кишварҳои дигарро тарзу усулҳои истифодаи "Тоҳавк"-ро омӯзонад.

Мулоқоти сеюми Владимир Зеленский бо Доналд Трамп дар Кохи Сафед рӯзи 17-уми октябр баргузор шуд. Ба навиштаи расонаҳо, он бидуни пешрафти дипломатӣ, кафолатҳои амниятӣ ва “инқилоб”-е дар масъалаи дастгирии Амрико аз Украина ба поён расид. 
 

Таҳримҳо Амрико алайҳи "Роснефт" ва "Лукойл"

Доналд Трамп дар робита ба таҳримҳои Вазорати молияи ИМА алайҳи ширкатҳои русии "Роснефт" ва "Лукойл" изҳори умедворӣ кардааст, ки онҳо ба зудӣ бекор хоҳанд шуд.

"Ин таҳримҳои хеле ҷиддӣ ҳастанд… Мо умедворем, ки онҳо дер давом намекунанд ва масъалаи ҷанг ба наздикӣ ҳаллу фасл мешавад", – гуфтааст ӯ ба рӯзноманигорон пас аз мулоқот бо Марк Рютте, дабири кулли НАТО.

Дирӯз, 22-юми октябр Скотт Бесент, вазири молияи ИМА эълом дошт, ки алайҳи ду ширкати истеҳсоли нафти Русия – “Роснефт” ва”Лукойл” таҳримҳо ҷорӣ кардааст.

Скотт Бессент, ки масъули назорати таҳримҳои ин кишвар аст, далели таҳримҳои нав алайҳи Русияро ба "саркашӣ”-и Владимир Путин, раисҷумҳури Русия “аз хотима додан ба ҷанги бемаъно" дар Украина хондааст. 

Ба гуфтаи Бессент, “Роснефт” ва “Лукойл” “мошини ҷангии Кремлин”-ро таъмини молӣ мекунанд. Ӯ афзудааст, ки “замони он расидааст, ки куштор боздошта шавад ва оташбаси фаврӣ барқарор гардад”.

Ба навиштаи ББС, “Роснефт” ва “Лукойл” дар умум дар як рӯз 1,3 миллион бушкаи нафт содир мекунанд ва “Роснефт” ба танҳои истихроҷи тақрибан нисфи нафти Русияро бар уҳда дорад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд

Наврӯз ҷашни суннатии эрониён аст, аммо имрӯз дар Тоҷикистон, ва баъзе манотиқи кишварҳои ҳавзаи Наврӯз анъанаҳои замоне маъмули он, аз ҷумла хонатаконӣ, пухтани суманак,...

Холмурод Раҳмон, раисе, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кораш таъриф карда буд, даргузашт

Ӯро имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хок супориданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 51

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Музокироти сулҳ миёни Амрико ва Эрон. Трамп бо пофишорӣ тасдиқ кард, аммо мақомоти Эрон рад мекунанд

Зарбулаҷали 48 - соата барои Эрон ҳам, баъди посухи таҳдидомези Теҳрон, 5 рӯз ба таъхир афтод.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026

Имрӯз дар маркази Душанбе ва ҳама навоии он чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешавад.

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.