Вазири дифои Тоҷикистон бо ҳамтои покистонияш дар Исломобод мулоқот кард

Эмомалӣ Собирзода, вазири мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 13-уми ноябр дар шаҳри Исломободи Покистон бо Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифои ин кишвар дидору гуфтугӯ кардааст. Ба иттилои сомонаи Вазорати дифои Тоҷикистон, Эмомалӣ Собирзода дар ин вохӯрӣ гуфтааст, ки “Покистон дар сафи шарикони калидии Тоҷикистон қарор дорад ва ин омил метавонад ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти низомӣ низ рушди […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Эмомалӣ Собирзода, вазири мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 13-уми ноябр дар шаҳри Исломободи Покистон бо Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифои ин кишвар дидору гуфтугӯ кардааст.

Ба иттилои сомонаи Вазорати дифои Тоҷикистон, Эмомалӣ Собирзода дар ин вохӯрӣ гуфтааст, ки “Покистон дар сафи шарикони калидии Тоҷикистон қарор дорад ва ин омил метавонад ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти низомӣ низ рушди бештар бахшад”.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои Покистон бо такя ба Вазорати дифои ин кишвар навиштаанд, ки Хоҷа Осиф дар ин дидор омодагии қатъии Покистонро барои таҳкими сулҳ, субот ва ҳамкорӣ дар тамоми минтақа, махсусан бо кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳор доштааст.

Ба навиштаи расонаҳои покистонӣ, ҷонибҳо дар баробари масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи дифоӣ, роҳҳои нави густариши ҳамкориҳои низомиро низ баррасӣ кардаанд.

 

Бояд гуфт, пештар аз ин Эмомалӣ Собирзода бо Шамшод Мирзо, сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Покистон низ мулоқот ва ҳамкориҳои низомиро баррасӣ карда буд.

Ба иттилои сомонаи Вазорати дифои Тоҷикистон, дар ин дидор ҷонибҳо масъалаи “ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ — техникӣ”-ро баррасӣ ва “дар шароити вазъи ноустувори минтақа ва ҷаҳон боз ҳам мустаҳкам кардани дӯстиву бародариро муҳим" арзёбӣ кардаанд.

Баргузории машқҳои муштарак дар ҳарду кишвар, табодули таҷриба ва омӯзиш додани низомиён аз мавзӯъҳои дигари ин суҳбат будааст.

Ба иттилои расонаҳои покистонӣ, Шамшод Мирзо таъкид кардааст, ки ҳарду кишвар манфиатҳои минтақавии муштарак доранд ва ба ҳамкорӣ ва тақвияти низомии худ идома медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.