Хатсайри ҳавоии Душанбе – Машҳад – Душанбе. Боз як ширкати эронӣ ба парвоз оғоз кард

Эмомалӣ Сайидзод, Asia-Plus

Миёни шарҳои Душанбе ва Машҳад боз як хатсайри мустақими парвоз боз шуд. Дирӯз аввалин ҳавопаймои хурди ширкати Raimon Airways –  Embraer ERJ бо 15 мусофир аз ин шаҳри Эрон ба пойтахти Тоҷикистон расид. Ин тамғаи тайёра дорои ғунҷоиши 45 мусофир будааст.

Сафар тақрибан якуним соат тӯл мекашад. Чипта 110 доллар – муодили 1020 сомонӣ бо қурби ҷорӣ – арзиш дорад.

Бояд гуфт, ҳоло миёни ин ду шаҳр ҳавопаймоҳои ширкати эронии Varesh Airlines низ парвоз мекунанд.

Муфассал дар гузориши мо тамошо кунед:

 

 Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд

Наврӯз ҷашни суннатии эрониён аст, аммо имрӯз дар Тоҷикистон, ва баъзе манотиқи кишварҳои ҳавзаи Наврӯз анъанаҳои замоне маъмули он, аз ҷумла хонатаконӣ, пухтани суманак,...

Холмурод Раҳмон, раисе, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кораш таъриф карда буд, даргузашт

Ӯро имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хок супориданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 51

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Музокироти сулҳ миёни Амрико ва Эрон. Трамп бо пофишорӣ тасдиқ кард, аммо мақомоти Эрон рад мекунанд

Зарбулаҷали 48 - соата барои Эрон ҳам, баъди посухи таҳдидомези Теҳрон, 5 рӯз ба таъхир афтод.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026

Имрӯз дар маркази Душанбе ва ҳама навоии он чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешавад.

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.