Имрӯз, 12-уми январ Эмомалӣ Раҳмон дар Додгоҳи олӣ, Додгоҳи олии иқтисодӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ чанд нафарро аз вазифа озод ва нафарони дигарро ба ҷои онҳо таъин кард.
Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур менависад, бо қарори ҳукумати кишвар се муовини вазири корҳои хориҷии кишвар нав шуданд. Идибек Қаландар муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин гардид. Ӯ чанде пеш аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Вена озод шуда буд.
Нигина Ализода, ки имрӯз “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи муовини якуми вазири адлияи Тоҷикистон озод гардид, муовини дигари вазири корҳои хориҷӣ таъин шуд. Ба ҷои Ализода кӣ муовини якуми вазорати адлия таъин шудааст, маълум нест.
Саноӣ Бойзода низ ба вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ то ин дам намояндаи Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал буд.
Аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ин се курсии муовинони вазир баъди тағйироти кадрии чанд вақти охир холӣ буд.
Ҳамчунин, бо қарори ҳукумати кишвар Раъно Ҳошимзода директори Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъин шудааст. Қаблан Илҳомуддин Иброҳимзода дар ин мансаб буд. Маълум нест, ки Раъно Ҳошимзода пеш аз ин дар кадом вазифа буд, аммо як сол пеш “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи раиси шаҳри Гулистон озод шуда буд.
Ҳамчунин, Довуд Ализода, ба ҷои Хурсанд Содиқзодамуовини якуми директори Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илм таъин шудааст. Бо қарори дигар, Дилором Муқимӣ ба ҷои Дилафрӯз Назарализода муовини дигари директори Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илм таъин шуд. Маълум нест, ки Назарализода ба чӣ вазифа таъин шудааст.
Инчунин, Мирзошо Ҳукматов “бо сабаби ба нафақа баромадан” аз вазифаи директори генералии “Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон” озод шуда, Некрӯз Назирзода ба ин вазифа таъин шудааст.
Фарангис Шарифзода низ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи муовини директори Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон озод шуда, Парвиз Абдуллозода ба ҷойи ӯ муовини директори Марказ таъин шудааст. Комрон Ҷамшедзода бошад, ба вазифаи муовини якуми директори ин ниҳод таъин шудааст. То имрӯз Муҳаммадҷон Соҳибзода муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузорӣ буд.
Раисони додгоҳҳои шаҳру навоҳӣ низ нав шуданд
Бо фармони раисҷумҳури кишвар раисони додгоҳу додгоҳҳои иқтисодӣ ва додрасҳои чанд шаҳру навоҳӣ аз вазифа озод ва ба вазифаҳои дигар таъин гардиданд. Аз ҷумла, президенти кишвар ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод кардааст, ки Муҳаммадҷалолиддин Кенҷазода ва Сафарбек Ғуломзода, додрасҳои Додгоҳи олӣ “бинобар ба охир расидани муҳлати ваколаташон” бозхонд шуда, аз нав ба ин вазифа интихоб гарданд. Ҳамчунин раисҷумҳур интихоби Одил Нурализода, додраси Додгоҳи иқтисодии Душанберо ба вазифаи додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ ба парлумони кишвар пешниҳод кардааст.
Саидхоҷа Шарифзода барои “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, аз вазифаи додраси додгоҳи шаҳри Роғун озод карда шудааст. Аммо мушаххас гуфта намешавад, ки ӯ чӣ кирдор содир кардааст.
Ҳамчунин, Икром Раҳмонзода аз вазифаи додраси додгоҳи ноҳияи Хуросон, Одил Нурализода аз вазифаи судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Маҳинабону Сафарзода аз вазифаи раиси додгоҳи шаҳри Норак “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифа озод шудаанд. Вазифаҳои нави онҳо низ маълум нест.
Ҳамза Акрамзода бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи додрас будан аз вазифаи додраси додгоҳи шаҳри Кӯлоб озод шудааст.
Аҳмад Бобозода низ аз вазифаи додраси додгоҳи ноҳияи Сино озод шудааст. Аммо сабаби барканориаш ва вазифаи дигари ӯ гуфта намешавад. Ҳамчунин, раисони додгоҳ ва додрасҳои зерин аз вазифа озод ва ба вазифаи нав таъин шудаанд:
– Гулбону Саидзода аз вазифаи раиси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт озод ва раиси додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин шуд.
– Муҳаммад Мирзозода, аз аз вазифаи раиси додгоҳи шаҳри Исфара озод гардида, ба ҷойи Гулбону Саидзода раиси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин гардид.
– Акбаралӣ Каримӣ, аз мансаби раиси додгоҳи ноҳияи Мурғоби ВМКБ озод ва раиси додгоҳи ноҳияи Шаҳристон таъин шуд.
– Раҳимшо Ғарибшозода, ки то имрӯз муовини раиси додгоҳи иқтисодии ВМКБ буд, раиси суди ноҳияи Мурғоби ин вилоят таъин гардид.
– Аҳлиддин Назарзода, аз вазифаи додраси вилояти Хатлон озод ва раиси додгоҳи ноҳияи Вахш таъин шуд.
– Фарҳод Наимзода, ки то имрӯз додраси ноҳияи Ёвон буд, раиси додгоҳи ноҳияи Ховалинг таъин шуд.
– Алиҷон Ҳамдамзода, ки то ин дам муовини раиси додгоҳи ноҳияи Ёвон буд, раиси додгоҳи шаҳри Норак шуд.
– Муҳаммад Салимзода, ки то имрӯз раиси додгоҳи ноҳияи Сангвор буд, раиси додгоҳи ноҳияи Рашт таъин шуд.
– Бахтиёр Искандарзода раиси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ таъин шуд. Ӯ то имрӯз раиси додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон буд.
– Раҳмоналӣ Исмоилзода, ки то имрӯз муовини раиси додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд буд, муовини раиси додгоҳи иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуд.
– Фаррух Хоҷазода додраси додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон шуд. Ӯ имрӯз бо сабаби анҷом ёфтани муҳлати ваколаташ аз вазифаи додраси додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд озод гардид.
– Суҳроб Нурализода, ки то ин дам додраси додгоҳи ВМКБ буд, додраси додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ таъин гардид.
– Нодир Назирзода, ки то имрӯз додраси додгоҳи ноҳияи Данғара буд, додраси додгоҳи вилояти Хатлон таъин шуд.
– Рустам Садирзода, ки пеш аз ин додраси додгоҳи ноҳияи Ёвон буд, муовини раиси додгоҳи ин ноҳия таъин шуд.
– Муродҷон Раҷабзода додраси додгоҳи вилояти Суғд таъин гардид. Ӯ имрӯз аз вазифаи муовини раиси додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов озод шуд.
– Амриддин Сафозода, ки қаблан аз вазифаи додраси додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт буд, додраси додгоҳи вилояти Суғд таъин гардид.
– Сӯҳроб Хайруллозода ба ҷойи Муродҷон Раҷабзода муовини раиси додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шуд. Ӯ пештар додраси додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов буд.
– Одинашоҳ Аёмзода, ки то имрӯз додраси додгоҳи ВМКБ буд, додраси додгоҳи ноҳияи Ховалинги вилояти шуд.
– Содиқ Саидназарзода додраси додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин шуд. Ӯ то имрӯз додраси додгоҳи ноҳияи Ховалинг буд.
Ҳамчунин, Бахтиёр Наимзода, додраси додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд, Суҳроб Қурбонализода, додраси додгоҳи ноҳияи Син, Маҳмадҷони Ҳасанзод додраси додгоҳи ноҳияи Ёвон, Саидасрор Ҷалилзода додраси додгоҳи ноҳияи Хуросон, Саидбасир Ҳабибзода додраси додгоҳи ноҳияи Ҷаллолиддини Балхӣ таъин шуданд.
Ҳамасола дар оғози моҳи январ дар баъзе аз идораҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом мешавад. Аз ҷумла чанде пеш раисони 9 шаҳру навоҳии Тоҷикистон, аз ҷумла Кӯлоб, Истаравшан, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, ду муовини раиси вилояти Хатлон, ёрдамчии президент дар робита ба масоили иҷтимоӣ, раиси Кумитаи рушди маҳал ва муовинонаш нав шуданд.


