Шикояти тоҷири ӯзбек аз кори гумруки Тоҷикистон. Муовини сарвазири Ӯзбекистон гуфт, “мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем”.

Asia-Plus

Муовини сарвазири Ӯзбекистон дар пайи шикояти соҳибкорони ин кишвар аз иқдоми мақомоти Тоҷикистон дар мавриди "эҷоди монеа" барои вуруди масолеҳи сохтмон, гуфт, ки дар чунин сурат "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем" ва ба сафири кишвараш дар Душанбе талаб кард, ки "ба онҳо паёми моро расонед".

Ба навиштаи gazeta.uz, ҷаласа бо иштироки Ҷамшед Хоҷаев, муовини нахуствазири Ӯзбекистон, сафирони ин Тошканд дар кишварҳои хориҷӣ ва тоҷирони ӯзбек рӯзи 17-уми январ баргузор шудааст. Дар ин ҷаласа, тоҷирон дар ҳузури муовини сарвазир ва сафиронашон аз мушкилҳое, ки дар хориҷ рӯбарӯ мешавад шикоят карда, барои ҳалли он мусоидат хостаанд.

Аз фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон намояндаи ширкати "Knauf", ки ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон машғул аст, шикоят кардааст.

“Мо бо Тоҷикистон, ки ба бозори он маҳсулоти худро содир мекунем, мушкил дорем. Ҳатто дар ҳолате, ки мо бастаи пурраи ҳуҷҷатҳоро пешниҳод созем ҳам, маҳсулоти моро ба реҷаи “захиравӣ”-и анҷоми расмиёти гумрукӣ дохил мекунанд. Ин ба он боис мешавад, ки арзиши маҳсулоти мо дар ин бозор 15% баландтар шавад”, – гуфтааст ин намояндаи ширкати "Knauf".

“Реҷаи захиравӣ”-и анҷоми расмиёти гумрук раванди махсусест, ки дар он маҳсулоти содироти, аз ҷумла аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон аз санҷиш ё коркарди иловагӣ мегузаранд. Ин ба зиёд шудани вақт ва арзиши анҷоми расмиёт оварда мерасонад.

Дар он метавонад расмиёти иловагӣ, аз ҷумла санҷиши ҳуҷҷатҳо, тасдиқи ҳатмии нарх ё дигар хусусиятҳои мол, инчунин чораҳои бештар шадид оид ба санҷиши мутобиқати маҳсулот ба меъёрҳои маҳаллӣ ҷой дошта бошад.

Пас аз шунидани шикояти намояндаи ширкати Knauf муовини нахуствазири Ӯзбекистон таъкид мекунад, ки агар шеваи кор чунин аст, "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем" ва ба сафири кишвараш дар Тоҷикистон мегӯяд, ки "ба онҳо (яъне ҷониби Тоҷикистон. -идора) паёми моро расонед". Ҳамчунин, ба масъулини Хадамоти гумруки кишвараш дастур медиҳад, ки бо ҳамтои тоҷикистониаш "суҳбат кунад".

 

Гап сари чист?

Иҷрокунандаи вазифаи раиси иттиҳодияи “Узпромстройматериалы” Илёс Раҳимов ба knews.kg дар ин робита изҳор доштааст, ки аз 1-уми декабри соли 2025 Тоҷикистон барои 1 тонна сафолпораи кулолии Ӯзбекистон 450 доллар пардохти иловагӣ ҷорӣ карда, арзиши заминавии гумрукӣ дар сатҳи 300 доллар муқаррар шудааст.

Дар натиҷа ба гуфтаи номбурда, арзиши умумии содироти ин маҳсулот ба бозори Тоҷикистон боло рафта, амалан содиротро қатъ месозад.

Раҳимов зикр кардааст, ки ҷониби Ӯзбекистон мустақиман ба мақомоти Тоҷикистон ҷиҳати бозбинии ин чораҳо муроҷиат кардааст, аммо давоми ду моҳи сипаришуда ягон қароре қабул нашудааст.

Ба қавли Раҳимов, агар пештар як миқдори маҳсулот 2 ҳазор доллар нарх дошт, пас акнун арзиши он ба 12 ҳазор доллар мерасад. Ин хароҷоти содиротро ба таври назаррас афзуда, барои тоҷирон ва истеҳсолкунандагон дар Ӯзбекистон душворӣ пеш меорад.

Посухи мақомоти Тоҷикистон ба ин "гила"-и тоҷири ӯзбек ва суханҳои муовини сарвазири Ӯзбекистон то ҳол нашр нашудааст.

 

Гардиши мол ва пардохти баланди гумрукӣ ба сементи Тоҷикистон

Бояд гуфт, ки Ӯзбекистон аз 5-уми ноябри соли 2024 анҷоми расмиёти гумрукии содироти семент аз Тоҷикистонро аз 35 доллар то ба 300 доллар барои 1 тонна боло бурд.

Ин тасмим ба коҳиши интиқоли семент аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон боис шуд ва нигаронии содиркунандагони тоҷикро ба бор овард. Онҳо мутмаинанд, ки боло бурдани маблағи пардохтҳои гумрукӣ бо маслиҳати корхонаҳои истеҳсоли сементи Ӯзбекистон сурат гирифтааст.

“Тибқи маълумоти расида, рӯзи 16-уми октябр дар Самарқанд бо иштироки намояндагони баъзе корхонаҳои истеҳсоли семент, ки сармоягузоронашон асосан шаҳрвандони Чин мебошанд, маҷлис баргузор шудааст. Дар маҷлис масоили марбут ба рушди соҳаи истеҳсоли семент дар Ӯзбекистон, нархгузорӣ ба ин масолеҳи сохтмон, инчунин созиш (маслиҳат) байни истеҳсолкунандагони семент дар ин кишвар баррасӣ шудааст”, – гуфта буд охири соли 2024 як манбаи “Азия-Плюс”.

Бино ба маълумоти Вазорати саноати Тоҷикистон, дар соли 2024 ҳаҷми интиқоли семент ба Ӯзбекистон аз 342 ҳазор тоннаи як соли пешин то ба 260,2 ҳазор тонна кам шудааст.

 

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои дастрас, дар соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон то 589,6 млн доллар расида, дар соли 2022 то 413,3 млн доллар каме поин рафт. Аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон бештар масолеҳи сохтмон ва маҳсулоти саноатӣ ворид карда мешавад.

Миёни маҳсулоти асосие, ки аз ин кишвар интиқол дода мешавад, метавон аз шиша, маснуот аз оҳан ва пӯлоду фулузот ном бурд.

Ҳамчунин метавон таҳвили маҳсулоти ҳавософкун ва сардсоз, аз ҷумла таҷҳизоти ҳавософкун, яхдонҳои омехта ва обгармкунаҳоро зикр кард.

Дар робита ба сафолпораҳои кулолӣ, ки мавриди баҳс шуданд, маблағи воридоти онҳо ба Тоҷикистон зиёда аз 4 млн долларро ташкил дод.

Тоҷикистон низ фаъолона ба Ӯзбекистон молу маҳсулот содир мекунад. Аз ҷумлаи маҳсулоти асосӣ метавон аз маъданҳои мис ва консентратҳо ба маблағи 28,47 млн доллар, маъданҳои руҳ ва консентратҳо – ба маблағи 75,13 млн доллар, инчунин маъдан ва консентратҳои фулузоти гаронббаҳо, ангишт, маҳсулоти полимерҳои пропилен, нахи пахта, алюминий ва маснуот аз он ном бурд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.

Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?

Дар Хадамоти алоқа мегӯянд, ки нархҳо поин рафта, суръат баланд шудааст, лекин дар асл вазъият чӣ хел аст?

Нархи гӯштро дар Тоҷикистон кӣ муқаррар мекунад?

Агар фурӯшанда бо ҳуҷҷат сохтори нархро тасдиқ карда тавонад, ӯро фақат барои гӯшти гови “гарон” ҷарима бастан имкон надорад.