Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 январи соли 2026

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар вазорату идораҳои зерин нишасти матбуотӣ доир мегардад:

дар Маркази миллии қонунгузорӣ, соати 08:00 

Вазорати маориф ва илм, соати 09:00 дар толори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (кӯчаи академик А.Адҳамов,11/2 рӯ ба рӯи Литсейи рақами 4);

дар Агентии содирот, соати 10:00;

дар Муассисаи “Тоҷикфилм”, соати 11:00.

дар Кумитаи забон ва истилоҳот, соати 13:00.

– Имрӯз, соати 14:00 дар Иттифоқи нависандагон рӯнамоии “Осори мунтахаб”-и Насим Раҷаб, нависанда ва рӯзноманигори шинохта баргузор мешавад. Китоби “Осори мунтахаб” бахшида ба 90-солагии Насим Раҷаб ба чоп расидааст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 30 ЯНВАР

Соли 1961 – Заводи равғанбарории Қӯрғонтепа (Бохтари ҳозира) ба кор даромад.

Соли 2012 – Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи таъсиси Лигаи миллии футбол қарор қабул кард.

Соли 2018 – Дар Тоҷикистон  нахустин маротиба  ҷашни бостонии Сада дар сатҳи давлатӣ таҷлил  шуд.

Зимнан, имсол ҷашни Сада дар Тоҷикистон рӯзи 31-уми январ таҷлил мешавад.

Соли 2019 – Вазорати нақлиёт ба ҳукумат пешниҳод кард, ки ғайр аз шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, чанд роҳи дигари автомобилгарди кишвар низ пулакӣ карда шаванд.

Соли 2021 – Аввалин гурӯҳи ташкилшудаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик иборат аз 170 нафар пас аз қатъ шудани парвозҳо бинобар пандемияи COVID-19, бо парвози чартерӣ ба Иркутск барои кор рафтанд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1913 – Мавлуди София Тӯйбоева, ҳунарпешаи театр ва синамо.

ИЗОБРАЖЕНИЕ София Туйбоева

София Тӯйбоева дар Қазоқистон таваллуд шуда, аз соли 1931 дар театрҳои Тоҷикистон ба фаъолият пардохтааст. Дар театри тоҷик нақшҳои Дилбар дар намоишномаи “Ду коммунист”, Луиза дар “Макр ва муҳаббат”, Дездемона дар “Тӯҳмат”, Гурдофарид дар “Рустам ва Суҳроб”-ро иҷро кардааст.

София Тӯйбоева аввалин ҳунарпешаи кинои тоҷик мебошад, ки дар филми “Муҳоҷир” нақши асосии занонаро иҷро кардааст. Дар филми “Ман бо духтаре вохӯрдам” нақши Меҳриниссо, дар “Қисмати шоир” Малика (1959), дар “Тӯфон дар водӣ” Мастон-бибӣ, инчунин дар филмҳои  "Ҳасани аробакаш”, Вақти зангирии писар расид нақш офаридааст.

Ӯ 26-уми октябри соли 1996 аз олам даргузашт.

Соли 1924 – Зодрӯзи Ҳанифа Мавлонова, сарояндаи опера.

Соли 1947 – Зодрӯзи Раҳима Шалоэр, овозхон, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Раҳима Шалоэр

Раҳима Шалоэр яке аз сарояндагони маъруфи тоҷик буда, аз солҳои 70-ум то солҳои 90-уми қарни гузашта овозхони маъруфи гурӯҳи эстрадии “Гулшан”-и назди Кумитаи радио ва телевизони Тоҷикистон буд.

Ӯ Институти давлатии театрӣ-бадеии ба номи А. Островскийи шаҳри Тошкандро соли 1970 хатм карда, дар Театри мусиқии ҳамин шаҳр ҳунарнамоӣ кардааст. Соли 1972 ба Тоҷикистон омада, муддате дар ансамбли бонувони дуторнавози Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият намуд. Аз соли 1973 овозхони дастаи эстрадии "Гулшан"-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ буд. 

"Афсӯс", "Диёри ишқ", "Танҳоӣ", "Интизорӣ", "Тоҷикистонам", "Шаҳри азиз", "Ҷавонӣ", "Баҳор", "Ошиқон" барин таронаҳояш дар хазинаи радио ва телевизиони тоҷик маҳфузанд. 

Соли 1945 – Зодрӯзи Усмонҷон Ғаффоров, яке аз муаррихони маъруфи тоҷик

ИЗОБРАЖЕНИЕ Усмонҷон Ғаффоров

Усмонҷон Ғаффоров баъди хатми шуъбаи таърихи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин соли 1967 дар кафедраи таърихи халқи тоҷики донишгоҳ ба фаъолияти меҳнатӣ пардохтааст.

Солҳои 1971-1972 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (имрӯза Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) ҳамчун муаллими кафедраи таърих фаъолият бурда, баъдан солҳои 1972-1975, дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин таҳсил ва кардааст.

Солҳои 1975-1977 устоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, аз моҳи октябри соли 1977 фаъолияти меҳнатии ӯ боз дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод идома ёфтааст.

Ҳамзамон, соли 1981, дар Университети давлатии Калинин (Твери имрӯза), соли 1990 дар Университети давлатии Тошканд дар курсҳои такмили ихтисоси муаллимони мактабҳои олӣ бозомӯзӣ кардааст.

Усмонҷон Ғаффоров солҳои 2002-2005 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси вакилони вилояти Суғд интихоб шудааст. Солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси намояндагон будааст.

Ӯ дар давраи фаъолияти илмӣ-педагогӣ ва адабӣ-ҷамъиятии худ беш аз 60 китобу рисола, беш аз 160 мақолаи илмии тадқиқотӣ, зиёда аз 700 мақолаи илмии оммавӣ ба табъ расонидааст.

Профессор Усмонҷон Ғаффоров дар 78-солагӣ  дар шаҳри Хуҷанд аз олам чашм пӯшид. 

Соли 1949 – Мавлуди Назруллоҳи Назар, тарҷумон ва дипломати тоҷик.

Соли гузашта “Азия-Плюс” ба муносибати 75-солагии Назруллоҳ Назаров перомуни хотироташ аз Ироқ, роҳбарии Саддом Ҳусайн, марги мармузи Маҳмудҷон Воҳидов, ҷанги имрӯза дар Ховари Миёна ва корномаи сафириаш мусоҳиба кард, ки дар ин пайванд метавонед хонед.

Соли 1960 – Мавлуди Павел Турсунов, оҳангсози тоҷик.

Соли 1986 – Мавлуди Нигина Амонқулова, яке аз овозхонҳои машҳури Тоҷикистон.

МЕДИА (YOUTUBE)

Нигина Амонқулова яке аз ҳунарпешагони маъруфи кишвар буда, соли 2006, вақте 20 сол дошт, тавассути озмуни эҷодиёти халқ – “Андалеб” ба майдони санъати тоҷик ворид шуд. Ӯ ҳоло дар ансамбли “Дарё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Соли 2025 ӯ ба унвони ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон низ сазовор гардид. Махсусан, моҳе пеш баъди ҳунарнамоӣ дар "ЮНЕСКО" бахшида ба бузургдошти Мавлоно дубора вирди забонҳо гардид ва худро бори дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

Дар бораи раҳи тайкарда, шӯҳрати бадастоварда, ҳунар ва таъсири он, тарзи либопӯшии овозхонон, як саргузашти ҷолиб ва зиндагии Нигина Амонқулова дар матлаби зерини “Азия‑Плюс” мутолиа кунед.

Соли 1988 – Зодрӯзи Аҳтам Ҳамроқулов, футболбози тоҷик, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон.

Соли 1971 – Зодрӯзи Муҷибахон Ҷавҳарӣ, вакили парлумон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҷибахон Ҷавҳарӣ

Ӯ соли 1993 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси рӯзноманигор хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1993 ҳамчун омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи Чоркӯҳ оғоз намуда, соли 2005 сарвари таълимгоҳи мазкур ва соли 2010 сардори раёсати маорифи шаҳри Исфара таъин гардидааст.

Муҷибахон Ҷавҳарӣ соли 2014 дар шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Исфара ба кор оғоз намуда, соли 2015 ёвари директори кулли ҶСК “Шахта”-и Шӯроб, соли 2016 муовини директори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ва соли 2018 директори ҳамин муассисаи олии касбӣ таъин шудааст. Як муддат мудири бахши фарҳанги шаҳри Исфара  буд.

Ӯ муаллифи асарҳои бадеии “Зани даруни чашма” ва “Дарди фироқ” буда, соли 2020  диссертатсияи илмиашро барои дарёфти номзади илмҳои филологӣ дар мавзӯи “Юсуф ва Зулайхо”-и Ховарии Шерозӣ ва муқоисаи он бо достони ҳамноми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳимоя намудааст.

Ӯ дар даъвати қаблӣ (2020-2025) низ вакил буд. Имсол дубора вакили парлумон интихоб шуд ва дар Маҷлиси намояндагон раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ аст.

Номбурда яке аз камтарин вакилони парлумон аст, ки дар шабкаҳои иҷтимоӣ саҳифаи шахсии худро дорад ва вобаста ба масоили мубрами ҷомеа андешаҳояшро изҳор мекунад.

Соли 1980 – Боқӣ Раҳимзода, Шоири халқии Тоҷикистон дар 70-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Боқӣ Раҳимзода

Боқӣ Раҳимзода яке аз шоирони маъруфи тоҷик аст. Ӯ техникуми педагогии шаҳри Самарқанд, Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд ва ниҳоят Институти омӯзгории шаҳри Душанберо хатм намудааст. Раҳимзода иштирокдори ҶБВ буда, аз соли 1948 мушовири ҷавонони эҷодкори ИН Тоҷикистон буд. Аз соли 1948 то охири ҳаёташ мушовирии Иттифоки нависандагони Тоҷикистонро дар уҳда дошт. Аз соли 1940 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Маҷмӯаи аввалини шоир бо номи “Ба фронт” чоп шуда, баъдан китобҳои “Иди Ғалаба”, “Солҳои оташин”, “Барги сабз”, “Ҳаёт ва сухан”, “Чашма”, “Роҳи тайшуда”, “Илҳом”, дуҷилдаи “Осор”-аш ба табъ расидаанд.

Драмаҳои “Қиссаи Таърифхӯҷаев”, “Дар сояи шипанг”, “Гаҳвораи тило”, ва “Сияҳсувор”-аш дар театрҳои ҷумҳурӣ саҳнагузорӣ шудаанд. Муаллифи либреттои “Духтаре аз Душанбе” аст.

Соли 1984 – Мастибек Паллаев (Масто) ва Устоқадам Машрабов (Усто), овозхон ва ширинкорони тоҷик дар 44 ва 48-солагӣ дар пайи як садамаи нақлиётӣ даргузаштанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Усто ва Масто

Онҳо дар ҳамкорӣ бо ҳам саҳначаҳои ҳаҷвӣ, этюдҳо, интермедияҳо, сурудҳои ҳаҷвӣ иҷро карда, симои роҳбарони фориғболу бепарво, мунофиқон, оилабезорон, майпарас­тон, олуфта­сатангони корбезор ва амсоли онҳоро ба намоиш мегузоштанд. Саҳнаҳои “Эшон Шаҳристон рафтанд”, “Муфаттиш”, “Мудири анбор”, “Тақсими кор”, “Усто ризо, Масто ризо”, “Мода шуд” аз ҷумлаи машҳуртарин саҳнаҳои "Усто ва Масто” маҳсуб меёбанд.

Онҳо аз соли 1960 то поёни умр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият кардаанд.

Соли 2018 – Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар Душанбе Галим Фасхутдинов, рӯзноманигор ҳалок шуд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Рӯзи 30 январи соли 1953 Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо махав (як навъ беморӣ) аст. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Махав (бемории хансен, хансеноз, хансениаз) як бемории сироятӣ буда, боиси осеби пӯст, системаи асаби периферӣ ва дигар системаҳои бадан мегардад. Шоир, нависанда ва рӯзноманигори фаронсавӣ Раул Фоллеро ҳаёти худро ба муборизаи зидди махав ва табъиз нисбат ба шахсони гирифтори он бахшид.

Рӯзи 30 январи соли 1933 Гитлер ба вазифаи канслери Германия таъин шуд. Баъд аз як сол, пас аз марги П.Гинденбург (Президенти рейхи Олмон дар солҳои 1925-1934) Адолф низ президент ва фармондеҳи олӣ шуд ва ҳамин тариқ ваколатҳои судӣ, иҷроия ва қонунгузорро ба даст овард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Рӯзи 30 январи соли 1924 рӯзи таъсиси киностудияи “Мосфильм” аст. Дар ҳамин рӯз аввалин филми дар студия ба навор гирифташуда – филми “Дар болҳои баланд”-и коргардон Борис Михин ба намоиш гузошта шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Рӯзи 30 январи соли 1790 аввалин киштии баҳрии наҷотбахш дар дарёи Тайн дар шимоли Англия озмуда шуд. Номи он “Оригинал” буда,  дарозиаш 30 фут ва бо даҳ қаиқ муҷаҳҳаз буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефорояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -3+2º, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 3+8º гарм, дар водиҳо шабона -3+2º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -3+2º.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, дар водиҳо шабона -2+3º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 13-15º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барфборида, дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 1+6º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 4-9º сард, дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, дар шарқи вилоят шабона 18-23º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯи мешавад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 1+3º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 1+3º, шабона 1-3º сард.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 0+2º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан ҳолатҳо барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 1+3º гарм, шабона 7-9º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 30 ба 31-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...