Зимистони гарм дар Тоҷикистон чӣ паёмадҳо дорад?

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Тоҷикистон ба соли 2026 бо зимистони гарм ворид мешавад. Ҳавошиносон на танҳо ҳарорати баланд, балки эҳтимоли сардиҳои ғайримуқаррариро дар охири зимистон ва аввали баҳор пешгӯӣ мекунанд. Чунин иқлими ғайри қобили пешгӯӣ миёни деҳқонон, бахусус вобаста ба паёмадҳои эҳтимолӣ барои соҳаи кишоварзӣ нигарониҳои ҷиддӣ ба бор меорад.

Пас табиат барои Тоҷикистон чӣ омода кардааст ва зимистони гарм чӣ паёмадҳо дорад?

Январи гарм ва сипас сардиҳои эҳтимолии ғайримуқаррарӣ

Моҳи январ дар Тоҷикистон нисбат ба маъмулӣ гармтар шуд. Ҳарчанд бориши барф мушоҳида шуд, аммо он аз меъёри муқаррарӣ камтар буд. Ҳарорати миёна ҳам дар аксари минтақаҳо 1-2 дараҷа болотар аз меъёр буд.

Ҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки моҳи феврал ва март ҳаво метавонад зуд тағйир ёбад. Моҳи феврал дар Тоҷикистон сардиҳои шадид бо поинравии ҳарорат шабона то 17-20 дараҷа хунук аз эҳтимол дур нест.

Чунин тағйирёбиҳо ба растаниҳои аллакай муғчабаста ва дарахтони мевадор метавонанд таъсири харобиовар расонанд.

Зимистони гарм барои бахши кишоварзии Тоҷикистон чӣ хатарҳо дорад?

Зимистони гарм барои соҳаи кишоварзӣ хавфҳои иловагӣ ба бор меорад. Яке аз паёмадҳои ҷиддитарин барвақт аз муҳлат бедоршавии растаниҳо мебошад.

Дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон аллакай аз ҳозир сабза медамад ва баъзе дарахтон муғча мебанданд.

Дар чунин шароит агар моҳи феврал ё март сардиҳои шадид оянд, ин метавонад ба талафи ҳосил боис шавад, зеро растаниҳо камқувват шуда, муғча ва гулҳояшон зери хатари осеб дидан қарор мегиранд.

“Табиати бедоршуда метавонад ба паёмадҳои ҷиддӣ дучор шавад, агар сардиҳо ба растаниҳои аллакай гулкардаву ба нашъунамо оғозёфта таъсир расонанд”, – огоҳ мекунад кишоварз Бахтиёр Ҳаитбоев.

Ғайр аз ин, зимистони гарм ба фаъол шудани ҳашароти зараррасон, аз ҷумла пустхӯракҳо, инчунин бактерияҳои зараровар ва занбурӯғҳо мусоидат менамояд.

Ин барои зироатҳои тирамоҳӣ, ки бо сабаби мавҷуд набудани қабати барф ба таври кофӣ ҳифз намешаванд, хатарнок аст. Ҳашароти зараррасон, ки маъмулан бояд дар зимистон нобуд шаванд, имсол зинда монда, ба афзоиш оғоз кардаанд.

Кишоварзон чӣ мегӯянд?

Бисёре аз кишоварзон аллакай аз оқибатҳои эҳтимолии зимистони ғайримуқаррарӣ иҳзори нигаронӣ мекунанд.

“Агар барф набораду сардиҳо дар лаҳзае фаро расанд, ки нашъунамои растаниҳо оғоз шавад, мо метавонем ҳосилро аз даст диҳем”, – мегӯяд як кишоварз аз Ҳисор. Ӯ ҳамчунин илова кард, ки дар шароити норасоии об дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон, обёрӣ метавонад растаниҳоро ҳифз кунад, лекин на дар ҳамаи саҳроҳо об дастрас аст.

Боғдорон ҳам дар ташвишанд.

“Пас аз осеб дидани токзор аз сардиҳо дар соли 2021, мо онҳоро бо плёнка пӯшонидем. Лекин агар сардиҳо аз вақти маъмулӣ барвақттар фаро расанд, мо боз метавонем ҳосилро аз даст диҳем”, – зикр мекунад яке аз боғдорон.

Обёрии зимистона ва болопӯш кардани растаниҳо: маслиҳати олимон ба кишоварзон

Доктори улуми кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев ба кишоварзон, бахусус ба онҳое, ки дар заминҳои обёришаванда кор мекунанд, машварат медиҳад, ки обёрии зимистона ва ё тавре миёни мардум маъмул аст, яхоб монанд.

“Обёрии зимистона метавонад на танҳо бедоршавии растаниҳоро боздорад, балки ҳамчунин кирми ҳашароти зараррасонро, ки оянда метавонанд ба растаниҳо осеб расонанд, нобуд созад”, – шарҳ медиҳад ӯ. Дар шароити мавҷуд набудани барф, обёрии зимистона ба як чораи зарурии ҳифз табдил меёбад.

Ғайр аз ин, Партоев ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тавсия медиҳад, ки аз методҳои болопӯш кардани растаниҳо, ки метавонанд намиро нигоҳ дошта, зиён аз тобистони гармро ба ҳадди камтарин расонад, истифода баранд.

Чӣ гуна метавон ба тағйирёбии иқлим омода шуд?

Олимон ва коршиносони соҳаи кишоварзӣ ба зарурати мутобиқат ба тағйирёбии иқлим исрор меварзанд. Дар Тоҷикистон аллакай барномаҳои беҳтар кардани обёрӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ҷорӣ мешаванд.

Мутобиқшавӣ аз тадбирҳои ҷорисозии кишти навъҳои зироати ба хушкӣ тобовар, таъмиру навсозии низоми обёрӣ, инчунин истифодаи тарзу усулҳои ҳифзи растаниҳо аз ҳашароти зараррасон ва бемориҳо иборат аст

“Омӯзиши кишоварзон бо методҳои нави мутобиқат, аз ҷумла обёрии қатрагӣ, истифодаи нуриҳои минералӣ ва маводи кимиёвии кишоварзии муосир муҳим аст”, – таъкид мекунад кишоварз Ҳаитбоев.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд

Наврӯз ҷашни суннатии эрониён аст, аммо имрӯз дар Тоҷикистон, ва баъзе манотиқи кишварҳои ҳавзаи Наврӯз анъанаҳои замоне маъмули он, аз ҷумла хонатаконӣ, пухтани суманак,...

Холмурод Раҳмон, раисе, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кораш таъриф карда буд, даргузашт

Ӯро имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хок супориданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 51

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Музокироти сулҳ миёни Амрико ва Эрон. Трамп бо пофишорӣ тасдиқ кард, аммо мақомоти Эрон рад мекунанд

Зарбулаҷали 48 - соата барои Эрон ҳам, баъди посухи таҳдидомези Теҳрон, 5 рӯз ба таъхир афтод.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026

Имрӯз дар маркази Душанбе ва ҳама навоии он чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешавад.

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.