Аз аввалин ситорашинос то посдори забони тоҷикӣ. Корномаи бонувони тоҷик дар улум

Нодира Собирзод, махсус барои “Asia Plus”

11-уми феврал Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм таҷлил мешавад. Ин сана аз ҷониби Созмони милали муттаҳид барои баланд бардоштани нақши бонувон дар илм, бартараф кардани нобаробарии ҷинсӣ дар STEM (илм, фанноварӣ, муҳандисӣ ва риёзиёт), таъмини дастрасӣ ба таҳсил ва рушди касбии занону духтарон таъсис ёфтааст.

Дар Тоҷикистон заноне ҳастанд, ки дар самти илмии интихобкардаи худ муваффақ буда, дар таърихи илми кишвар ҷойгоҳи вижа доранд.

“Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки бо баҳонаи Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм аз чанде занони дар илм пешсафи тоҷик ёд оварад. Албатта, ин рӯйхати расмӣ нест ва танҳо дар пайи суҳбатҳо бо донишмандони кишвар таҳия шудааст.

 

Тоҷике дар сайёраи осмонӣ

Гулчеҳра Қоҳирова нахустин бонуи нуҷумшиноси тоҷик аст, ки сайёраи осмоние номи ӯро гирифтааст. Соли 2014 Иттиҳоди байналмилалии ситорашиносон барои саҳми ӯ дар илм, сайёраи хурдеро зери рақами 24533 бо номи "Kokhirova" номид.  Инчунин, ӯ аввалин зан дар Тоҷикистон аст, ки ҷоизаи асосии ИДМ – “Ситораҳои Иттиҳод”-ро барои дастовардҳои баландтарин дар соҳаи гуманитарӣ дар солҳои 2019 ва 2020 ба даст овардааст.

Аз Қоҳирова аввалин зани роҳбар дар таърихи Институти астрофизикаи Тоҷикистон ном мебаранд. Бо сарварии ӯ нахустин шабакаи болидӣ (шиҳоби калони дурахшон) дар кишвар, ки дар Осиёи Миёна низ аввалин дониста мешавад, таъсис ёфтааст. Инчунин солҳои 2014-2016 таҳти роҳбарии Қоҳирова Расадхонаи байналмилалии Санглох ва телескопи якметраи он барқарору навсозӣ шудаанд.

 

Тадқиқоти илмии Қоҳирова ба ҷисмҳои хурди системаи Офтоб, хусусияти физикӣ ва динамикӣ, пайдоиш ва муносибати байни ин ҷисмҳо алоқаманд аст. Ӯ барои омӯхтани спектрҳои метеорҳо услуберо ба кор бурдааст, ки дар асоси он дар бораи таркиби миқдори моддаи метеорӣ натиҷаҳои нав ба даст омадаанд.

 

“Зани сол” дар Амрико

Муҳиба Яқубова, олими илмҳои биологӣ дар Тоҷикистон буда, соли 2004 аз ҷониби Институти биографии Амрико унвони “Зани сол”-ро соҳиб шудааст. Бо ташаббуси Яқубова соли 1974 нахустин маротиба дар кишвар ба кафедраи биохимия асос гузошта шудааст. Инчунин бо талошҳои ӯ, дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон “Маркази биология ва тибби инноватсионӣ” таъсис дода шуд, ки ба он ду лаборатория: бехатарии биологӣ ва тибби инноватсионӣ шомиланд. Соли 1995 бошад ӯ Анҷумани “Занони илми Точикистон”-ро таъсис додааст.

Фаъолияти илмии Яқубова асосан дар самти биохимия, биофизика, физиология ва генетикаи рустаниҳои кишоварзӣ буда, дар бораи танзими реаксияҳои биохимиявӣ ҳангоми фотосинтез таҳқиқот анҷом додааст. Ҳамчунин, дар бораи биохимияи рустаниҳо, тавсифи сохторӣ-вазифавии хлоропластҳои пахта, фотосинтез ва монандшавии азот дар пахта ва ғайра беш аз дусад кори илмӣ навиштааст. Яқубова маълум кардааст, ки чӣ тавр реаксияҳои химиявӣ дар растаниҳо ҷараён мегиранд ва чӣ гуна онҳо ба ҳосилнокӣ таъсир доранд.

 

Бонуи пиряхшинос

Дилором Қаюмова аввалин зани пиряхшиноси тоҷик аст, ки соли 2018 дар экспедитсияи пиряхшиносӣ иштирок ва “Иттиҳодияи бонувони пиряхшинос”-ро дар Тоҷикистон таъсис додааст. Ҳоло дар ин Иттиҳодия 14 зан аъзо буда, 4 нафари онҳо аллакай дар экспедитсияҳо ширкат мекунанд.

Ба таъкиди Қаюмова, мақсади асосии иттиҳодия ҷалби занон ба таҳқиқот ва ҳифзи пиряхҳо аст. Аъзои он ҳар тобистон ба экспедитсияҳо мераванд ва нафаре ҳатто то ба баландии 5500 метр аз сатҳи баҳр баромадааст.

Қаюмова коршиноси гидрологияи изотопҳо буда, дар рушди илми криосфера дар кишвар саҳм гузоштааст. Ӯ дар тадқиқоти худ усулҳои муосири изотопӣ ва гидрохимиявиро барои омӯзиши пиряхҳо, қабати барф ва равандҳои ташаккули захираҳои об дар заминаи тағйирёбии иқлим истифода мебарад.

Самтҳои асосии фаъолияти ӯ татбиқ ва таҳияи усулҳои изотопӣ дар омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон аст. Тадқиқоти ӯ заминаи илмии мониторинги ҳолати пиряхҳо ва пешгӯии захираҳои обро дар шароити тағйирёбии иқлим ташкил медиҳад.

 

Дар олами ихтироот

Миёни занони тоҷик ихтирокороне низ ҳастанд, ки дар сатҳи байналмилалӣ шинохташудаанд. Мубашира Раҳимова профессор ва доктори илмҳои кимиё аз зумраи чунин занон аст, ки дар чандин озмуну намоишҳои байналмиллалии ихтироъкорон иштирок карда, ба дастовардҳои зиёд ноил шудааст. Ӯ тӯлӣ фаъолияти беш аз 50-солаи худ дар самти ихтироъкорӣ дар ҳамдастӣ бо дигар ихтирокорон 43 ихтироъ дорад.

Барои ихтирооташ дар Суис ва Куриёи Ҷанубӣ нишони тилло ва дар Покистону Кувайт медали нуқра ба даст овардааст.

Ҳамзамон, ӯ нахустин зани тоҷик аст, ки бо дипломи “Беҳтарин зани ихтироъкор”-и Эрон ва шаҳодатномаи Индонезия қадрдонӣ шудааст. Гузашта аз ин, Раҳимова се маротиба (солҳои 2015, 2017 ва 2019) дар кишвар сазовори мақоми беҳтарин зани ихтироъкор шудааст.

Ҳамаи ихтирооти Раҳимова ба пайвастҳои комплексии металҳои микроэлементҳо бо тезобҳои органикӣ вобастагӣ доранд. Ба таъкиди ӯ, агар ихтирооти ӯ дар истеҳсолот ба роҳ монда шавад, хоҷагии қишлоқ ба маротиб рушд хоҳад кард.

 

Посдори забон

Фарангис Шарифзода аввалин занест, ки дар таърихи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ ба мақоми роҳбарии ин муассиса расидааст. Ӯ доктори илмҳои филологӣ ва профессор буда, аз рӯзҳои нахустини роҳбариаш, дар назди Институт шуъбаи таҳқиқи забонҳои бостон, забонҳои бадахшонӣ ва яғнобиро таъсис дод.

Шарифзода, асосан, дар мавзӯъҳои вижагиҳои луғавию маъноӣ ва наҳвии осори асрҳои Х-ХІ таҳқиқоти илмӣ навиштааст. Аксари пажӯҳишҳои ӯ дар бораи сохтори наҳвии ҷумла дар осори се давраи рушди таърихи забон ва вижагиҳои луғавии асари тасаввуфии “Кашф-ул-маҳҷуб”-и Ҳуҷвирӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолуддини Балхӣ, “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва ашъори Рӯдакӣ аст.

Шарифзода чандест барои шабеҳсозии грамматикаи забони тоҷикии муосир бо суннатӣ ва аз байн бурдани хатоҳои дастурҳои нави таълимӣ мақолаҳои илмӣ ба чоп мерасонад.

 

Бояд гуфт, бо талошҳои ӯ китоби дарсии “Забони паҳлавӣ” аз форсӣ ба хатти кирилӣ баргардон ва нашр шудааст. Ҳамчунин, Шарифзода муаллифи китобҳои дарсии забони давлатӣ барои синфҳои таҳсилашон бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.

Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?

Дар Хадамоти алоқа мегӯянд, ки нархҳо поин рафта, суръат баланд шудааст, лекин дар асл вазъият чӣ хел аст?

Нархи гӯштро дар Тоҷикистон кӣ муқаррар мекунад?

Агар фурӯшанда бо ҳуҷҷат сохтори нархро тасдиқ карда тавонад, ӯро фақат барои гӯшти гови “гарон” ҷарима бастан имкон надорад.