Бо гузашти 10 сол маблағи амонатгузорон пардохт нашуд. Кадом бонкҳои муфлисшудаи Тоҷикистон чӣ миқдор қарздоранд?

0
5
MyCollages (8)

Дар нишасти хабарии Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон қарзи 4 бонки муфлисшуда матраҳ шуд, ки бо гузашти аз 3 то 10 сол онҳо натавонистаанд пули шаҳрвандонро баргардонанд.

Зокир Аминзода, муовини раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ рӯзи 10-уми феврал ба рӯзноманигорон гуфт, ки раванди барҳамдиҳии бонкҳои “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк”, “Тоҷпромбонк” ва “Кафолатбонк” ҳамчунон идома дорад.

 

“Тоҷиксодиротбонк”: Аз 326 миллион то 42,5 миллион сомонӣ

Ба гуфтаи Аминзода, “Тоҷиксодиротбонк” дар оғози муфлисшавӣ аз 9 ҳазору 816 амонатгузор 326 миллиону 400 ҳазор сомонӣ қарздор буд. То ҳоло бонк ба 8 ҳазору 916 пасандозгузорон 283 миллиону 900 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст.

Зокир Аминзода гуфт, маблағи боқимондаи қарз 42 миллиону 500 ҳазор сомонӣ буда, шумораи амонатгузорони боқимонда 900 кас аст.

Моҳи августи соли 2025 Додгоҳи олии иқтисодӣ маълумот дода буд, ки “Тоҷиксодиротбонк” аз амонатгузорон 94,7 миллион сомонӣ қарздор аст. Дар он давра гуфта мешуд, бонк аз соли 2021 то августи соли 2025 тавонистааст 278 миллион сомонӣ қарзи амонатгузоронашро пардохт кунад.

Моҳи августи соли 2024 бошад, Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфта буд, ки аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2024 “Тоҷиксодиротбонк” 212 миллион сомонӣ маблағи муштариёнро баргардонидааст. Аз омори августи соли 2025 бармеомад, ки давоми як сол бонк 117 миллиону 300 ҳазор сомонӣ қарзи иловагиро бозпас додааст.

Иҷозатномаи “Тоҷиксодиротбонк” 26-уми майи соли 2021 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бозхонд шуда буд. Бонк дар натиҷаи буҳрони бонкии соли 2016 бо мушкили пардохтпазирӣ дучор шуд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Агроинвестбонк”: Қарзи 444 миллион сомонӣ боқӣ мондааст

Ба гуфтаи муовини раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ, то ҳол “Агроинвестбонк” ба 2 ҳазору 237 шахси воқеӣ пурра ва ба 3 ҳазору 474 нафар қисман, дар маҷмӯъ 82 миллиону 200 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст. Уҳдадориҳои иҷронашудаи бонк дар назди 3 ҳазору 474 шахси воқеӣ ба маблағи 444 миллион сомонӣ боқӣ мондааст.

Моҳи августи соли 2025 худи Аминзода маълумот дода буд, ки “Агроинвестбонк” аз 3 ҳазору 616 шаҳрванд 445,5 миллион сомонӣ қарздор аст. Он замон гуфта мешуд, бонк то моҳи июли соли 2025 маблағи 86,7 миллион сомониро ба 2 ҳазору 95 нафар пурра ва ба 3 ҳазору 616 нафар қисман баргардонидааст.

Теъдоди амонатгузорон замони муфлис гардидани бонк 5 ҳазору 711 нафар буда, қарзи бонк назди онҳо 532,2 миллион сомонӣ зикр мешуд.

Моҳи августи соли 2024 маҷмӯи уҳдадориҳои “Агроинвестбонк” 1,6 миллиард сомониро ташкил медод. То августи соли 2025 бонк 200 миллион сомонӣ қарзи худро пардохт карда буд.

“Агроинвестбонк” 1-уми июни соли 2021 бо қарори Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон муфлис эътироф шуд. Ин бонк низ дар натиҷаи буҳрони бонкии соли 2016 бо мушкили пардохтпазирӣ дучор шуда буд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

“Тоҷпромбонк”: Қариб 18 миллион сомонӣ боқӣ мондааст

Тавре Зокир Аминзода гуфт, то моҳи январи соли 2026 “Тоҷпромбонк” ба 4 ҳазору 929 шахси воқеӣ 159 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ва ба 338 шахси ҳуқуқӣ 67 миллиону 700 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст.

Уҳдадории иҷронашуда назди 100 шахси воқеӣ 15 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ва назди 140 шахси ҳуқуқӣ 2 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, қарзи боқимонда 17 миллиону 900 ҳазор сомонӣ аст.

Моҳи августи соли 2025 Зулфия Саидзода, додраси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон маълумот дода буд, ки “Тоҷпромбонк” аз 174 шахси воқеӣ 26,2 миллион сомонӣ қарздор аст. Он вақт ӯ қарзит шахсони ҳуқуқиро нагуфта буд. Бонк то он вақт қарзи 5 ҳазору 752 пасандозгузорро баргардонида буд.

Соли 2023, замоне ки “Тоҷпромбонк” расман муфлис эълон гардид, ҳаҷми қарзи бонк аз 169 амонатгузор 26,6 миллион гуфта мешуд.

Бонк то моҳи октябри соли 2027 муҳлат дорад, ки пули пасандозгузоронро баргардонад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Раванди муфлисшавии “Тоҷпромбонк” моҳи марти соли 2017 бо қарори Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе оғоз гардида буд. Қарори бозхонди иҷозатномаи бонк 24-уми феврали соли 2017 аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон содир гардид.

Амволи бонк дар маҷмӯъ 450 миллион сомонӣ ва ҳаҷми умумии уҳдадориҳои он наздики 550 миллион сомонӣ арзёбӣ мешуд.

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе соли 2020 Ҷамшед Зиёев, раиси пешини “Тоҷпромбонк”-ро бо 4 банди Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста, ӯро ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Бонк 1-уми августи соли 2023 расман аз ҷониби Додгоҳи олии иқтисодӣ муфлис эълон гардид.

 

“Кафолатбонк”: 78,8 миллион сомонӣ аз бонкҳои эронӣ қарздор аст

Зокир Аминзода гуфт, “Кафолатбонк” то моҳи январи соли 2026 ба 420 амонатгузор 1 миллиону 324 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аммо уҳдадориҳои бонк дар робита ба муфлисшавӣ дар назди бонки эронии “Бонки Сармоя” ҳамчун ҳаммуссис ва бонки “Содироти Эрон” ба маблағи 78 миллиону 779 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст.

Моҳи августи соли 2025 дар бораи вазъияти “Кафолатбонк” маълумоти муфассал ироа нашуда буд. Ин бонк низ дар раванди барҳамдиҳӣ қарор дорад.

 

МЕДИА (IFRAME)

Додгоҳ чӣ чора меҷӯяд?

Зокир Аминзода дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки ҳоло амволи дар гаравгузоштаи ҳамаи бонкҳо боқӣ мондаанд. Баъди фурӯхтани онҳо аз ҷониби мудири махсус вобаста ба навбат маблағҳо ба амонатгузорон тақсим карда мешаванд. Ба қавли ӯ, ҳоло мурофиаи ин 4 бонк идома дорад.

Моҳи августи соли 2025 Додгоҳи олии иқтисодӣ иттилоъ дода буд, ки муҳлати мурофиаи барҳамдиҳии бонкҳо “бинобар пурра иҷро нашудани уҳдадориҳо ва ба фурӯш нарафтани дороиҳо” то соли 2027 дароз карда шудааст.

Бо гузашти аз 3 то 10 сол бонкҳои муфлисшудаи Тоҷикистон ҳамчунон қарзи худро ба таври пурра пардохт накардаанд. Аз 5 бонки муфлисшудаи асосӣ танҳо “Фононбонк” пурра барҳам дода шудааст. Дигар бонкҳо дар марҳилаи барҳамдиҳӣ боқӣ мондаанд. То кунун борҳо шаҳрвандон тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз суст будани раванди баргардонидани маблағҳо шикоят мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь