Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро ҷашн мегирифт. Вале тақдир тавре дигар хост – ин шоири бачаҳо, публисист ва инсони некӯкор 16-уми октябри соли 2020 аз олам даргузашт ва боғи адабиёти тоҷикро ба сӯгвор гузошт. Солҳои кӯдакӣ ва наврасии Алӣ Бобоҷон дар маҳаллаи Гумбазии шаҳри Конибодом – дар як гӯшаи зебои Суғди […]

Asia-Plus

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро ҷашн мегирифт. Вале тақдир тавре дигар хост – ин шоири бачаҳо, публисист ва инсони некӯкор 16-уми октябри соли 2020 аз олам даргузашт ва боғи адабиёти тоҷикро ба сӯгвор гузошт.

Солҳои кӯдакӣ ва наврасии Алӣ Бобоҷон дар маҳаллаи Гумбазии шаҳри Конибодом – дар як гӯшаи зебои Суғди куҳан гузашт, ки табиати рангини он, оҳангҳои ширини забони модарӣ ва меҳрубонии одамонаш дар дили ӯ ҷои амиқ гирифт ва барои ҳамеша манбаи илҳоми шоирона шуд. Ҳамон дарахтони бодому зардолу, обҳои равони ҷӯйборҳо ва овозҳои дилнишини мурғони баҳории зодгоҳ баъдтар дар шеърҳои ӯ таҷассум ёфтанд.

 

“Боғи адабиёт чаҳорранг аст”

Алӣ Бобоҷон мегуфт, ки “адабиёт мисли чаҳор боғи рангинест, ки дар он ҳар гул бӯю ҷилои хоси худро дорад”. Ин нигоҳи эстетикии шоир буд. Ӯ мегуфт: “Агар ба боғ дароеду ҳамаи гулҳо якранг бошанд, дилгир мешавед. Ман ҳам барои рангорангӣ ва сарсабзии боғи адабиётамон ало қадри ҳол ҳарорати дили худро мебахшам”.

Ба гуфтаи адабиётшиносон, ин “ҳарорати дил” бо самимият ва садоқат омехта буд. Алӣ Бобоҷон ҳаргиз аз маърифату маънавият дур нашуд ва мепиндошт, ки аз адабиёт қарздор аст: “Дар ҳар жанре, ки нависам, тараннуми меҳру садоқат ва корнамоии халқи азизамро қарзи худ мешуморам”.

Вай аз зумраи адибони пуркоре буд, ки давоми қариб 6 даҳсола қаламашро дар хидмати кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва насли кӯҳансол гузошт. Муаллифи қариб 30 китоби гуногунжанру мухталифмаъно, қариб 600 очерку мақола, мураттиби бисёр баёзу тазкираҳои дастҷамъона мебошад.

Вале шӯҳрат ва шахсияти адабиаш ба хотири ашъори кӯдакона афзуд ва ташаккул ёфт. Ӯро дӯстдорони шеъри кӯдакона “амакҷони шеъргӯяки ҳазорон кӯдаки тоҷик” номидаанд.

 

Каламкашии Бобоҷон

Аввалин чакидаҳои хомааш дар миёнаи солҳои панҷоҳум ба табъ расиданд ва аз ҳамон вақт то охир Алӣ Бобоҷон садоқатмандона ба дунёи кӯдакӣ хидмат кард. Китобҳои машҳураш “Бачаҳои хуб” (1963), “Мусича” (1965), “Гули бодом” (1966), “Парвози орзу” (1971), “Мавҷи сурур” (1973), “Некӣ ба некӣ” (1975), “Нилуфар” (1980), “Осмондара” (1981), “Намаки зиндагӣ” (1986), “Зардолуи маҳтобӣ” (1988), “Атри кӯҳистон” (1993), “Алифбои парандаҳо” (2013) ва дигар асарҳояш варо ба яке аз маҳбубтарин шоирони кӯдакони тоҷик табдил доданд.

Шеърҳои Алӣ Бобоҷон садоқати содаву сидқи кӯдакӣ, лаҳни самимии ҳамсуҳбатӣ бо бачаҳо ва ҳунари нозуки тасвири ҷаҳони кӯдакӣ доранд. Ӯ дар шеърҳояш меҳру муҳаббати падару модар нисбат ба кӯдак, дӯстӣ ва поквиҷдонии бачаҳо, манзараҳои дилнишини Тоҷикистон, ватандӯстӣ ва сулҳу амониро тараннум мекунад:

Ватан, эй гулшани доимбаҳорам,

Туӣ авҷи барорам, ифтихорам.

Ту моро модари ғамхор ҳастӣ,

Дар оғӯшат ҳамеша бахтёрам.

Туӣ боғи ҳаёту бахти одам,

Умеду такягоҳи сулҳи олам.

Туро монанди ҷонам дӯст дорам,

Ватан, ҷонам, азизам, меҳрубонам!

Дар шеъри “Бинокор мешавам” ӯ орзуҳои некманзараи кӯдаконро бо забони сода ва дилнишин баён мекунад. Дар маҷмӯаи “Осмондара” кору рӯзгори дӯстони хурдсоли худ, ҷаҳони завқу эҳсос ва табъу рӯҳи онҳоро дар зимни манзараҳои табиати Осмондараи афсонавӣ тасвир карда, аз дӯстиву рафоқат ва самимияту садоқати кӯдакон сухан меронад, қаҳрамононашро аз пайраҳаҳои бачагӣ гузаронда, ба роҳҳои васеи зиндагӣ ҳидоят мекунад.

Услуби хосаш мӯъҷазбаёнӣ буд – ӯ тавонист бо калимоти сода ва равон кӯдаконро ба некӣ, адолат ва меҳнатдӯстӣ тарбия кунад. Сувари хаёл ва андешааш дар офаринишу бофти назми кӯдакона хеле чашмгир менамуд.

 

Бобоҷон ба олами васеъ роҳ ёфт…

Шеърҳои Алӣ Бобоҷон марзҳои Тоҷикистонро убур карда, ба олами васеъ роҳ ёфтанд. Бисёр шеърҳои ӯ дар силсилаи машҳури “Китобхонаи бачагони халқҳои СССР”, ки дар ҷумҳуриҳои шӯравӣ ба табъ мерасид, интишор ёфта, ба русию украинӣ, белорусию ӯзбекӣ, арманию озарӣ, қазоқию қирғизӣ, эстонию литвонӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва чоп шуданд.

Китоби шеърҳояш “Устопарасту” (1978) ва “Мусиқии баҳор” (2008) ба забони озарӣ дар Боку ба табъ расид. Намунаҳои ашъораш дар Эрону Афғонистон ҳам чоп шудаанд.

Ҳамзамон, Алӣ Бобоҷон тарҷумон низ буд ва осори шуарои хориҷиро ба тоҷикӣ тарҷума кард, аз ҷумла китобҳои шоирони озарӣ Т.Муталлибов “Чӯҷаҳо”, С.Мамадзода “Калид”, тазкираи шуарои Ветнам “Муҳаббат ва ғазаб” ба қалами ӯ мансубанд. Тарҷумаи тоҷикии силсилаи шеъру манзумаҳои ба Тоҷикистон бахшидаи шоирони ҷаҳонро дар “Китоби дӯстӣ” (1989) дастраси умум кард.

 

Насри ҳуҷҷатӣва таронаҳои Бобоҷон​​​​​​​

Алӣ Бобоҷон на танҳо шоир, балки аз таронасароёни варзидаи кишвар низ буд. 50 сол ҳамроҳи бастакору мутрибони ҷумҳурӣ дар равнақи суруди миллӣ заҳмат кашид.

Соли 1984 дар Озмуни “Беҳтарин суруд дар васфи Тоҷикистон” ҷойи аввал насибаш шуд. Дар хазинаи фонди тиллоии радиои Тоҷикистон зиёда аз 40 шеърҳояш ба оҳанг дароварда шудаанд ва барои солҳо дар гӯшу дили мардум нақш бастаанд.

Гарчи шӯҳрати адабии Алӣ Бобоҷон бештар бо шеърҳои кӯдакона алоқаманд аст, вале дастае аз асарҳои насрии ӯ, ҳикоёти воқеӣ, очеркҳои ҳуҷҷатӣ ва мақолаҳои публитсистӣ дар китобҳои “Домулло Азизов” (1970), “Нахустқаҳрамони тоҷик” (1979), “Тоҷикистони ман” (1983), “Соҳибҳунар” (1998), “Писархонди алоқачиён” (1999), “Конибодом” (дар ду ҷилд), “Меҳрпайванд” (2006), “Дурахши ситора” (дар ду ҷилд, 2012) фароҳам омадаанд. Силсилаи мақолаҳои ӯ дар ҷилдҳои гуногуни Энсиклопедияи советии тоҷик ба табъ расидаанд, ки ин нишонаи эътироф ба донишу таҷрибаи илмии ӯст.

 

Умре дар хидмати қалам​​​​​​​

Алӣ Бобоҷон умре дар хидмати журналистика, публистистика ва забону адабиёт будааст. Соли 1959, баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе, вай фаъолияташро дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” оғоз намуд ва баъдан дар нашриёти “Маориф”, рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон”, маҷаллаҳои “Машъал” ва “Занони Тоҷикистон” кор кард.

Аз соли 1992 корманди калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ буд. Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагон ва аз соли 1973 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гардид.

Барои хизматҳои арзанда бо унвонҳои Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1982) ва Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998) сарфароз гардидааст. Соли 2016 дар шаҳри Конибодом ҷашни 80-солагиаш бо иштироки аҳли қалам ва шоирони машҳур, аз ҷумла академик Акбар Турсон, шоирон Ҷӯра Ҳошимӣ ва Юсуфҷон Аҳмадзода доир гардид.

Пас аз 4 сол, Алӣ Бобоҷон 16-уми октябри соли 2020 дар 84-солагӣ аз олам чашм баст.

Рӯҳаш шод бод!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.