1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба андозаи 7,9% кам шуда, дар муқоиса бо 1,29 млрд доллари соли гузашта (с.2024) 1,19 млрд долларро ташкил дод. Сабаби аслӣ коҳиши якбора босуръати содирот аз Тоҷикистон дар пасманзари воридоти қариб бетағйир ва баланди устувор мебошад. Коҳиши содирот Дар соли 2025 ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба андозаи 7,9% кам шуда, дар муқоиса бо 1,29 млрд доллари соли гузашта (с.2024) 1,19 млрд долларро ташкил дод. Сабаби аслӣ коҳиши якбора босуръати содирот аз Тоҷикистон дар пасманзари воридоти қариб бетағйир ва баланди устувор мебошад.

Коҳиши содирот

Дар соли 2025 ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон ба Қазоқистон зиёда аз ду баробар кам шуд – аз 197,4 млн доллар дар соли 2024 то ба 85 млн доллар дар соли гузашта, ки ба нишондиҳандаи 56,9% баробар аст.

Ин нишондиҳандаи ҳадди ақалл (минималӣ) тайи панҷ соли  ахир ва омили калидии коҳиши ҳаҷми умумии муомилоти молу маҳсулот аст.

Коҳиши калидӣ ба содироти маъдан ва консентратҳо рост меояд, ки ба таври анъанавӣ ҳиссаи асосии содирот аз Тоҷикистон ба Қазоқистонро ташкил медиҳанд.

Соли 2025 содироти маҳсулоти ин гурӯҳи молҳо ба андозаи 65% – то 46,1 млн доллар коҳиш ёфт. Содироти маъданҳои сурб ва консентратҳо 92,5% кам шуда, интиқоли маъдани мис пурра қатъ ва маъдани руҳ қариб 40% кам шуд.

Маҳз коҳиши содироти ашёи хом омили муайянкунанда дар коҳиши умумӣ шуд. Агар дар соли 2024 содироти маъдан ва консентратҳо қисмати асосии даромад аз содиротро таъмин мекарданд, пас дар соли 2025 нақши онҳо хеле каму ночиз шуд.

Дар дигар самтҳо низ коҳиши нишондиҳандаҳо ба қайд гирифта шуд.

Содироти сабзавот ба Қазоқистон бар асари камшавии интиқоли пиёзу картошка ва дигар зироатҳои тару тоза қариб ба андозаи 58% кам шуда, ҳудуди 0,9 млн долларро ташкил дод.

Содироти мева ва чормағз пеш аз ҳама, аз ҳисоби коҳиши интиқоли зардолу ва зироатҳои донакдор ба андозаи 23% – то 9,6 млн доллар поин рафт, ҳарчанд дар баъзе мавқеъҳои марбут ба маҳсулоти коркардшуда афзоиш ба қайд гирифта шуда бошад ҳам.

Ҳамчунин дар содироти маҳсулоти коғазу молҳои канселярӣ, маснуоти тайёри нассоҷӣ, зироатҳои равғандор ва тухмӣ низ ҷараёни манфӣ ба мушоҳида расид.

Танҳо дар баъзе мавқеъҳо, аз ҷумла маҳсулоти коркарди мева, маҳсулоти пиллапарварӣ (абрешим) ва маснуоти қолинбофӣ афзоиш ба назар расида, лекин ҳаҷми онҳо барои ҷуброни коҳиши умумӣ кофӣ настанд.

Воридот устувор боқӣ монд

Дар муқоиса бо содирот, воридот аз Қазоқистон дар соли 2025 устувор боқӣ монд. Нисбат ба соли 2024 ҳаҷми он 0,9% афзуда, ба 1,11 млрд доллар расид.

Сохтори воридот гуногунсамт боқӣ монда, дар ҳамин ҳол, вобастагии Тоҷикистон ба воридоти молуҳои калидӣ аз Қазоқистон тақвият ёфт.

Ҳаҷмҳои асосӣ мисли пешина ба маҳсулоти ҳомили энергия (нерӯ), пеш аз ҳама пропан ва бутан (навъҳои газ), равғани растанӣ – асосан офтобпараст ва маъсар (рапс), зироати ғалладона ва маҳсулоти коркарди онҳо, фулузот (металлҳо)-и сиёҳ ва масолеҳи сохтмон, инчунин маводи кимиёвӣ ва оксиди алюминий рост меояд.

Бахусус афзоиши воридоти чарбу равған назаррас аст, ки дар соли 2025 ба андозаи 43% зиёд шуда, ба 97,3 млн доллар расидааст.

Аз ҳаҷми умумии воридоти равғани растанӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 70-80%  ба ҳиссаи Қазоқистон рост меояд, ки аз талаботи баланди дохилӣ ва имконоти маҳдуди истеҳсоли худӣ гувоҳӣ медиҳад.

Ҳамчунин ҳаҷми воридоти гӯшт, зироати ғалладона, таҷҳизоти барқӣ ва воситаҳои нақлиёт низ зиёд шудааст.

Ҳамзамон харидани сӯзишвории минералӣ, нӯшокиҳо ва нуриҳо коҳиш ёфтаанд, ки ба тағйироти сохторӣ дар истифода ва фаъолмандии сармоягузорӣ ишора мекунанд.

Дар пасманзари коҳиши содирот ва воридоти устувор, тавозуни манфии савдо бо Қазоқистон дар соли 2025 зиёда аз 1,02 млрд долларро ташкил дод, ки нишондиҳандаи баландтарин тайи панҷ соли ахир аст. Барои муқоиса: соли 2021 касри манфии савдо ба 458 млн доллар ва дар соли 2024 – ба 898 млн доллар баробар буд.

Дурнамо

Дар Остона аҳаммияти стратегии робитаҳои иқтисодиро бо Тоҷикистон таъкид месозанд. Қаблан сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихон Тӯрахонов изҳор дошта буд, ки асоси савдои дуҷониба аз интиқоли маҳсулоти фулузот, нафт, кимиё, масолеҳи сохтмон ва таҷҳизот иборат аст.

Дар ҳамин ҳол, афзоиши воридоти гандум ва равғани офтобпараст аз Қазоқистон идома дошта, ҳамчунин ҳамкорӣ миёни сохторҳои давлатии соҳавии ду кишвар дар ҳоли рушд қарор дорад.

Моҳи августи соли 2025 дар Остона ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ байни кишварҳо доир гардида, дар он тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобила таъкид шуд. Айни замон барои таҳияи Харитаи роҳ оид ба афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот то соли 2030, инчунин Харитаи роҳи алоҳида оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи кишорварзӣ барои солҳои 2026-2027 корҳои омодагӣ ҷараён доранд.

Ба гуфтаи дипломат, сабти бонки Freedom Finance-и Қазоқистон дар бозори молияи Тоҷикистон ба ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба такони иловагӣ мебахшад. Дар заминаи он IT-хаб (маркази технологияҳои иттилоттӣ) таъсис ва ҷорисозии хидматрасониҳои рақамии молиявӣ оғоз шуд. Ин барои рушди имконоти ҳамкориҳо ва сармоягузорӣ шароити беҳтар фароҳам меоварад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.