Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 феврали соли 2026

0
4
асосиииии

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз Додгоҳи Олӣ (соати 10:00), Хадамоти гумрук (соати 10:00), Вазорати корҳои дохилӣ (соати 11:00), Вазорати адлия (соати 14:00) нишасти матбуотӣ доир карда, аз фаъолияти яксолаи худ назди хабарнигорон ҳисобот медиҳанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 12 ФЕВРАЛ

Соли 1958 – Ба шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) аввалин чархболи МИ-1 ворид гардид.

Соли 1990 – Ҳодисаҳои маъруф бо номи “Баҳманмоҳи хунин” оғоз гардиданд. Дар ин рӯз гурӯҳе аз мардум дар назди бинои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ҷамъ омада, истеъфои роҳбарияти ҷумҳуриро талаб карданд. Тазоҳурот ба бетартибиҳо ва задухӯрдҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ табдил ёфт. Дар натиҷа чандин нафар кушта ва захмӣ шуданд. Барои барқарор кардани тартибот, дар шаҳр вазъияти фавқулода эълон гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин рӯйдодҳо ҳамчун оғози нооромиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон дониста мешаванд, ки баъдан ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Баъзе таҳлилгарон бар он назаранд, ки ин ҳодисаҳо натиҷаи иғвоангезии гурӯҳҳои манфиатдор буданд, ки мехостанд вазъияти сиёсиро ноором созанд ва ба ҳадафҳои худ бирасанд.

Соли 2010 –  Дар Вашингтон аввалин машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Амрико баргузор гардид.

Соли 2011 – Дар Тоҷикистон барои аввалин бор технологияи 4G ба таври санҷишӣ фаъол гардид.

Соли 2018 – Мақомоти Душанбе қарор қабул карданд, ки сокинони биноҳои баландошёна наметавонанд либосҳои шусташударо дар пешайвонҳои кушод ва берун аз тиреза хушк кунанд.

Соли 2020 – Директори собиқи ширкати сохтмонии “Манзили дастрас” ба 21 соли зиндон маҳкум шуд. Панҷ шарики ӯ аз 8 то 16 сол ҳукм гирифтанд.

Соли 2021 – Руҳонии тоҷик Эшони Сироҷиддин ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд.

Соли 2022 – Мӯҳлати дубора сабти ном кардани симкортҳо бо шиносномаҳои нав дар Тоҷикистон дигарбора тамдид шуд. Ин мӯҳлат то 15 феврали 2023 эътибор дошт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1463 – Мавлуди Фахруддин Алии Сафӣ, шоир, ориф ва нависандаи форс-тоҷик, писари Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва муаллифи “Латоифу-т-тавоиф”.

Фахриддин Алии Сафӣ нависанда, мутарҷим ва муаррихи машҳури асри XVI буда, дар Ҳирот ба дунё омадааст. Ӯ фарзанди Ҳусайн Воизи Кошифӣ буда, чун падараш олиму воиз, фақеҳу муҳаддис, муфассири Қуръон ва шоиру нависандаи тавонои замони худ ба шумор мерафтааст.

Яке аз осори маъруфи ӯ “Латоиф-ут-тавоъиф” мебошад, ки маҷмӯаи ҳикоёт ва латифаҳои таърихӣ буда, маълумоти арзишмандро дар бораи шахсиятҳои маъруфи замонаш гирд овардааст. Ин китоб манбаи муҳими омӯзиши таърихи фарҳанг ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ мебошад.

Соли 1919 – Мавлуди Бахтулҷамол Карамхудоев, ҳунарпешаи театр ва коргардони тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бахтулҷамол Карамхудоев

Соли 1936 аввалин театри касбии Помир таъсис ёфт ва Карамхудоев яке аз аъзоёни асосии он буд. Саҳми ӯ дар рушди театри Помир босазо арзёбӣ мешавад. Ӯ дар давоми фаъолияти худ зиёда аз 45 нақш офаридааст, аз ҷумла дар намоишномаҳои маъруфи “Қишлоқи тиллоӣ”, “Майсара”, “Макр ва муҳаббат”, “Оршин мололон” ва ғайра.

Ӯ аз соли 1944 ба коргардонӣ пардохта, беш аз 48 намоишнома ба саҳна гузоштааст.

Соли 1927 – Зодрӯзи Холмурод Шарипов, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, олим ва нависандаи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Холмурод Шарифов

Ӯ  муддате ҷонишини мудири шуъбаи идеологияи КМ ҲК Тоҷикистон, муовини аввали вазири маданият ва солҳои 1968-1979 мудири шуъбаи маданияти КМ ҲКТ, раиси Кумитаи табъу нашри Тоҷикистон, солҳои 1990-1996 раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, солҳои зиёд узви Кумитаи шӯравии ҳамдилии мамолики Осиёву Африқо, узви КМ ҲКТ, депутати Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 8-11) будааст.

Солҳои 1990-2002 раисии Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба адабиёт, санъат ва меъмориро бар уҳда дошт. Холмурод Шарипов 26-уми декабри соли 2017 аз олам чашм пӯшид.

Соли 1931 – Мавлуди  Муҳиддин Зоиров, ходими шӯравӣ, котиби якуми кумитаи вилоятии Бадахшони Кӯҳии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, вазири кишоварзии Тоҷикистони Шӯравӣ.

Соли 1961 – Мавлуди Азизи Азиз, нависандаи тоҷик, роҳбари шӯъбаи адабиёти бачагонаи Иттифоқи нависандагон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Азизи Азиз, ки ҳамчун нависандаи бачагон маъруфият дорад, зодаи ноҳияи Деваштич буда, Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷандро хатм кардааст. Ӯ солҳо ҳамчун омӯзгор ва баъдтар ҳамчун муҳаррир дар ҳафтаномаву маҷаллаҳо фаъолият намудааст. Ҳоло роҳбари шӯъбаи адабиёти бачагонаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Ӯ асосан барои бачаҳо эҷод мекунад. Гулчини офаридаҳояш дар китобҳои “Афсона ва ҳикояҳо”, “Хандонак”, “Қиссаи пирамарди тоҷик ва сарлашкари муғул”, “Фил аз чӣ метарсад?”, “Афсонаи тарс”, “Ҷануб кадом тараф аст?” ба чоп расидаанд.

Азизи Азиз аз нависандагонест, ки аз китобу адабиёт пайваста ҳимоят мекунад ва ошкоро аз дурӣ аз китобу кам шудани таваҷҷуҳ ба он андешаҳояшро изҳор доштааст. Аз ҷумла, борҳо бо расонаҳо пиромуни китоб, адабиёти кӯдакона ва китобу китобхонӣ дар кишвар суҳбат кардааст. "Азия-Плюс" низ соле пеш дар ҷамъбасти ҳафтаи китоби кӯдакона бо ӯ суҳбат ва матлаб нашр карда буд, ки дар матлаби “Рақс ҳаст, суруд ҳаст, аммо китоб нест”. Адабиёти кӯдакона дар Тоҷикистон бо кадом мушкилот рӯбарӯст? мутолиа кунед.

“Азия-Плюс” соли 2024 оид ба кору пайкори Азизи Азиз ба муносибати 64-солагиаш мусоҳиба анҷом дод, ки дар ин пайванд метавонед хонед.

Соли 1967 – Зодрӯзи Маҳмаддовуд Саломиён (Саломов), адабиётшинос ва ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Маҳмаддовуд Саломиён

Маҳмаддовуд Саломиён ҳоло ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, қаблан дар вазифаҳои роҳбарикунандаи самти таълиму адабиёт кор кардааст.

Ӯ хатмкардаи ДМТ буда, аз соли 1995 дар ҳамин донишгоҳ ҳамчун омӯзгор ба фаъолият пардохтааст. Солҳои баъдӣ, аввал муовини декани факултети филология, мудири кафедраи таърихи забон ва типология ва аз соли 2008 декани ин факултет буд.

Ӯ муаллифи китобҳои “Ифодаи маҷоз дар ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ”, “Машқи хатти арабиасоси тоҷикӣ (дастури таълимӣ), “Орифаи дарёдил” аст.

Соли 1974 – Зодрӯзи Ашӯрбой Солеҳзода, собиқ ректори Донишкадаи молия ва иқтисод ва ёрдамчии  пешини президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ашӯрбой Солеҳзода

Фаъолияти Солеҳбой Ашурзода аз Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон оғоз шуда, дар ин даргоҳ аз ассистент то муовини декан кор кардааст.

Ӯ соли 2013 аввал муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз моҳи декабри соли 2013 ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон буд. Аз соли 2017 ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ буд. Ахиран ӯ дар вазифаи муовини аввали вазорати рушди иқтисод ва савдо кор мекард.

Соли 1986 – Мавлуди Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик.

Соли 1988 – Зодрӯзи Дилшод Восиев, собиқ футболбози тими миллии футболи Тоҷикистон.

Соли 1984 – Абдулаҳад Қаҳҳоров, ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдулаҳад Қаҳҳоров

Абдулаҳад Қаҳҳоров баъди хатми Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ва курси яксолаи бозомӯзии коркунони роҳбарикунандаи ҳизбию шӯравӣ фаъолияти кориашро ҳамчун нозири шуъбаи меҳнати округи Қӯқанд оғоз карда, минбаъд дар вазифаҳои котиби Кумитаи комсомолии ноҳияи Панҷакент, мудири шуъбаи ноҳиявии “Тоҷиктранс”, ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Панҷакент ва кумитаҳои ҳизбӣ фаъолият кардааст.

Шурӯъ аз соли 1956 дар вазифаҳои ҷонишини раиси Шӯрои вазирон ва ҳамзамон раиси Кумитаи давлатии банақшагирии ҶШС Тоҷикистон фаъолият кард.

Солҳои 1961-1973 раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон буд.

Абдулаҳад Қаҳҳоров 12-уми феврали соли 1984 дар 70-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии илм ва инсонгароӣ ё Рӯзи Дарвин таҷлил мешавад. Ин сана ба рӯзи таваллуди олими машҳури англис, табиатшинос Чарлз Дарвин рост меояд. Ин рӯз на танҳо барои қадрдонии кашфиёти Дарвин, балки барои таблиғи илм ва арзишҳои инсонӣ ҷашн гирифта мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз зодрӯзи Авраҳам Линколн, 16-умин президенти ИМА (1861-1865) ва аввалин президенти ҳизби ҷумҳурихоҳ (1854) аст. Линколн яке аз бузургтарин шахсиятҳои сиёсӣ дар таърихи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Акси ӯро метавон дар доллари амрикоӣ дид ва номи ӯро як ширкати автомобилсозӣ низ истифода мебарад.

Яке аз дастовардҳои асосии ӯ барҳам додани ғуломдорӣ буд, ки қадами муҳиме дар таъмини озодии воқеии инсон ба ҳисоб мерафт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Рӯзи байналмилалии агентиҳои ақди никоҳ низ ҳамасола 12 феврал таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн бори аввал 1 декабри соли 2010 дар Департаменти моликияти зеҳнии Вазорати маориф ва илми Украина ба қайд гирифта шуда, аз ҷониби агентиҳои ақди никоҳи ИМА, Канада, Олмон, Фаронса, Италия, Испания, Швейтсария ва Русия дастгирӣ ёфт.

Мақсади ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба фаъолияти агентиҳои ақди никоҳ ва густариши хизматрасониҳои онҳо мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водию доманакӯҳӣ борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0+5º гарм, дар водиҳо шабона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар  доманакӯҳҳо рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 3+8º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо баъзан борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -1+4º, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят шиддат мегирад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 0-5º сард, дар баъзе минтақаҳо то 8-10º сард, дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 26-28º сард. 

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 11+13º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борон борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона -1+1º.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 12 ба 13-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь