Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов аз вазифаи додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқишаи ӯ бо соҳиби тарабхонаи меҳмонхонаи “Парламент” сурат гирифтааст. Ӯ гуфт, ки номбурда барои риоя накардани санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ “аз вазифа озод ва аз мақомот хориҷ карда шуд”. Додситони пешини вилояти Хатлон ҳам барои ҳамин ҷурм аз вазифа сабукдӯш шудааст.
Муноқишаи додситони шаҳри Бӯстон
Номи Абдуқаҳҳор Азизов нимаи моҳи январ расонаӣ шуд. Он замон Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ ва нашри наворе навишт, ки дар он муноқиша миёни Абдуқаҳҳор Азизов, додситони ҳамакнун пешини шаҳри Бӯстон ва Парвиз Ашӯров, молики меҳмонхонаи “Парламент” сабт шудааст. Ба қавли манобеи ин расона, муноқиша аз он шурӯъ шудааст, ки додситон бо дӯстонаш дар тарабхона ҳузур дошта, гӯё бо Парвиз Ашӯров ҷанҷол карда, ба сари ӯ даст бардоштааст ва дар ҷавоб Ашӯров ва дигар пайвандонаш додситонро задаанд.
Чанд рӯз пас аз ин ҳодиса бо фармони додситони кул, Абдуқаҳҳор Азизов аз вазифа сабукдӯш ва ҳамин тариқ, аз ҳаққи кор дар идораҳои додситонӣ маҳрум шуд. Аммо то кунун, мақомоти Тоҷикистон ва ҳарду ҷониби қазия ҳодисаро шарҳ надода буданд.
Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар имрӯз, 13-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки рӯзи “20-уми декабри 2025 шабона соатҳои 23-24 дар яке аз тарабхонаи меҳмонхонаи “Парламент” дар шаҳри Хуҷанд муноқиша байни прокурор Азизов Абдуқаҳҳор ва соҳибони меҳмонхона Ашӯров Парвиз ба миён омадааст”.
“Баъди муноқиша вақте ки прокурор ба берун мебарояд, чанд муддат пас писари Ашӯров Парвиз оиди ин ҳодиса бохабар шуда, бо ҳамроҳи дӯстонаш ба назди меҳмонхонаи “Парламант” ҳозир мешаванд, ки чаро нисбати падари ӯ муноқиша шудааст. Дар ҳаминҷо вақте онҳо прокурорро берун аз тарабхонаи меҳмонхона дар кӯча мебинанд, бо ҳамроҳонаш прокурорро мавриди латукӯб қарор медиҳанд. Дар натиҷаи латукӯб Азизов Абдуқаҳҳор, прокурори шаҳри Бӯстон ҷароҳати ҷисмонии дараҷаи миёна мебардорад”,-гуфт Воҳидзода.
Додситон гуфт, ки дар пайи ин қазия ду нафар Назрулло Мустафозода ва Абдураҳмон Ахмедов бо иттиҳоми авбошӣ (моддаи 237, қисми 2, банди “а”-и КҶ) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Ӯ гуфт, ки парванда барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Воҳидзода илова кард, ки дар Додситонии кулли Тоҷикистон ва сохтори мақомоти додситонӣ чанд санади меъёрии дохилӣ амал мекунад, ки ҳамаи тартибу интизоми кормандони додситониро ба танзим медароранд ва дар ҳолати риоя накардани ин санадҳо кормандани додситонӣ ба ҷавобгарии интизомӣ, то ҳадди аз вазифа ва аз мақомот озод кардан, кашида мешаванд.
“Нисбати Азизов Абдуқаҳҳор, прокурори шаҳри Бӯстон ба ҳамин сабаб, яъне риоя нашудани санадҳои меъёрии дохилии прократураи ҶТ аз вазифа озод ва аз мақомот хориҷ карда шуд”,-таъкид кард додситони кул.
Дар робита ба ин ҳодиса назари додситони пешин ва соҳиби меҳмонхонаи “Парламент” дастрасӣ расонаҳо нест. Қаблан, хабарнигори “Азия-Плюс” ба ҷойи ҳодиса ба тарабхонаи “Парламент”, ки дар дохили меҳмонхонаи ҳамноми он ҷойгир аст, рафт, вале нигаҳбон гуфт, “роҳбарият пас аз Соли нав ба кор ҳозир нашудаанд ва бо ВАО ҳам сӯҳбат намекунанд”.
Барканории мармузи додситони вилояти Хатлон
Аваз Назарзода пештар ва барои ҷомеа ба таври мармуз аз вазифа сабукдӯш шуд. Ӯ 3-юми ноябри соли гузашта бо фармони раисҷумҳур “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад” аз вазифа барканор ва аз мақомоти додситонӣ хориҷ карда шуд. Аммо кирдори пастзананда” мушаххас гуфта нашуд.
Ҳабибулло Воҳидзода дар шарҳи барканорӣ ва аз мақомоти додситонӣ ронда шудани Аваз Назарзода, гуфт, ки ӯ низ барои риоя накардани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз вазифа озод карда шудааст.
“Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инфродӣ нест, ки ба як нафар татбиқ шавад ба нафари дигар нашавад. Ба тамоми кормандони прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дахл дорад. Дилхоҳ корманди прократура, ки онро риоя намекунад, аз рӯи ҳамин санадҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Аз он ҷумла, прокрори вилояти Хатлон Назарзода Аваз”.
Аммо додситон возеҳ шарҳ надод, ки Аваз Назарзода ба кадом кирдореро содир кардааст, ки “шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад”.

