Тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон бо чанде аз кишварҳои ҷаҳон созишномаҳо дар бораи савдои озод ва реҷаи имтиёздор ба имзо расонид.
Мутахассисон бар ин назаранд, ки чунин қарордодҳо ба афзоиши савдои хориҷӣ ва таҳкими муносибатҳои хориҷии иқтисодӣ мусоидат мекунанд.
Реҷаи савдои озод чист?
Бархе зери мафҳуми "реҷаи савдои озод” пурра озод будани ҷонибҳоро аз пардохти мутақобилаи боҷҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ мефаҳманд, ки дар асл ин тавр нест.
Ҳатто байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА), ки дар он боҷҳо ва расмиёти гумрукӣ барои молҳои дар дохили иттиҳод гардишдошта бекоранд, маҳдудиятҳо ҷой доранд. Яъне истисноҳо ҳастанд, бахусус барои молҳои ҳассос (масалан, маҳсулоти бахши кишоварзӣ ва молҳои дорои талаботи махсуси бехатарӣ ва экологӣ), инчунин тадбирҳои ҷудогонаи ҳифзи бозори дохилӣ.

Ҳамчунин дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (Русия, Беларус, Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон) низ метавон чунин гуфт. Ин ҷо ҳам озодии мутлақи интиқоли маҳсулот нест, зеро ҳмамеша истиноҳо амал мекунанд, ки ҳам ба баъзе навъҳои мол ва ҳам масъалаи доштани гувоҳнома (сертификат) ва меъёрҳои экологӣ дахл доранд.
Ба ин тариқ, реҷаи савдои озод соддаву осон кардани тиҷорат миёни кишварҳо буда, лекин пурра бекор намудани ҳамаи маҳдудиятҳо нест. Вобаста ба мақсад ва манфиатҳои кишварҳои узв, шартҳои созишнома метавонанд тағйир пазиранд.
Созишномаи минтақаи савдои озод дар доираи ИДМ
Тоҷикистон дар ин созишнома иштирок дошта, он савдоро бо як қатор кишварҳо, аз ҷумла Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Молдова ва Ӯзбекистон (қисман) осон мекунад.
Мувофиқи созишнома, маҳсулоте, ки байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар гардишанд, аз аксарияти боҷҳои гумуркӣ озоданд.
Тоҷикистон бидуни пардохти боҷҳои содиротӣ метавонад ба ин кишварҳо маҳсулот содир кунад, ки савдоро бештар фоидаовар ва осон месозад. Созишнома номгӯйи васеи маҳсулотро фаро гирифта, лекин дар ҳолатҳои ҷудогона метавонанд маҳдудиятҳо ё чораҳои иловагӣ мавриди истифода қарор гиранд.
Яъне реҷаи савдои озод дар доираи ИДМ ссозишномаест, ки боҷҳои гумрукӣ ва монеъаҳо ба маҳсулот миёни кишварҳои узвро бекор мекунад, лекин қаламрави ягонаи гумрукиро ба мисли Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Иттиҳоди иқтисодии АВруОсиё ( ИИАО, ЕАЭС) ба вуҷуд намеорад.
Дар муқаррар намудани таърифаҳои хориҷӣ ва монеъаҳои тиҷоратии худ кишварҳои ИДМ мустақиланд. Нисбат ба ИА ва ИИАО, ки дар онҳо сиёсати ягонаи хориҷии гумрукӣ мавҷуд аст, дар ИДМ кишварҳо метавонанд боҷҳои гуногуни гумрукӣ ва таърифаҳо барои кишварҳои сеюмро дошта бошанд.
Дар ИДМ барои молҳои муайян метавонанд истисноҳо вуҷуд дошта бошанд ва бисёр вақт созишнома дар бораи савдои озод танҳо бо молҳои муайян маҳдуд мешаванд ва ҳамаи соҳаҳои фаъолияти иқтисодиро дар бар намегиранд.

Созишнома дар бораи савдои озод бо хидматрасонӣ ва сармоягузориҳои ИДМ
Ба ҷуз савдои молу маҳсулот, Тоҷикистон дар созишнома оид ба савдои озод бо хидматрасонӣ ва сармоягузорӣ низ иштирок мекунад, ки он ҳамчунин табодули хидматрасонӣ ва ҷалби сармоягузорӣ аз кишварҳои ИДМ-ро танзим месозад.
Қарордоди мазкур ба бунёди шароитҳои бештар устувор барои рушди лоиҳаҳои тиҷоратӣ кумак карда, ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаи хидматрасонӣ миёни кишварҳоро тақвият медиҳад.
Созишномаҳои дуҷониба дар бораи савдои озод
Тоҷикистон бо кишварҳои ҷудогона дар бораи савдои озод созишномаҳо дорад, ки дар онҳо коҳиш ё бекор гардидани боҷҳо ва монеъаҳои тиҷоратӣ ба молҳои алоҳида зимни савдои мутақобила пешбинӣ шудааст. Ин созишномаҳо ба мисли ИА ва ИИАО минтақаи ягонаи савдои озодро ба вуҷуд наоварда, бо шароитҳои мушаххас барои мол ё соҳаҳои ҷудогона маҳдуд мешаванд.
Тоҷикистон бо як қатор кишшварҳо чунин созишномаҳо ба имзо мерасонад, ки ҷиҳати беҳтар намудани дасрасӣ ба бозорҳои онҳо имкон медиҳад, лекин дар ҳамин ҳол, кишварҳо дар муқаррар намудани таърифа ва қоидаҳои савдо бо кишварҳои сеюм озод боқӣ мемонанд.
Русия
Тоҷикистон бо Русия созишномаи дуҷониба дар бораи савдои озод (бидуни боҷ) дорад, ки солҳои 1990-ум имзо шудааст. Он боҷҳои содиротиро барои молҳои аз қаламрави ҳамдигар интиқолёфта бекор мекунад. Молҳои мушаххас, ки ба онҳо боҷҳо дахл надоранд, бо протоколҳои ҳамасола муайян карда мешаванд. Молҳое, ки дар қаламрави яке аз ҷонибҳо истеҳсол шудааст ё бо истифода аз маҳсулоти кишварҳои сеюм коркард шудааст, метавонанд аз боҷҳо озод шаванд, агар ба қоидаҳои муқарраршудаи истеҳсол мутобиқат кунанд.

Ӯзбекистон
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи савдои озод созишномаи дуҷониба доранд, ки дар он коҳиш ё бекор гардидани боҷҳо ба моли муайян, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ ва таҷҳизоти саноатӣ пешбинӣ шудааст.
Ин созишнома аз соли 1996 амал дошта, шароитҳои имтиёзнокро барои интиқоли мутақобилаи молу маҳсулоти дуҷониба таъмин мекунад.
Чин
Созишномаи дуҷониба байни Тоҷикистон ва Чин дар бораи савдои озод аз соли 2011 коҳиши боҷ ба маҳсулоти муайян, аз ҷумла таҷҳизоти саноатӣ, молҳои нассоҷӣ, инчунин баъзе маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯроквориро танзим мекунад, ки барои ҳарду кишвар муҳиманд.
Туркманистон
Созишнома байни Тоҷикистон ва Туркманистон дар бораи савдои озод низ ба коҳиши таърифаҳо ва рафъи монеъаҳо ба маҳсулоти муайян, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ, масолеҳи сохтмон ва маҳсулоти саноати нафту кимиё тамаркуз мекунад.
Ин созишнома ба соддаву осон кардани савдои мутақобилаи маҳсулоти калидӣ миёни кишварҳо равона шудааст.
Эрон
Созишнома байни Тоҷикистон ва Эрон дар бораи савдои озод, ки соли 2011 мавриди амал қарор гирифт, молҳои мушаххас, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ ва нассоҷӣ, инчунин маснуот аз фулузот (металлҳо)-ро дар бар мегирад. Дар доираи ин созишнма боҷ барои савдои мутақобила танҳо дар категорияҳои зикршудаи молҳо коҳиш меёбад.

Қирғизистон
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи савдои озод, ки коҳиш ё бекор гардидани боҷҳо ба маҳсулоти муайян, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, инчунин маҳсулоти марбут ба соҳаи мошинсозӣ ва энергетикаро танзим месозад, созишномаи дуҷониба ба имзо расониданд.
Созишнома дар доираи СҲИ
Тоҷикистон инчунин дар ҳамкории иқтисодӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) низ фаъолона иштирок мекунад. Дар ин созишномаи савдои имтиёзнок ҳамчунин имконот барои коҳиши боҷҳо дар минтақа пешбинӣ шудааст.
Кишварҳои иштирокчии СҲИ: Эрон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон.
Фаъолияти иттиҳоди мазкур ба соддаву осонтар сохтани савдо ва беҳбуди муносибатҳои иқтисодӣ байни кишварҳо равона гардида, инчунин он барои қарордодҳои оянда дар бораи савдои озод метавонад асос шавад.



