ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2002 – Тоҷикистон расман ба Барномаи “Шарикӣ баҳри сулҳ” (Partnership for Peace)-и НАТО ҳамроҳ шуд.
Соли 2006 – Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2”, ки лоиҳаи муштараки Эрон ва Тоҷикистон аст, оғоз гардид.
Соли 2019 – Парлумони Тоҷикистон барои ифтитоҳи гузаргоҳи нави “Боботоғ” дар марзи Ӯзбекистон иҷозат дод.
Соли 2019 – Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеи намояндагони ВАО-и ҳукуматӣ мулоқот кард.
Соли 2023 – Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барои санҷиши мустаҳкамии биноҳо ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар гурӯҳҳои корӣ таъсис дод.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1926 – Мавлуди Муқаддас Маҳмудов, ҳунарпешаи театр ва коргардони тоҷик, собиқ директори киностудияи “Тоҷикфилм”.

Муқаддас Маҳмудов, ки муддате роҳбари киностудияи “Тоҷикфилм” ҳам буд, бо ба саҳна овардани чанд филми мондагор дар таърихи синамои миллӣ номи худро сабт кардааст.
Ӯ мактаби махсуси артиллерия ва Консерваторияи Маскавро хатм намуда, фаъолияташро дар Театри академии драмавии Лоҳутӣ оғоз кардааст. Як муддат дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон низ фаъолият кардааст.
Муқадас Маҳмудов дар ҳамкорӣ бо оҳангсоз Александр Затсепин филмҳои “Рояли сафед”, “Ошпаз ва сароянда”, “Шераки далер”, “Духтарон аз Суғдиён”-ро офаридааст.
Филмҳои “Шаби 1002-юм”, “Арӯсу домод”, “Вақте ки осиёб бозистод”, “Панҷ нафар дар роҳ”, “Забткорӣ”, “Дар гузаргоҳ тир напарронед!”, “Риштаи нуқрагин”, “Дом барои шағолҳо” аз филмҳои дигарест, ки офаридааст.
Аз ҷумла, соли 1986 филми “Дом барои шағолҳо”-и ӯ дар Ҷашнвораи 19 – уми Умумииттифоқӣ дар (Алма-Ато) соҳиби ҷоиза гардид.
Муқадас Маҳмудов 18-уми апрели соли 1991 дар 65-солагӣ даргузашт.
Соли 1929 – Мавлуди Ёқуб Сабзанов, оҳангсози тоҷик.

Ёқуб Сабзанов оҳангсоз ва таронанависи маъруф аст, ки оҳанги таронаи “Зебида туро либоси атлас” бар пояи шеъри Мирзо Турсунзода яке аз офаридаҳои маъруфи ӯст.
Ӯ то замони муҳоҷираташ ба Амрико дар соли 1992 тайи 37 сол дар муассисаҳои фарҳангии кишвар фаъолият кардааст. Аз ҷумла, омӯзгори Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе, муҳаррири сарредаксияи мусиқии ТВ Тоҷикистон, муҳаррири коллегияи репертуарии Вазорати маданияти Тоҷикистон, роҳбари бадеии коллективҳои бадеии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва қариб 20 сол мудири кафедраи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд. Ӯ аз соли 1992 дар шаҳри Ню-Йорки Амрико истиқомат мекард.
Оҳангҳои зиёди ӯ ба таронаҳои “Аз қадат гардам”, “Шаҳри ман”, “Тӯёна”, “Ишқ” ва “Ба дилбар” дар иҷрои ситораҳои шуҳратёре чун Аҳмад Бобоқулов, Ҳанифа Мавлонова, Шоиста Муллоҷонова, Борис Наматиев ва Рафаэл Толмасов хазинаи тилоии радио ва телевизиони Тоҷикистонро зиннат медиҳанд.
Операҳои “Бозгашт” бар пояи достони Аминҷон Шукӯҳӣ, “Имтиҳон”, достонҳои симфонии “Турнаҳо”, “Мақом”, “Ёди Рӯдакӣ” аз осори мусиқиест, ки аз Ёқуб Сабзанов ба ёдгор мондаанд.
Ӯ 11-уми сентябри соли 2013 дар Амрико дар синни 84 даргузашт.
Соли 1931 – Мавлуди Дӯстмурод Саидмуродов, арбоби ҳизбию давлатӣ, шарқшинос, собиқ директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Дӯстмурод Саидмуродов, ки муддате директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон буд, солҳо чун шарқшинос дар идораҳои гуногуни кишвар ва берун аз он фаъолият кардааст.
Ӯ хатмкардаи Донишкадаи педагогии тоҷикии Самарқанд ба номи С. Айнӣ, факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин буда, фаъоляити худро ҳамчун муаллими мактаб оғоз кардааст.
Соли 1958 ба шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон омад ва муддате инҷо кор кард. Солҳои 1963-1965 тарҷумони идораи сохтмони Сепули вилояти Ҷалолободи Афғонистон буд ва баъди бозгашт дар Мактаби ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба омӯзгорӣ пардохт. Сипас, дипломат-мушовири ҳизбӣ дар назди КМ ҶХД Афғонистон буд. Соли 1980 иҷрокунандаи вазифаи директори Институти шарқшиносӣ таъин шуда. се сол дар ин вазифа буд ва баъдан муддате ҳамчун шореҳи рӯйдодҳои байналмилалии Телевизиони Тоҷикистон кор кард.
Дӯстмурод Саидмуродов 5-уми июли соли 2021 дар 90-солагӣ даргузашт.
Соли 1940 – Мавлуди Ғоиб Сафарзода, шоир.
Соли 1948 – Зодрӯзи Мирзо Муллоаҳмад, адабиётшинос ва эроншиноси тоҷик.

Мирзо Муллоаҳмад адабиётшинос ва эроншиноси шинохта буда, перомуни масъалаҳои гуногуни адабиёт, забон, таърих ва фарҳанги тоҷику форс ва роҷеъ ба адибони даврони мухталиф тадқиқот анҷом додааст.
Ба қалами ӯ беш аз 450 асари илмӣ тааллуқ дорад. Ӯ дар бораи эҷоди бузургони классик, аз ҷумла Рӯдакӣ, Фаррухӣ, Қоонии Шерозӣ, Носири Хусрав ва дигарон таҳқиқотҳо анҷом дода, китобҳои алоҳида таълиф ва ё намунаҳои осори онҳоро мураттаб кардааст. Ӯ дар баргардони осори бисёр шоиру нависандагони эронӣ ва пажӯҳиши эҷоди онҳо низ саҳм дорад.
Ӯ 25 январи соли 2023 дар 74-солагӣ даргузашт.
Соли 1950 – Мавлуди Шералӣ Гул, собиқ Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон.

Шералӣ Гул, ки номаш борҳо дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст, қудои раисҷумҳури кишвар буда, солҳо дар вазифаҳои баланди роҳбарӣ, аз ҷумла вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон буд.
Номи ӯ замоне пурмухотаб шуҳд, ки писари ӯро боздошт ва зиндонӣ карданд.
Шералӣ Гул хатмкардаи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон буда, фаъолияти кориашро ба сифати муҳандиси корҳои соҳилмустаҳкамкунии идораи системаи обёрии ноҳияи Фархор оғоз намудааст.
Солҳои 1994-2001 раиси ноҳияи Данғара ва солҳои 2001-2006 Раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ буд. Аз 1-уми декабри соли 2006 то соли 2013 дар вазифаи Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон ифои вазифа кард ва ҳоло бознишаста аст.
Соли 1951 – Мавлуди Сайдамир Зуҳуров, собиқ раиси Кумидати давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.

Сайдамир Зуҳуров аз шахсиятҳои таъсиргузори тоҷик дар мақомоти амниятии кишвар буда, солҳо раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ ва муовини сарвазири Тоҷикистон буд.
Ӯ хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Институти педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко аст ва фаъолияташро ба ҳайси омӯзгори фанни таърих дар яке аз мактабҳои ноҳияи Фархор оғоз кардааст.
Фаъолияти Зуҳуров дар соҳаи амният аз соли 1983 шурӯъ шуда, аввал корманди фаврии дастгоҳи марказии КДАМ ва сипас муовини сардори раёсати КАМ дар минтакаи Кӯлоб буд.
Солҳои 1992-1995 раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон буд ва сипас як сол ҳамчун Вазири корҳои дохилӣ кор карда, аз соли 1996-1999 Вазири амнияти миллӣ буд.
Зуҳуров соли 1999 муовини сарвазири Тоҷикистон таъин шуда, то соли 2005 дар ин вазифа буд.
Соли 2006 сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2016 – замони ба нафақа баромаданаш фаъолият кард.
Ҳоло бознишаста аст.
Соли 1953 – Мавлуди Раҳмон Улмасов, фалсафашинос, номзади илмҳои филологӣ
Соли 1985 – Мавлуди Маҳмадалӣ Қурбонзода, иқтисодшинос, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар.
Соли 2021 – Носир Ҳасанов, ҳунарпеша ва коргардони театру синамои тоҷик дар синни 85-солагӣ аз олам чашм баст.
Соли 2022 – Зайналобуддин Кобулӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии адолати иҷтимоӣ таҷлил мешавад. Ин сана дар натиҷаи нишасте, ки моҳи марти соли 1995 дар Копенгаген баргузор гардид, таъсис ёфтааст. Дар ин ҳамоиш ҳадафҳои рушди иҷтимоии ҷомеаи муосир эълон шуданд.

Мақсади таҷлили ин рӯз аз байн бурдани камбизоатӣ, таъмин намудани мардум бо ҷойи кор ва кори арзанда, баробарии ҷинсӣ, инчунин беҳбуд бахшидани адолати иҷтимоӣ ва некӯаҳволии халқ аст.
20 феврали соли 1986 ба мадори Замин истгоҳи илмии “Мир” бароварда шуд, ки барои понздаҳ сол ягона лабораторияи кайҳонии идорашаванда дар ҷаҳон ҳисобида шуд.

Дар ин муддат дар он таҷрибаҳои илмӣ-техникӣ ва омӯзиши организми инсон дар кайҳон гузаронида шуданд. Дар тӯли мавҷудияти ин истгоҳ 28 экспедитсияи кайҳонӣ гузаронида шуда, дар маҷмӯъ 139 кайҳоннаварди рус ва хориҷӣ дар он ҳузур доштанд. Дар истгоҳ 240 номгӯй таҷҳизоти илмӣ аз 27 кишвари ҷаҳон, ки 11,5 тонна вазн дошт, ҷойгир шуда буд. Моҳи январи соли 2001 ҳукумати Русия дар бораи қатъи фаъолияти истгоҳ қарор қабул кард. 23 марти соли 2001 маҷмааи мадорӣ парвози тантанавии худро ба анҷом расонд.
20 феврали соли 1940 бори аввал қаҳрамонҳои машҳури аниматсионӣ – Том ва Ҷеррӣ дар экранҳо пайдо шуданд. Ин силсилафилми аниматсионии машҳур аз ҷониби аниматорон Уилям Ҳанна ва Ҷозеф Барбера эҷод шудааст.
Мавзӯи аксари қисмҳои ин филми тасвирӣ – кӯшишҳои бенатиҷаи Том барои дастгир кардани муш ва оқибатҳои харобиоваре мебошад, ки аз ин амалҳо ба вуҷуд меоянд.

Филмҳои Ҳанна-Барбера, ки солҳои 1940-1958 офарида шуданд, яке аз беҳтарин филмҳо эътироф шуда, ҳафт ҷоизаи Оскарро соҳиб гаштаанд.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 14+19º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 6+11º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 0-5º сард, дар баъзе минтақаҳо то 3+5º гарм, дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 32-34º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 19+21º гарм, шабона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 2+4º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 0-2º сард.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 20 ба 21-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.



