Эътирофи мақомот: Аз се як ҳиссаи қарз аз барқ дар Тоҷикистон беасос аст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қариб аз се як ҳиссаи қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ, ки солҳои пеш ҳамчун қарз ҳисоб шудаанд, беасос эътироф ва бекор шудаанд. Айни замон мақомоти дахлдор аз се ду ҳиссаи боқимондаи қарзро месанҷанд.

Бино ба маълумоти ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” (ШТБ), то аввали соли 2025 қарзи умумии аҳолӣ аз барқ 1 млрд 739 млн сомониро ташкил додааст. То аввали соли равон ин маблағ ба андозаи 33,2% ё худ 577 млн сомонӣ кам шуда, то 1 млрд 162 млн сомонӣ поин рафтааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳар рӯз 10 кас қариб 5 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд. Оҷонсӣ дар як сол қариб 3800 касро барои “дуздии барқ” ҷазо додааст

Дар ширкат ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки маблағи бекоршуда барзиёд ҳисоб шудааст. Дар амал ин изофанависӣ буда, аз ин рӯ, онро дар ҳисоботи муҳосибӣ хориҷ кардаанд.

Санҷиши дурустии қисми боқимондаи қарз идома дорад. Агар нозирони барқ маблағҳои беасоси нави ҳисобшударо дарёфт кунанд, он ҳам аз эътибор соқит мешавад.

Дар ҳамин ҳол, маблағҳои қарзи саҳеҳ ҳисобшударо ба истифодабарандагон лозим меояд, ки дар муҳлати муқарраршуда пардохт намоянд. Барои қиқсм-қисм пардохтани он ба қарздорон муҳлати муайян дода мешавад.

Дар давраи санҷиш ба муштариёне, ки дар ҳисобот ҳамчунин қарздорон аз солҳои пешин зикр шудаанд, интиқоли барқ қатъ намешавад. Дар ШТБ инро чунин шарҳ доданд, ки аввал ба маълумоти қарздории онҳо муътамад шудан лозим аст, вагарна қисмати зиёди аҳолӣ метавонад бе барқ монад.

Қатъи интиқоли барқ танҳо барои қарзҳои ҷорӣ имконпазир аст, яъне агар истифодабаранда маблағи барқи як моҳ пешро напардохта бошад.

Бино ба маълумоти ширкат, то 1 январ ҳаҷми ин қарз каме бештар аз 25 млн сомониро ташкил медод, ки ҳамагӣ ба ҳудуди 1% аз арзиши умумии барқ ба аҳолӣ дар соли 2025 (2,4 млрд сомонӣ) баробар аст.

Дар ШТБ илова намуданд, ки қарзҳои ҷорӣ хусусияти кӯтоҳмуҳлат дошта, бисёр вақт бо сабаби дар маҳалли зист ҳузур надоштани муштариён ба вуҷуд меоянд. Маъмулан пас аз бозгашт ба хонаҳо чунин қарзҳо пардохта мешаванд.

Оғози ифшоҳо

ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар натиҷаи бозсозии сохтори соҳаи энергетика таъсис дода шуда, аз соли 2021 ба фаъолият оғоз кард.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аҳолӣ аз барқ беш аз 1 млрд сомонӣ қарздоранд. Вазорат қарздорони калонтарин аз барқ ва истеҳсолу фурӯши онро гуфт

Ширкат ба таъмини интиқоли босифати барқ ба истеъмолгарони ниҳоӣ вазифадор аст. Он ҳамчунин ба коршоямии шабакаҳо, сохтмон, таъмиру навсозии таҷҳизот ҷавобгӯ буда, маблағи истифодаи барқро ҷамъоварӣ мекунад.

То ин дам ин вазифаҳоро энергохолдинги “Барқи тоҷик” иҷро мекард, ки пас аз бозсозии сохтор танҳо ба истеҳсол машғул аст.

Ширкати нав зери идораи менеҷерҳои беруна қарор дорад: ҳайати раҳбарият аз хориҷиён иборат аст.

Аввали соли 2023 ширкат изҳор дошт, ки дар барномаи биллингӣ “истеъмолгарони мавҷуднабуда ҳастанд, ки барои аз эътибор соқит намудани талафоти барқ истифода мешуданд”.

“Таҳлили барномаи биллингӣ нишон дод, ки солҳои пеш ҳаҷми зиёди барқ ҳамчун истифодашуда аз ҷониби истеъмолгарони маишӣ ҳисоб мешуд, ки асоси воқеӣ надорад. Ҳамчунин бо мақсади коҳиши нишондиҳандаи талафоти барқ ба барнома истеъмолгароне ворид карда шудаанд, ки мавҷуд нестанд. Ин барои фаъолияти дурусти барнома мушкилиҳо эҷод мекард”, – зикр шуда буд он замон дар иттилоияи ширкат.

Гуфта мешуд, ки маблағи умумии қарзи ҷамъшуда аз барқ то 1 январи соли 2023 ҳудуди 3,7 млрд сомониро ташкил медод, ки зиёда аз 40%-аш (ҳудуди 1,5 млрд сомонӣ) ба номи истеъмолгарони маишӣ навишта шуда буд.

Ба сурати умум, тавре ки дар ШТБ зикр мекунанд, қарзҳои ҷории аҳолӣ (бидуни назардошти қарзҳо то соли 2021) сол то сол тадриҷан кам мешаванд. Масалан, то 1 январи соли 2025 ҳаҷми умумии чунин қарзҳо 147 млн ва аввали соли 2026 – 25 млн сомониро ташкил медиҳад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Барқ дар Тоҷикистон гарон мешавад. Болоравии арзиши барқ ба зиндагии мардум чӣ таъсир мерасонад?

Ба гуфтаи менеҷерҳои ширкат, ба коҳиши қарзҳо лоиҳаҳое, ки дар бахши энергетика амалӣ мешаванд, мусоидат карданд: ҷорисозии низоми биллингӣ, аз дохили хона берун баровардани ҳисобкунакҳои барқ, огоҳкунии аҳолӣ аз қарз тариқи паёмак (СМС), зарур будани пардохти он ва дигар иқдомҳо.

Ҳамчунин сабаби коҳиши қарз сангинтар шудани қонунгузории кишвар дар мавриди дахолат ба кори ҳисобкунакҳои барқ ва саркашӣ аз пардохти маблағи он маънидод мешавад.

Афзоиши қарзро дар солҳои пешин намояндагони ШТБ дар навбати аввал ба ҳисоби нодурусти барқи истеъмолшуда марбут медонанд. Онҳо зикр мекунанд, ки ҳолатҳое буданд, ки онҳо бо ҳисобу китоби нозирон розӣ намешуданд ва мутаносибан аз пардохти маблағ саркашӣ мекарданд.

Гуфтаҳои президент

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми худ ба парлумон рӯзи 16 декабри соли 2025 “кормандони ҷудогона”-и соҳаи электроэнергетикаро ба сунъӣ боло бурдани маблағи қарзи аҳолӣ гунаҳкор донист.

Ӯ зикр кард, ки то ҷорисозии низоми биллингӣ тибқи ҳисоботи шабакаҳои барқ, 30-40%-и аҳолӣ маблағи барқро пардохт намекарданд. Аммо пас аз ҷорисозии низом дар шаҳру навоҳии ҷудогона, ба гуфтаи ӯ, маълум шуд, ки аҳолӣ қариб 100% маблағи истифодаи барқро пардохт мекардааст.

Президент таъкид дошт, ки ин маълумот бозгӯи он аст, ки намояндагони ҷудогонаи шабака бо суиистифода аз мансаби хидматӣ, маблағҳои истеъмолгарони маиширо барои барқ азхуд мекардаанд.

“Бо ин сабаб талафоти беасоси барқ ба таври сунъӣ ба дӯши аҳолӣ вогузор карда мешуд”, – илова карда буд ӯ.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Вазири энергетика фаъолияти нимсолаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-ро ғайриқаноатбахш хондааст

Бино ба маълумоти ШТБ, дар натиҷаи санҷишҳо дар соли 2025, 125 корманди шабакаҳои барқ аз кор озод карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шуданд. Парвандаҳои дигар кормандони шабака дар марҳилаи тафтишот қарор доранд.

Агентии назорати давлатии энергетикии назди президенти ҶТ чанде пеш хабар дод, ки дар доираи санҷиши бузургмиқёс дар сохторҳои шабакаҳои барқи шаҳру навоҳӣ изофанависии барқ ба суратҳисобҳои истеъмолгарон ба маблағи зиёда аз 321 млн кВт/соат ба маблағи 106 млн сомонӣ ошкор шудааст. Ҳаҷмҳои нисбатан зиёд дар шаҳри Душанбе, шаҳру навоҳии тобеи марказ, Бохтар ва Кӯлоб ба қайд гирифта шудааст.

Нисбати 406 корманди ширкатҳо (“ШТБ”, “Барқи тоҷик” ва “Помир энержи”) дар бораи қонуншиканиҳои маъмурӣ мавод таҳия шудааст. Ҳамчунин бар асоси хулосаҳои Агентии мазкур зиёда аз 130 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Беҳдудӣ тариқи шаффофият ва адолат имконпазир аст

Мутахассисоне, ки суҳбат бо онҳо бароямон даст дод, аз тақвияти назарраси мубориза бо қонуншиканӣ ва ҷиноятҳо дар соҳаи энергетика истиқбол мекунанд.

Муҳандис ва устои барқ Нуралӣ Нурмаҳмадов бар ин назар аст, ки санҷишҳои идомадошта, инчунин тадбирҳои бартараф намудани изофанависии барқ ба бозбинии бодалоати қарз имкон дода, оянда бояд ба беҳбуди вазъият дар соҳаи энергетика мусоидат намоянд.

“Лекин, – гуфт ӯ. – Бо вуҷуди аз эътибор соқит кардани қарзҳои қалбакӣ, хеле муҳим аст, ки қарзҳои воқеии то соли 2021 ҷамъшудаи истеъмолгарон бояд дар муҳлати муқарраргардида бо имкони ба қарздорон додани муҳлати муайян пардохт шаванд”.

Ба ақидаи ӯ,ислоҳот ва санҷишҳои роҳандозишуда талошҳо ба самти баланд бардоштани шаффофият ва эътимод ба кори ширкатҳои энергетикиро таҷассум месозад. Анҷоми муваффақонаи тафтишот ва ҷорисозии таҷрибаҳои дурусту саҳеҳи баҳисобгирӣ натанҳо ба кам кардани сарбории қарз ба аҳолӣ, балки ба таҳкими таъминот бо барқ дар кишвар кумак мекунад”, – илова кард муҳадис ва устоби барқ.

Пардохту қарзҳо ва талафоти ШТС

Соли 2025 аз ҷониби ШТС ба маблағи зиёда аз 7,1 млрд сомонӣ беш аз 16,8 млрд кВт/соат нерӯи барқ фурӯхта шудааст, ки 11,3% зиёдтар аз рӯйи ҳаҷм ва 28,6% – бештар аз рӯйи арзиш нисбат ба соли 2024 мебошад.

Таърифаи миёна барои як киловатт-соат дар соли гузашта 42,26 дирамро ташкил додааст, ки 5,71 дирам зиёдтар нисбат ба соли пешин аст.

Дар амал каме бештар аз 6,5 млрд сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст. Норасоии маблағро дар ширкат ба саривақт ва нопурра пардохт шудани маблағи истифодаи барқ пеш аз ҳама аз ҷониби корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” нисбат медиҳанд.

Қарздорони бузург инҳоянд:

Қарзи умумӣ ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ зиёда аз 3,6 млрд сомонӣ (беш аз 380 млн доллар)-ро ташкил медиҳд, ки 597,2 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба аввали соли 2025 аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад

Дар ҳамин ҳол, дар ширкат коҳиши талафоти барқро зимни тақсимот аз 19,2% дар соли 2024 то 15,6% дар соли 2025 зикр карданд. Соли гузашта зиёда аз 3,1 млрд кВт/соат барқ талаф ёфта буд, ки 500 млн кВт/соат камтар нисбат ба як соли пешин аст.

Коҳиши талафоти тиҷоратиро ба амалисозии лоиҳаҳо оид ба насби ҳисобкунакҳои ҳушманд дар Душанбе ва як қатор дигар шаҳру навоҳӣ нисбат медиҳанд. “Ивази ҳисобкунакҳои индуксионӣ ва вайрон, таъмиру навсозии шбакаҳои барқ, инчунин пурра гузаштан ба ҳисоби рақамӣ бо истифода аз низомҳои муосири биллингӣ ба коҳиши сатҳи талафот то нишондиҳандаҳои нақшавӣ имкон медиҳанд”, – илова карданд дар ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз мураккабтарин низомҳои сиёсиро дорад, ки дар он дин ва демократия бо ҳам омехта шудаанд. Бисёре аз таҳлилгарон ин сохторро сахт...

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.