Имрӯз профессор Абдунабӣ Сатторзода, яке аз чеҳраҳои илму адабу сиёсати кишвар ва донишманди эътирофшуда ба синни 85 қадам гузошт. Мавсуф дар тӯли ин даҳсолаҳо на танҳо ҳамчун олими адабиётшинос ва муҳаққиқи мероси форсии тоҷикӣ, балки ҳамчун шахсияти фаъоли сиёсӣ ва дипломатӣ низ дар таърихи муосири Тоҷикистон нақши худро гузоштааст.
Сатторзода аз бунёдгузорони Ҳизби демократи Тоҷикистон дар соли 1990 буд, дар солҳои сангини ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳайси узви Комиссияи муштараки оташбас фаъолият кард ва баъдтар чанд сол вазифаи ҷонишини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Дар баробари ин, ҳеч гоҳ аз илму эҷод канора нагирифт.
Имрӯз номи ӯ дар ҷаҳони илм бо пажӯҳишҳои арзишмандаш дар заминаи адабиёти форсии тоҷикӣ, мероси Рӯдакӣ, Бедил ва дигар абармардони адаб пайванд аст. Нахустин Ҷоизаи байналмилалии Абулмаъонӣ Бедил, ки соли ҷорӣ аз сӯи Бунёди Бедили Деҳлавӣ дар Теҳрон ба ӯ супурда шуд, эътирофи ҷомеаи байналмилалии илмӣ ба заҳамоти ӯст.
Ба муносибати рӯзи мавлуд бо профессор Сатторзода мусоҳибае доштем, ки дар он ӯ аз гузаштаи пурмоҷаро, аз дарсҳои ҷанг ва сулҳ, аз вазъи адабиёти имрӯз ва аз раванди миллатшавии тоҷикон сухан гуфт.
Руҷӯъ ба 85 сол
– Дар 17-солагӣ дар Душанбе, дар 39-солагӣ дар Маскав, дар 44-солагӣ дар Кобул, дар 51-солагӣ дар миёни обу оташ, дар 54-солагӣ дар ҳукумат ва аз 23-солагӣ то ҳол дар хидмати адабиёт будед. Имрӯз 85-солагиатон аст. Ин син аз ҳамаи дигар синҳо аз чӣ ҷиҳат фарқ дорад?
– Фарқ дар он аст, “ҷавонӣ рафт” ва боақлтар шудем. Аммо ҳамаи марҳалаҳои ҳаётам, ки шумо онҳоро бо дақиқкорӣ баршумурдед, бароям азизанд ва ҳар як лаҳзаҳои хотирмон ва ибратомӯзе доранд.
– Шумо замони рукуд (солҳои 50-60), давраи бозсозӣ (солҳои 80), таъсиси давлати соҳибистиқлол ва ҷангу сулҳи тоҷиконро дидед. Агар ба ин 85 соли умр нигоҳ кунед, кадом давра барои Шумо вазнинтарин буд ва кадоме хуштарин?
– Бар сари фарзанди одам ҳар чи ояд, бигзарад, гуфтаанд. Дуруст гуфтаанд. Замони рукуд ба солҳои ҷавонии насли мо рост омада буд, ки дӯст намедоштем. Муҳити иҷтимоии он солҳо нафасгирамон мекард. Аммо бо фаро расидани даврони гармои хрушевӣ, бозсозӣ ва ошкорбаёнии горбачевӣ фазо озодтар ва нафаскашиамон осонтару умедамон ба ояндаи нек бештар шуд. Ба ёд меорам, ки нахустин нишонаҳои озодӣ дар фазои илму адабиёт, ҷомеа ва сиёсат дар ҷумҳурии мо низ ҳамон даврон зуҳур намуданд.
Солҳои вазнинтарин ва нохушояндатарин солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буд. Мардуми тоҷик дар муносибат бо ҳам мушкиле доштанд, аммо на ба дараҷае, ки бо ҳам ҷанг кунанд. Вақте ки музокироти сулҳи байни тоҷикон оғоз ва умед ба сулҳу оштӣ пайдо шуд, рӯзҳои хуше барои мардуми тоҷик буданд.
– Устод Рӯдакӣ “Қасидаи шикоят аз пирӣ” навишт. Шумо тамоми умр осори варо таҳлил кардед. Оё пирӣ он чизест, ки Рӯдакӣ тавсиф кардааст, ё таърифи дигар дорад? Ва ё ҳамоно эҳсоси пирӣ надоред?
– Бояд бигӯям, ки дар тамоми адабиёти форсии тоҷикӣ мисли ин қасидаи ҳолияи дигаре дар зебоӣ нест. Қасидаҳои ҳолияи Носири Хусрав, ҳабсиёти Масъуди Саъди Салмон ва ғайра ҳастанд, вале дар ҳеч яке аз онҳо хушиҳои даврони ҷавонӣ ва мусибати даврони пирии инсон ба дараҷае, ки дар қасидаи “Шикоят аз пирӣ”-и устод Рӯдакӣ ҳаст, баён нашудааст.
Аммо худи ман, баръакс. Ба гуфтаи устоди зиндаёд Лоиқ: “Ҳоло, ки ман ҷавонам, дунё пур аз ҷавонист”. Солҳо мегузаранд, қонуни зиндагии одамӣ чунин аст. Муҳим он аст, ки ақлатон ҷавон бимонад.
Имрӯзи Сатторзода
– Ҳоло ба чӣ кор бандед?
– Бо корҳое, ки тамоми умр машғул будам: бо мутолиа, таълиф, нақду баррасӣ ва таълим. Яъне, бо шуғли ҳамешагиам.
– Чанде пеш ба аввалин Ҷоизаи байналмилалии адабии Абулмаъонӣ Бедил дар Эрон сазовор шудед. Ин қадрдонӣ барои кадом заҳамотатон буд?
– Аз 8 то 15-уми январ дар Шашумин ҳамоиши байналмилалии Урси Бедил дар Теҳрон будам. Дар он намояндагони зиёда аз 20 кишвари дунё даъватӣ буданд. Аз Тоҷикистон камина ва ҳиндушиноси маъруфи тоҷик, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи аллома Бобоҷон Ғафуров профессор Замира Ғаффорзода ширкат доштем.
Рӯзи 13-уми январ баргузоркунандагон эълом доштанд, ки “шурои илмии муштараки Бунёди Бедили Деҳлавӣ ва Муассисаи таърих ва тамаддуни Шарқ бар он шудаанд, ки бо тарроҳии Ҷоизаи байналмилалии Абулмаъонӣ Бедил ва эътои он ба ходимон ва пажӯҳишгарони бартари забон ва адаби форсӣ дар сарзаминҳои дигар маросими ҳақгузории худро иброз доранд”.
Бар ин асос нахустин давраи ин ҷоизаи муътабарро ба се донишманди хориҷӣ – Маҳмуди Қосимӣ (Ҳиндустон), Орифи Навшоҳӣ (Покистон) ва камина супориданд. Дар шаҳодатномае, ки ба исми банда аст, чунин омадааст: “Бо адои эҳтиром ба пешгоҳи тамоми устодон ва пажӯҳишгарони донишвари забон ва адаби форсӣ нахустин давра аз Ҷоизаи адабии Абулмаъонӣ Бедилро ба ҷаноби олӣ, ки даҳҳо сол аз умри муборакатонро ба кори мудавоми омӯзишӣ ва пажӯҳиши олимона ва ҷараёнсоз, ба муаррифӣ ва эҳёи гавҳарони беҳамтои ганҷинаи мероси форсӣ ихтисос додаед, тақдим медорем”.
– Дар зимн, Шумо узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон ҳастед. Аз кори ин фарҳангистон ва нақши Сатторзода дар он ҳам сухан бигӯед. Метавон кори онро бо масалан, Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ муқоиса кард?
– Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ олитарин ва муътабартарин марҷаъи илмист дар соҳаи забон ва адаби форсии тоҷикӣ дар дунё. Муассисаи мазкур бо таълиф, нақд ва нашри асарҳои саромадон ва муосирон машғул аст ва то имрӯз силсилаи бузурги корҳои арзишмандеро анҷом додааст. Ду дафъа дар ҷаласаҳояшон иштирок доштам ва дар бораи “Усул ва меъёрҳои таълифи таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ” ва “Вазъи фарҳангнигорӣ дар Тоҷикистон” гузориш додам, ки хуш қабул карданд.
Тафовути асосии Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ он аст, ки он ниҳоди мустақил буда, салоҳиятҳои бештаре дорад. Аммо Институти забон ва адабиёти ба номи устод Рӯдакӣ яке аз зерсохторҳои АМИТ аст, на ниҳоди ба сари худ мустақил…
– Шумо ду панҷсолаи охир аъзои Раёсати Иттифоқи нависадагон будед, вале дар Анҷумани соли 2025 ба ин саф ворид нашудед. Чаро?
– Ин чиз “чаро” надорад. Зеро пас ҳар анҷумани навбатӣ ҳайати Раёсат ва Садорат нав мешавад. Ҳанӯз ҳам узви Садорати нави Иттифоқи нависандагон боқӣ мондаам.
– Соли 2015 ҳам ҳамин тавр чанд “пир”, аз ҷумла Муъмин Қаноат, Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ, Худоӣ Шариф ва Саттор Турсун аз сафи Раёсати ИНТ берун монданд. Ба ин “таҷриба”-и роҳбарияти иттифоқ мавқеъ ва назари Шумо чист?
– Ин ҷо ҳеч сиру асроре надорад. Тағйир дар ҳайат пас аз ҳар Анҷуман таомули муқаррарӣ аст. Ҳамчунин, кӣ мемонаду кӣ меравад, дар ихтиёри мо нест…
Адабиёт ва таснифи тоҷикиву форсӣ
– Шумо фаъолияти корӣ, эҷодӣ ва илмиро бо адабиёт оғоз кардед ва пас аз тай кардани роҳи сиёсат ва дипломатия, боз ба адабиёт руҷӯъ овардед. Яъне, адабиёт “дӯсти ҷонӣ”-е буд, ки Сатторзодаро раҳо накард. Он чиро ки аз адабиёт бардоштед ва он чиро ки дар адабиёт гузоштед, Шуморо қонеъ мекунад?
– Аввало ин ки камина ҳам ҳеч гоҳ адабиётро раҳо накардаам. Ҳатто дар солҳое ҳам, ки дар сохторҳо давлатӣ фаъолият доштам. Агар як назари гузаро ба таърихи навиштаҳоям андозед, мебинед, ки хеле аз китобу маҷмуаҳоям ба солҳое рост меоянд, ки дар вазифаҳои давлатӣ будам, аз ҷумла “Таърихчаи назариёти адабии форсии тоҷикӣ” (2001), “Арасту ва назариёти форсии тоҷикӣ” (2002), “Адабиёти тоҷик (Барои синфи 8) (2009), “Такмилаи бадеъи форсии тоҷикӣ” (2011) ва ғ.
Аммо масъалаи “қонеъ” чизи дигар аст: ман то ҳол аз адабиёт чизҳои нав дармеёбам ва ҳамоно мекӯшам, ки ҳарфи наве дар адабиёт гузорам.
– Миёни адибон ва адабиётшиносон иборот ва истилоҳоти зиддунақиз баён мешавад – “адабиёти муштарак”, “адабиёти тоҷик” ва “адабиёти форс”. Адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ як адабиёт аст ё ду? Агар якест, “муштарак” чӣ маъно дорад? Ва осори Баҳору Турсунзода ва Лоиқу Шаҳриёр аз як адабиётанд ё ду адабиёт?
– Истифодаи зидунақизи истилоҳот, хусусан, дар мавриди адабиёти гузаштаамон ду сабаби асосӣ дорад: яке, бехабарӣ ва ноогоҳӣ аз он; дигаре аз таассуби сиёсию мазҳабӣ. Худи бузургони адабиётамон ба забони ҳол омада, гуфтаанд, ки онҳо эҷодиёти хешро ба забони “форсӣ” (дарӣ, порсии дарӣ) навиштаанд.
Ҳатто устод Айнӣ дар “Ахтари инқилоб” (1923) дар нашри маҷмуаи шеърашон таъкид кардаанд, ки он “маҷмуаи ашъори инқилобии форсӣ” мебошад. Президенти муҳтарамамон ҳам дар як суханрониҳояшон махсус таъкид намуда буданд, ки то соли 1924 забони моро “форсӣ” мегуфтанд.
Хулоса, адабиёти гузаштаамон адабиёти форсист, ин ҳақиқати мутлақ мебошад ва ҳоҷати баҳс надорад.
Дар мавриди осори Баҳору Турсунзодаву Лоиқу Шаҳриёр ҳаминро бояд гуфт, ки сарчашмаи онҳо як аст, адабиёти форсии тоҷикӣ ва суннатҳои адабии онҳо. Аз ин ҷиҳат дар миёни навиштаҳои онҳо муштаракот зиёд аст, вале азбаски дар даврони нав ва навтарини таърих ва каме пештар аз он дар шароитҳои гуногуни иҷтимоӣ ва сиёсӣ ташаккул ёфтаанд, аз лиҳози тафаккури бадеии худ фарқ мекунанд. Аз ин сабаб онҳоро ба адабиёти муосири Эрон ва Тоҷикистон нисбат медиҳанд.
Зимнан, лозим ба таъкид аст, ки аз даҳсолаи охири асри гузашта марҳалаи имтизоҷи (синтези) адабиёту фарҳанги форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ оғоз шудааст.
– Донишмандони дигар тоҷикӣ, форсӣ ва дариро “се пиёла чойе, ки аз як чойник рехтааст” медонанд. Шумо бо профессор Иброҳим Усмонов дар мавриди забону адабиёти тоҷикӣ ва форсӣ баҳсе доштед. Имрӯз дар ин маврид чӣ мегӯед ва мавқеатон ҳамоно пойбарҷост?
– Чуноне пештар гуфтам, адабиёти гузаштаамон форсӣ аст. Дар мавриди асли забон – бале, ҳар се “аз як чойник рехтааст”.
– Аҳли адаби кишвар эътироф мекунанд, ки адабиёти имрӯзи тоҷик дар “хоби зимистона” аст. Ду пояи асосии насри имрӯзи мо – Кӯҳзод ва Сорбон бар ин назаранд ва ҳарду ҳам тарки қаламу қозағ кардаанд. Ҳатто Низом Қосим, роҳбари Иттифоқи нависандагон, гуфт, ки “дар 5 соли охир назму насри назаррас надидам”. Сатторзода чӣ дидгоҳ дорад? Барои чӣ ба ин рӯз расидем ва чӣ роҳи ҳал аст?
– На, ин бардошт дуруст нест. Бо сароҳат бароятон арз мекунам, ки мо намунаҳои нағз ҳам дар шеър, ҳам дар наср ва ҳам дар нақд дорем. Вале дуруст аст, ки он намунаҳо кам мебошанд. Ин масъалаи дигар аст. То ҷое, ки ман иттилоъ дорам, назари устодон Кӯҳзод ва Сорбон аз он чизе, ки шумо мегӯед, андаке фарқ дорад. Сониян, раиси Иттифоқи нависандагон дар гузоришаш дар Анҷумани охири адибони Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки пешравиҳо дар ҳамаи навъҳои адабӣ ба назар мерасанд. Ҳоли адабиёти мо, агар аз инсоф нагузарем, чандон бад нест, вале, албатта, такмил ва рушди бештаре мехоҳад.
– Пас бо вуҷуди “чандон бад нест”, чаро Лоиқу Гулназар ва Баҳманёру Афардии дигар ба майдони насру назм намеоянд?
– Ҳаминро набояд фаромӯш кард, ки ҳар рӯз дар адабиёт бузургоне мисли Лоиқу Гулназар, Баҳманёру Афрадӣ ба майдон намеоянд. 20 ё 30 сол фурсати кам аст, то бузургони дигаре дар замони истиқлол ба вуҷуд оянд. Ҷавонони умедбахш ҳастанд, мисли Толиби Луқмон, Озар, Баҳроми Раҳматзод, Фирдавси Аъзам, Сураё Ҳакимова, Сироҷиддини Икромӣ, Гулнози Тоҳириён, Абдумалики Абдуҷаббор ва дигарон.
– Дар омади гап, ба баҳсҳое, ки ахир дар мавриди ҳарфи “ӯ” сар зад, чӣ назар доред? Ва Шумо ҷонибдори ба хатти форсӣ гузаштан ҳастед?
– Аз сарзадан ва идома ёфтани инчунин баҳсҳо хушам намеояд. Зеро ин баҳсҳо ба сабаби бемасъулиятии чанд ба ном забоншинос ба вуҷуд омадаанд. Ин чӣ тавр мумкин аст, ки “Фарҳанги имло” ба “Қоидаҳои имло” мувофиқат намекунад? Дигар ин ки аксари онҳое, ки ба ҳарфи “ӯ” муқобиланд, такя ба гӯишҳои маҳаллашон мекунанд, на ба адабиёти ҳазорсолаи форсии тоҷикӣ.
Дар мавриди гузаштан ба хатти форсӣ, албатта, ман ҷонибдорам.
Нигоҳе ба ҷангу сулҳи тоҷикон
– Шумо олими адабиётшинос будед, на марди низомӣ, на ҳуқуқшинос ва на дипломат. Заминаҳои ба сиёсат пайвастани Шумо чиҳо буданд?
– Касе, ки гумон мекунад, адабиёт ва адабиётшиносӣ ба сиёсат рабте надорад, иштибоҳи бузурге кардааст. Адабиёт бозтоби зиндагӣ ва ҷомеа мебошад ва дар зиндагӣ ва ҷомеа сиёсат рукни асосӣ аст. Ман он солҳо наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам.
– Шумо дар ҳайати 10 тан муассиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (1990) будед. Мақсаду мароми Шумо бо таъсиси ҳизби сиёсӣ чӣ буд ва он то куҷо дуруст пиёда шуд? Дар омади гап, ҳоло узви ягон ҳизби сиёсӣ ҳастед?
– Мақсаду мароми Ҳизби демократи Тоҷикистон дар Барнома ва Оинномаи он ба таври муфассал баён гардидааст. Хоҳишмандон метавонанд ба онҳо муроҷиат кунанд. Демократҳои навбаромад, роҳбарони нав фаъолият ва қадамҳое бардоштанд, ки хилофи Оиннома ва Барномаи аввали ҲДТ буданд. Бино бар ин, ман пешниҳодҳои онҳоро барои ҳамкорӣ рад кардам, вале то ҳол ба таври расмӣ узви ҳамон ҲДТ аввала ҳастам.
– Ҷанги шаҳрвандиро “таҳмилӣ” мегӯянд ва Шумо низ бар ҳамин назаред. Вале касе намегӯяд, ки он ҷангро кӣ таҳмил кард? Агар “таҳмилӣ” буд, чаро тоҷикон онро саривақт эҳсос накарданд ва ин ҷо гуноҳи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва зиёиён, ки чароғи раҳнамо маҳсуб мешаванд, чӣ қадар аст?
– Дар бораи таҳмилӣ будани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бори аввал президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ишора карда буданд. Тарафҳои даргири тоҷикӣ аз ин огоҳ буданд, вале бадбахтии онҳо дар он буд, ки ҳар яке аз дахолати бегонагон ба манфиати гурӯҳи худу минтақаи худ истифода мекарданд. Ин гуноҳи на ҷомеаи шаҳрвандӣ ва на зиёиён аст, ки то ҳол ба номаш вуҷуд доранд. Дигар он ки, мо ҳанӯз ҳам дар оғози раванди миллатшавии комили тоҷик ҳастем…
– Русия, Эрон – ҳар яке манфиати худро доштанд. Кадомашон воқеан мехост тоҷикон ба сулҳ расанд, кадомашон танҳо нақш мебозиданд?
– Ҳамаашон, аз ҷумла Ӯзбекистон, пас аз он ки диданд, роҳи ягона дар сулҳ ва оштии миллӣ аст, ба раванди сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон мусоидат намуданд ва СММ ба он сарпарастӣ кард.
– Пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ дар Маскав аввалин чизе ки ба хотиратон расид, чӣ буд?
– Ман ба ҳайси узви Комиссияи муштараки оташбас дар Тоҷикистон, аз соли 1996 дар миёни оташу хун дар дохили Тоҷикистон будам. Бино бар ин, баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон шукрона кардам, ки ба кишварамон фазои сулҳу оштӣ баргашт.
– Магар ҳама ҷанг танҳо барои тақсими курсӣ ва қудрат набуд?
– На, ин тавр шарҳу тафсир додани моҳияти ҳодисаҳои бисёр мураккаби солҳои 90-ум дар Тоҷикистон аслан дуруст нест, як назари зоҳирист.
– Шумо дар замони ҷанг дар ҷабҳаи дигар будед, баъд солҳо дар ҳукумат кор кардед. Дар кадом ҷабҳа тавонистед “худӣ” шаведу дар куҷо не?
– Вазъият инро талаб мекард ва ман ба тақозои замона амал кардам. Барои ман ҳамаи ҷабҳаҳо “худӣ” буд. Ду далел меорам барои қонеъ намудани шумо. Вақте ки ҷонишини вазири корҳои хориҷӣ будам, синнам ба нафақа расид, раисҷумҳури кишвар аз тариқи телефон гуфтанд, ки “Абдунабӣ ду соли дигар кор мекунӣ ва баъд бо вазир Талбак Назаров баробар ба нафақа мебароӣ” ва ду соли дигар – то соли 2006 кор кардам. Далели дигар он аст, ки аз нафақа баромаданам як моҳ нагузашта буд, ки президент дар як маҷлисе дар Кохи Ваҳдат бароям гуфтанд, ки ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон ба кор меравӣ. Ва банда 6 соли дигар вазифаи сардори Раёсати сиёсати хориҷӣ ва робитаҳои иқтисоддии беруна будам. Агар маро бегона мешумориданд, чунин муносибат намекарданд.
– Насиҳати Шумо барои насле, ки он ҷанги бародаркушро надиданд, чист?
– Сабақҳои онро нағзакак омӯзанд ва аз он ибрат гиранд, то мардуми моро ҳеч қуввате ва қудрате барои баровардани манфиатҳои худ дигар нафиребад ва ба ҷанг накашад.
Фароварди гуфтугӯ
– Шумо 7 ҷилди “Баргузидаи навиштаҳо”-ро тартиб додед: мухтасар ин баргузидаҳоро муаррифӣ мекунед? Ва он идома меёбад ё на?
– Аз 7 ҷилд то имрӯз 5-тояш чоп шудааст. Ҷилдҳои 6 ва 7 аз соли 2021 то ҳол дар дасти сохторҳои АМИТ аст ва мунтазири нашр мебошад. Умед мекунам, ки то охири 85-солагии банда ба нашр хоҳанд расид. Дар мавриди “Баргузидаи навиштаҳо” танҳо як нуктаро таъкид карданӣ ҳастам, ки ҳамаашон дар заминаи адабиёт ва забон ҳастанд. Навиштаҳоям дар сиёсат, фарҳанг, дин ва ғайра ба ин 7 ҷилд дохил нестанд. Дар ҳамин рӯзҳо нашри дуюми китобам бо номи “Актуальные проблемы внешней политики Таджикистана”-ро Донишгоҳи миллӣ ба табъ расонд.
– Баргузидаи ашъори устод Лоиқро таҳия доштед: он чӣ шуд?
– Дар фикри анҷом доданаш ҳастам.
– Шахсан ба ашъори кадом шоир дил бастаед ва онро зиёд медонеду мехонед?
– Ман, ки пешаи адабиётшиносӣ ва нақдро интихоб намудаам, номи шоироне, ки дӯсташон медорам, бо зикри як ду ном ба охир намерасад.
– Аз байни ҳамаи дӯстону ҳамкорону ҳамовардону ҳамкасбонатон ба Шумо кӣ бештар таъсир расонд?
– Устод Лоиқ ва ёронаш.
– Коре буд, ки гуфтед: “Кошки инро ман карда будам”?
– Хеле зиёданд… Кӯшиш дорам, ки онҳоро иҷро намоям.
– Агар 85 солро дар як ҷумла, як байт ё як андеша хулоса кунед, чӣ мебуд?
– Бо андак густохӣ ва дахл ба шоҳбайти Саъдии бузургвор метавон гуфт:
Эй, ки ҳаштод рафту дар хобӣ,
Магар ин ҳаштрӯза дарёбӣ…





