Тақрибан 2,8 млн кас дар як сол. Соли гузашта чанд тоҷикистонӣ бо чӣ ҳадаф ба Ӯзбекистон рафтаанд?

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Соли гузашта беш аз 2 млн 780 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо мақсади саёҳат, табобату таҳсил ва тиҷорат ба Ӯзбекистон рафтаанд, ки 2 млн 700 ҳазори он сайёҳ мебошанд. Дар ин бора Кумитаи омори Ӯзбекистон гузориш додааст. Ба иттилои манбаъ, дар соли 2025 ба Ӯзбекистон дар маҷмӯъ 11,7 миллион сайёҳ ворид шуда, тоҷикистониён бо 2,7 миллион баъди […]

Соли гузашта беш аз 2 млн 780 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо мақсади саёҳат, табобату таҳсил ва тиҷорат ба Ӯзбекистон рафтаанд, ки 2 млн 700 ҳазори он сайёҳ мебошанд. Дар ин бора Кумитаи омори Ӯзбекистон гузориш додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар соли 2025 ба Ӯзбекистон дар маҷмӯъ 11,7 миллион сайёҳ ворид шуда, тоҷикистониён бо 2,7 миллион баъди Қирғизистон (3,3 млн) дар зинаи дуюм қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, соли гузашта 1 миллиону 117 ҳазору 800 шаҳрванди Ӯзбекистон ҳамчун сайёҳ вориди Тоҷикистон шудаанд. Ин теъдод беш аз 50% сайёҳони давоми сол ба Тоҷикистон омадаро фаро мегирад. Вале Оҷонсии омори Ӯзбекистон мегӯяд, соли гузашта 1,3 ӯзбекистонӣ ба ҳайси сайёҳ ба Тоҷикистон омдаанд.

 

Барои табобат, таҳсил ва тиҷорат

Тавре мақомоти Ӯзбекистон иттилоъ медиҳанд, теъдоди тоҷикистониёне, ки соли гузашта барои табобат ба Ӯзбекистон рафтаанд, 59 ҳазору 145 нафар аст. Ин ниҳод мегӯяд, соли гузашта аз ҳама бештар ба ин кишвар шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади муолиҷа рафтаанд. Соли 2025 ба Ӯзбекистон ҳамагӣ 86 ҳазору 199 нафар барои табобат рафтаанд.

Манбаъ менависад, ки соли 2025-ум барои таҳсил ба ин кишвар 2 ҳазору 904 тоҷикистонӣ рафтаанд. Ба иттилои ин ниҳод, Тоҷикистон миёни кишварҳое, ки шаҳрвандонашон бештар барои таҳсил ба ин кишвар рафтаанд, пас аз Ҳиндустон (17 241 донишҷӯ) ва Туркманистон ( 9 349 донишҷӯ) дар ҷои сеюм қарор гирифтааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст

Ҳамчунин, ниҳоди мазкур чанде пеш хабар дода буд, ки Тоҷикистон дар байни давлатҳое, ки теъдоди зиёди донишҷӯёни ӯзбекистонӣ дар мактабҳои олияш таҳсил мекунанд, пас аз Русия ҷои дуюмро касб кардааст. Ҳоло дар мактабҳои олии Тоҷикистон 6 ҳазору 39 донишҷӯи ӯзбекистонӣ таҳсил мекунанд.

Барои тиҷорат бошад, давоми як соли гузашта ба Ӯзбекистон 17 ҳазору 962 шаҳрванди Тоҷикистон сафар кардааст. Тоҷикистониён баъди шаҳрвандони Афғонистон (415 577) аз ҳама зиёд чун тоҷир вориди ин кишвар шудаанд. Соли 2025 ба Ӯзбекистон дар умум 446 ҳазору 800 нафар барои тиҷорат сафар карда буданд.

Бояд гуфт, баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон ва сафари давлатии ӯ дар соли 2018 ба Тоҷикистону имзои санадҳои нави ҳамкорӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон муносибатҳои байни ду кишвари ҳамсоя беҳ ва марзҳо боз шуданд. Аз он ба баъд, муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорат, сайёҳӣ, иҷтимоъ ва иқтисод низ бамаротиб рушд карда, ҳамасола ҳазорҳо сокинон ба кишварҳои ҳамдигар бо ҳадаафҳои гуногун сафар мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.