Интизор меравад, ки ҳукми гумонбарони ҳамла ба толори консертии “Крокус”-и Маскав рӯзи 12-уми марти имсол дар ҳузури расонаҳо ва мардум эълон шавад. Дар ин бора Даниел Готйе, вакили дифоъи ҷабрдидагон ба хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст.
Манбаъ менависад, муҳокимаи додгоҳӣ дар бинои Додгоҳи шаҳри Маскав доир шуда, соати 11:00 оғоз ва ҳукм ба шакли кушода эълон мешавад.
Ба иттилои манбаъ, намояндаи Додситонии кулли Русия нисбати 15 гумонбар ҳабси абад ва 4 тани дигар аз 19 солу 11 моҳ то 22 сол ҷазои зиндон талаб кардааст.
Ҳамчунин, айбдоркунандаи давлатӣ хостааст, хешовандони Фаридуни Шамсидин, яке аз гумонбарон аз Тоҷикистон, ки аз гумонбарони асосӣ аст, аз шаҳрвандии Русия маҳрум шаванд.
Ба қавли манбаъ, Додситонӣ инчунин талаб кардааст, ки Алишер Қосимов, соҳиби манзиле, ки чор гумонбари асосии ҳамла пеш аз ҳодиса онҷо зиндагӣ мекарданд, аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва худи манзил ба фоидаи давлат мусодира шавад.
Манбаъ менависад, номи ҳамаи 19 гумонбар ба рӯйхати террористон дар Русия ворид карда шудааст. Аксари гумонбарон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар вилояти Маскав рӯзи 22-юми марти соли 2024 сурат гирифта, бар асари он 146 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 нафар осеб диданд. Гумонбарони асосии парванда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд: Далерҷон Мирзоев, Саидакрами Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов.
Тафтишоти ин ҳодиса 4 августи соли 2025 оғоз шуда, қариб ду сол инҷониб аз ҷониби Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ғарбии №2 ҳафтае се навбат пушти дарҳои баста ҷараён дорад. Моҳи гузашта Людмила Айвар, вакили дифои ҷабрдидагони ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар канораи Маскав гуфта буд, барои гумонбарони ин ҳамла ҷазои сахттарин ва ҳабси абад талаб мекунад.
Ӯ афзуда буд, “дар ҷараёни музокироти додгоҳӣ дар доираи муҷозоте, ки қонун пешбинӣ мекунад, ба ҳамлагарони мустақим, инчунин дигар афроди марбут ба ин амали террористӣ ба таъини ҷазои ҳарчи сахттар ва одилона – то ҳабси якумрӣ пофишорӣ хоҳем кард”.
Пештар хабаргузории ТАСС аз қавли вакили дифои ҷабрдидагон гуфта буд, ки Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов ва Саидакрам Раҷабализода дар мурофиаи аввали додгоҳӣ "ба гуноҳашон иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ карданд".
Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.
Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ва бо гузашти як сол чӣ тағйирот дар он сурат гирифт, дар ин пайванд хонед.



