Моҳи гузашта дар Осиёи Марказӣ ҳавои рекордӣ ба қайд гирифта шуд, ки буҳрони рӯзафзуни иқлимиро тасдиқ мекунад. Ҳарорат дар ҳамаи кишварҳои минтақа аз меъёрҳои мавсимӣ зиёд шуд. Гармии ғайримуқаррарӣ ва камбуди об, бахши кишоварзӣ ва сохтори таъминот бо обро зери хавф гузошт.
Рекорди ҳарорати ҳаво дар моҳи феврал дар пойтахти кишварҳои Осиёи Марказӣ
Аз ҷумла, моҳи феврали соли равон дар Душанбе ҳарорати рекордӣ ба қайд гирифта шуд. Ҳарорати миёнаи воқеии моҳ 10,8 дараҷаро ташкил дод, ки 5,8 дараҷа зиёдтар аз меъёр аст (меъёр барои моҳи феврал – 5 дараҷа).
Ҳарорати рекордӣ дар дигар кишварҳои минтақа низ сабт шуданд. Дар Туркманистон ҳарорат то 33,4 дараҷа расид, ки рекорди мутлақ барои ин моҳ шуморида мешавад.
Бино ба иттилои идораи ҳавошиносии Қазоқистон, 19-уми феврали соли 2026 дар Алмато ҳарорати +22,8 ба қайд гирифта шуд, ки рекорди нав барои моҳи феврал мебошад.
Ҳавои моҳи феврали соли 2026 дар Бишкеки Қирғизистон ҳам рекорди нав гузошт. Ҳарорати миёнаи моҳона +6 дараҷаро ташкил дод, ки 6,5 дараҷа болотар аз меъёр аст. Рӯзи 19-уми феврал дар шаҳр ҳарорат то ҳадди ниҳоии +22,9 дараҷа гарм шуд.
Дар Ӯзбекистон рӯзҳои 19-20-уми феврал ҳарорат дар ҳудуди 20-25 дараҷа қарор дошт, ки барои нимаи фасли баҳор хос аст.
Пешгӯӣ ва оқибатҳои гармии сартосарӣ дар Осиёи Марказӣ
Ин рекордҳо, хулосаҳои гузориши “Иқлими сайёра: далел, пешгӯӣ ва роҳҳои ҳал дар шароити буҳрони рӯзафзун”-ро тасдиқ мекунанд. Дар он пешгӯӣ шудааст, ки соли 2026 дар муқоиса бо ҳарорати сатҳи то индустриалӣ, гармии сартосарӣ рекорд 1,4 дараҷа болотар мешавад. Пешгӯиҳои болоравии ҳарорат дар Осиёи Марказӣ аз интизориҳо тезтар амалӣ ва оқибатҳояшон ба низоми экологӣ ва одамон ҳарчи бештар возеҳу аёнтар мешаванд.
Дар гузориш доир ба буҳрони иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ ба якчанд мушкили калидӣ таваҷҷуҳ шудааст, ки ба минтақа таъсири назаррас доранд. Соли 2025 дар ҳамаи кишварҳои минтақа ҳароратҳои нави рекордии 2-3 дараҷа зиёдтар аз меъёр ба қайд гирифта шуданд, ки хеле зиёд аз меъёри иқлимӣ аст.
Хавфҳо ба бахши кишоварзии Осиёи Марказӣ
Мувофиқи маълумоти гузориши “Иқлими сайёра: далел, пешгӯӣ ва роҳҳои ҳал дар шароити буҳрони рӯзафзун”, дар шароити гармшавии сартосарӣ (глобалӣ) хушксолиҳо ҳарчи зиёдтар ва босуръат шуда, ба бахши кишоварзӣ ва сохтори таъминот бо об хавфу хатарҳо эҷод мекунанд.
"Болоравии ҳарорат дар Осиёи Марказӣ ба падидаҳои ногаҳонии марбут ба ҳаво боис гардида, ба бад шудани шароитҳо дар бахши кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ оварда мерасонанд. Тағйирёбии иқлим равандаҳои табииро халалдор намуда, ба кишоварзӣ, бахусус дар кишварҳое чун Тоҷикистон, ки бахши кишоварзӣ ба захираҳои об барои обёрӣ сахт вобаста аст, таъсири манфӣ мерасонанд. Ин хавфҳо тадбирҳо таъҷилӣ дар бораи мутобиқат, беҳбуди идоркунии захираҳои об ва ҷорисозии технологияҳои устувори кишоварзиро дар минатқа тақозо мекунанд", -омадаатс дар гузориш.

Тавсияҳо ба Тоҷикистон дар робита ба иқлим
Дар гузориш бо назардошти буҳрони рӯзафзуни иқлимӣ дар робита ба иқлим тавсияҳо дода мешаванд. Аз ҷумла, барои Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои минтақа чунин тавсияҳо додааст:
Мутобиқат ба ҳароратҳои ғайримуқаррарӣ. Соли 2025 дар Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳароратҳои рекордӣ ба қайд гирифта шуда, он дар ноҳияҳои кӯҳӣ 3 дараҷа зиёдтар аз меъёр буд. Ин аҳамияти таҳияи стратегияҳои мутобиқат барои бахши кишоварзӣ, идоракунии захираҳои табиӣ ва омодагӣ ба хушксолиҳоро таъкид месозад.
Идоракунии захираҳои табиӣ. Дар минтақа хавфҳои ҷиддии марбут ба камбуди об, бахусус дар ноҳияҳои кӯҳӣ, ки дар онҳо танҳо 41%-и аҳолӣ ба оби нӯшокии бехатар дастрасӣ доранд, ба мушоҳида мерасад. Ин истифодаи бештар пурсамари захираҳои об ва ҷорисозии тарзу усулҳои устувори таъминот бо обро талаб мекунад.
Беҳбуди устувории бахши кишоварзӣ, дар шароити тағйирёбии иқлим ва хушксолиҳои ғайримуқарррарӣ муҳим мешавад. Барои ин беҳтар кардани низомҳои кишоварзии минтақа бо истифода аз навъҳои ба хушкӣ тобовари зироатҳо, беҳбуди технологияҳои обёрӣ ва истифодаи партовҳои кишоварзӣ ба сифати захира зарур аст. Ин тадбирҳо ба сабук кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим кумак карда, Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ба таҳдиду хавфҳои ояндаи иқлим омода мекунанд.



