ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2002 – Дар шаҳри Маскав шумораи аввали рӯзномаи “Чархи гардун” нашр шуд.
Соли 2012 – Дар Маскав Низомхон Ҷӯраев, соҳибкори тоҷик боздошт гардид.
Соли 2013 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 70 низомии собиқро, ки дар маҳбас қарор доштанд, авф намуд.
Соли 2013 – Вакилони парлумон тарҳи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”-ро ҷонибдорӣ карданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1928 – Мавлуди Расул Ҳодизода, адабиётшинос ва тарҷумони тоҷик.

Расул Ҳодизода яке аз донишмандон ва муҳаққиқони варзидаи адабиёти тоҷики асрҳои миёна ва нав аст, ки осори зиёде дар бораи таърихи адабиёти тоҷик ва шахсиятҳои барҷастаи он таълиф кардааст.
Ӯ аз ибтидои фаъолият ба таҳқиқи адабиёт машғул шудааст. Фаъолияти ӯ ба рушди илми адабиётшиносии муосири тоҷик дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Институти шарқшиносӣ ва осори хаттии АИ Тоҷикистон сахт пайваст буд. Аҳли адаби тоҷик ӯро ҳамчун олими пурмаҳсул, пухтакор ва ҳақиқатҷӯ мешиносанд.
Номбурда муддате раёсати “Анҷумани Иқбол”-ро ба уҳда дошт ва ҳамчунни раиси Бунёди Рӯдакӣ буд.
Ӯ муаллифи асарҳои арзишманде чун “Аҳмади Дониш”, “Баъзе масъалаҳои омӯхтани таърихи адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри XIX”, “Рӯдакӣ ва шоирони ҳамзамони ӯ”, “Ситорае дар тирашаб” буда, чандин асарҳои маъруфи ҷаҳониро тарҷума кардааст.
Расул Ҳодизода 4-уми апрели соли 2010 дар 82-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.
Соли 1939 – Мавлуди Одина Мирак, рӯзноманигор ва шоири тоҷик.
Соли 1970 – Мавлуди Парвин Юсуфӣ, сароянда эстрадаи тоҷик.
Парвин Юсуфӣ яке аз сарояндагони шуҳратёри тоҷик буда, бо садои ҷаззоб ва истеъдоди нодири худ дар саҳнаи мусиқии тоҷик шӯҳрат касб кардааст. Ӯ Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон буда, бо таронаҳои маъруфаш, аз ҷумла “Гиря мекунам” ва “Ман ғам намехӯрам” дар байни мардум маҳбубият пайдо кардааст. Парвин Юсуфӣ дар гурӯҳҳои гуногун, аз ҷумла “Интерклуб” ва “Пайкар” фаъолияти эҷодӣ доштааст.
Соли 1994 – Зодрӯзи Ҷаҳонгир Эргашев, футболбози тоҷик.
Соли 2021 – Раҳмондӯсти Қурбониён, ҳунарпешаи театр ва синамо, коргардон ва ҳаҷвнигори саршиноси тоҷик дар 76-солагӣ аз олам даргузашт.

Раҳмондӯсти Қурбониён яке аз чеҳраҳои дурахшони театр ва синамои тоҷик буда, ҳанӯз соли 1962 дар филми Кимёгаров – “Коваи оҳангар” нақши нахустини худро иҷро кардааст. Нақшҳои офаридаи Раҳмондӯсти Қурбониён дар филмҳои “Братан”, “Қош ба қош”- и Бахтиёр Худойназаров, “Ситораҳои сари танӯр”- и Сайф Раҳимзоди Афардӣ, “Баҳори як кӯча”- и Саидҷон Қодирӣ аз нақшҳои мондагори синамои тоҷиканд.
Ӯ дар дастаи фолклорӣ-этнографии “Ганҷина”, ки дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон бо роҳбарии Зафар Нозимов – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, маъруф буд, ба вазифаи коргардон фаъолият намуда, солҳои гуногун дар Театри намунавии минётураи “Оина”, дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радио ва дастаи “Наврӯз” ҳамчун ҳунарманд ва коргардон фаъолият кардааст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз дар аксар кишварҳо Рӯзи байналмилалии дандонпизишкон таҷлил мегардад. Дар аввал ин ҷашн танҳо дар ИМА ҳамчун ҷашни касбӣ қайд мешуд, аммо бо гузашти солҳо ин анъана берун аз ҳудуди Амрико паҳн гардид.

Имрӯз, инчунин Рӯзи ихтирои аспирин аст. 6 марти соли 1899 кимиёгари олмонӣ Феликс Ҳоффман, ки корманди ширкати “Bayer” буд, барои ин дору иҷозатнома (патент) гирифт. Ӯ ҳангоми ҷустуҷӯи роҳи коҳиш додани таъсири манфии доруҳо барои падари бемораш, ки аз дарди сахти буғумҳо ранҷ мебурд, кислотаи атсетилсалитсилӣ ихтироъ кард. Ин модда дард ва табро коҳиш дода, ба меъда камтар зарар мерасонд.

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо глаукома низ таҷлил карда мешавад. Глаукома як бемории музмини чашм аст, ки бо афзоиши фишори дохили чашм ва осеби асаби босира (оптикӣ) тавсиф мешавад. Ин ҳолат метавонад тадриҷан боиси коҳиши қувваи биноӣ ва ҳатто пурра нобиноӣ гардад.

Аз соли 2008 инҷониб бо ташаббуси Ассотсиатсияи ҷаҳонии мубориза бо глаукома ва Ассотсиатсияи ҷаҳонии беморони гирифтори глаукома, ин рӯз бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи ин беморӣ таҷлил мегардад. Дар ҷаҳон беш аз 100 миллион нафар аз глаукома азият мекашанд. Ин беморӣ метавонад дар ҳар синну сол пайдо шавад, аммо хатар барои ашхоси аз 50-сола боло бештар аст. Ҳар як шахси панҷум, ки аз нобиноӣ ранҷ мебарад, маҳз ба сабаби глаукома биноияшро аз даст додааст.
6 марти соли 1930 дар шаҳри Спрингфилд аввалин маротиба маҳсулоти яхкардашуда ба фурӯш баромад.

Ин рӯйдод як пешрафти бузург дар соҳаи консервакунии озуқаворӣ буд. Имрӯз усулҳои муосири яхкунӣ имкон медиҳанд, ки хӯрок арзишҳои ғизоии худро нигоҳ дорад. Маҳсулоти зудвайроншаванда, ба монанди моҳӣ, гӯшт, мева ва сабзавот, дар наздикии хоҷагиҳои кишоварзӣ дар фабрикаҳои махсус коркард, бастабандӣ ва то -60°С ях кунонида мешаванд.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо рӯзона асосан бебориш (0,0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 10+15º гарм, дар водиҳо шабона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 3+8º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 8+13º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар ғарби вилоят шабона 1+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 9+11º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар буда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 4+6º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 10+12º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 3+5º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 6 ба 7-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.



