“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон, то шоми 6-уми март 288 шаҳрванди Тоҷикистон тариқи марзи Туркманистон ва Озарбойҷон ба Ватан баргаштанд. “Азия-Плюс” бо чанде аз онҳо сӯҳбат кард ва аз вазъи Эрону роҳи тайкардаи онҳо то ба Тоҷикистон пурсид. 

Аксари онҳо барои табобат ба Эрон рафта буданд, вале вазъи мавҷуда онҳоро маҷбур кард, ки табобатро ба охир нарасонида, ин кишварро тарк кунанд.

 

“Худро бесоҳиб эҳсос накардем”

Раҳматулло Раҳматуллоев, сокини Душанбе яке аз онҳое аст, ки рӯзи 4-уми феврал тавассути сарҳади Туркманистон аз Эрон ба Ватан баргашт. Ӯ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, барои табобати фарзандаш ба шаҳри Машҳади Эрон рафта буд ва рӯзи 10-уми март барои бозгашт чипта дошт. Аммо дар пайи лағви парвозҳо ва тавсияи сафорати Тоҷикистон дар хусуси тарки Эрон, барои ба Ватан баргаштан дархост дод.  

“Аз сафорат гуфтанд, рӯзи 3-юми март дар назди марзи Эрон бо Турманистон ҳозир шавед. Мо соати 12-и ҳамон рӯз ба марз рафтем ва соати 14 – баъди нисфирӯзӣ вориди Турманистон шудем. Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон моро хуб қабул карданд ва барои ифтор низ шароит фароҳам оварданд. Дар ин муддат онҳо корҳои расмиятиро иҷро намуда, автобус омода карданд. Кормандони сафорат то марзи Ӯзбекистон моро ҳамроҳӣ карданд ва дар чунин вазъ худро бесоҳиб эҳсос накардем”,-нақл кард номбурда.

 

“Беморон дар роҳ ранҷ кашиданд”

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар муддати 12 соат аз Туркманистон то ба Ӯзбекистон расиданд, вале ба қавли ӯ, “дар ин кишвар намояндагии сафорати Тоҷикистон ба онҳо кӯмак накардаанд” ва баъди назорату тафтиши тӯлонии мақомоти Ӯзбекистон, мустақилона ба ватан баргаштаанд.

“Мо тахминан 33 нафар будем ва аксарият занон ва беморон буданд, ки дар роҳ ранҷ кашиданд. Дар марзи Ӯзбекистон бештар аз як соат назорати ҳуҷҷатҳо идома кард. Аввал гурӯҳи занҳоро тавассути “таксӣ” ба ватан равон карда, баъдан худамон низ “таксӣ” киро кардем. Тавассути роҳи Бухоро ва шаҳри Турсунзода, тахминан соати 19-и шоми рӯзи 4-уми март вориди Тоҷикистон шудем”, – гуфт Раҳматуллоев.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, замоне ки дар шаҳри Машҳади Эрон қарор доштанд, дар ин шаҳр даргирӣ ё ҳамлае сурат нагирифта буд. Аммо бо ноором шудани вазъ дар шаҳрҳои ҳамсоя, дар ҳоле ки табобати фарзандаш ба итмом нарасида буд, маҷбур шуд Эронро тарк кунад.

“Инҷо маризон бисёр буданд ва баъди оғози ҷанг нигарон шуданд. Ҳамаи беморон аз тарси ҷони худ маҷбур шуданд, ба Ватан баргарданд. Умедвори ором шудани вазъ дар Эрон ҳастем, то тавонем дигарбора барои идомаи табобат ба ин кишвар равем”, – афзуд номбурда.

 

“Духтари маризамро гирифта, маҷбур баргаштам”

Сафармоҳ Саидова, мусофири дигари ин гурӯҳ низ баъди оғози ҷанг ва ноором шудани вазъ маҷбур шуд, духтари маризашро, ки ҳанӯз муҳлати зиёде аз ҷарроҳиаш нагузаштааст, тавассути марзи Туркманистон ба Ватан биёрад.

Ӯ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, байни нафароне, ки бо онҳо баргаштанд, беморони гирифтори саратон, дарди гурда зиёд буданд ва ҳанӯз табобаташон ба анҷом нарасида, маҷбур шуданд дар шароити душвор ба Тоҷикистон баргарданд. 

“Табобат нимкора маҷбур шудем, баргардем. Гуфтанд, ки шояд даргириҳо шадидтар шаванд, аз ин рӯ бо тавсияи сафорат аз Эрон берун шудем. Чашми духтарамро ҷарроҳӣ карданд, бахияҳо (куки ҷарроҳӣ)-и чашмашро ҳоло наканда будем. Духтурони тоҷик ҳастанд, вале табиби эроние, ки ҷарроҳӣ кард, иҷозат надод дар инҷо бахияҳояшро гиранд. Акнун маҷбурем дубора ба Эрон баргардем, чун баъди оғози ҷанг ҳатто ҷавобҳои ташхиси духтарамро нагирифтаем”, – таъкид кард мусофири тоҷик.

 

“Диламон ба Эрон месӯзад”

Ин шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 17-уми феврал барои табобати духтараш ба шаҳри Машҳади Эрон рафта буд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон

Нақл мекунад, ки дар Машҳад садои таркишро шунид, аммо аз наздик надидааст.

“Гуфтанд, ҳудуди фурудгоҳи ин шаҳрро задаанд, ки он аз меҳмонхонае, ки мо қарор доштем, дур буд. Дигар ягон тағйирот набуд, назди духтур мерафтем ва дар меҳмонхона меистодем.

Умедворам ҳарчи зудтар оромиву тинҷӣ ба Эрон баргардад, мардуми ин кишвар мо тоҷиконро хеле дастгирӣ карданд. Дили ҳамаи мо тоҷикон барои мардуми Эрон месӯзад”, – гуфт Саидова.

 

“Садои таркишро шунидем, вале осеб надидем”

Беҳрӯз, як шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҳам рӯзи 4-уми март аз Теҳрон тавассути марзи Озарбойҷон ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ шабу рӯзи оғози ҳамлаҳои низомӣ дар пойтахти Эрон буд ва садои таркишро дар ин шаҳр шунидааст. Ӯ табиб аст.

“Бо ман ягон мушкил ё иттифоқе рух надод ва аз сафорат занг зада, номнавис карданд. Кормандони сафорат аз Теҳрон то шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҳамроҳӣ намуда, ҳамаҷониба кӯмак расониданд. Аз ҷумла, барои гирифтани иҷозатҳои зарурӣ, убури сарҳад ва сафар аз Теҳрон ба самти Боку мусоидат карданд”, – гуфт Беҳрӯз.

Ёдрас мешавем, шанбеи 28-уми феврал Амрико ва Исроил ба шаҳрҳои Теҳрон, Исфаҳон, Қум, Караҷ ва Кирмоншоҳ – шаҳрҳои муҳими Эрон ҳамлаи мусаллаҳона карданд.

Артиши Эрон дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба зад. Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳороти худ ошкоро изҳор доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Ҷумҳурии Исломӣ дар посух таъкид кард, ки ба ҳар гуна таҷовуз посухи сазовор ва қотеъ хоҳад дод. Ҳоло ҳамлаҳои тарафҳо идома дорад. Вазъият печида ва ташвишовар боқӣ мемонад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Бомбборону куштори чанд фармондеҳ поёни ҷанг нест ва Эрон омодаи ҷанги давомдор аст”.

Тибқи иттилои ВКХ, то шоми 6-уми март, 116 шаҳрванди кишвар тавассути марзи Туркманистон ва 172 тани дигар тариқи марзи Озарбойҷон аз Эрон берун шуда, ба Тоҷикистон омадаанд.

Қаблан, дар рӯзи дуввуми ҷанг, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфта буд, ки дар Эрон ҳудуди 300 шаҳрванди Тоҷикистон қарор дошта, онҳо асосан барои тиҷорат ва табобату сайёҳат ба ин кишвар омадаанд. Он замон сафир гуфта буд, ки 200 кас дасрхости бозгашт ба Ватан додаанд. Ҳоло маълум нест, ки шумораи онҳо ба чанд расидааст.

Дар пайи нооромиҳо ва баста шудани ҳарифи ҳавоии Эрон, ширкати “Сомон Эйр” эълон карда буд, ки маҷбур аст, парвозҳои худро дар масири Душанбе-Теҳрон то 31-уми март боздорад.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз мураккабтарин низомҳои сиёсиро дорад, ки дар он дин ва демократия бо ҳам омехта шудаанд. Бисёре аз таҳлилгарон ин сохторро сахт...

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.